Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем, яъне масъалаи озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Ба муносибати 28-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати кишоварзӣ ҳамоиши тантанавӣ доир гардид!

23.02.2021
Сухани ифтитоҳиро Муовини вазир Мирзозода М. оғоз намуда, аз номи Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода С.Р. ҳамаи кормандони дастгоҳи марказӣ ва дар шахсияти онҳо кулли сокинони мамлакатро ба муносибати 28-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон , ки ҳамасола 23-юми феврал таҷлил мегардад, табрик намуданд.
Таъкид намуданд, ки Артиши миллӣ барои Тоҷикистони соҳибистиқлол воқеан як бахши ниҳоят муҳими давлатдорӣ ва асоси пойдориву мавҷудияти миллати куҳанбунёди мо дар арсаи байналмилалӣ буда, саҳмгузорӣ ба рушди он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди ватандӯсту ватанпарвари кишварамон мебошад.
Мавриди зикр аст, ки Артиши миллии мо дар марҳилаи ба тақдири мамлакат ва истиқлолияти он хатари марговар таҳдид намудан, ба навбунёдии хеш нигоҳ накарда, тавонист барои барқарор сохтани сулҳу оромӣ, бехатарии марзҳои кишвар талош намояд. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Пайёми ҳамасола таъкид менамояд, ки воқеоту таҳавулоти ҷаҳони муосир ҳар яки моро хушдор медиҳад, то зиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ ва муқаддас доштану ҳифз намудани арзишҳои Истиқлолияти давлатиро сармашқи кори хеш созем.
Сипас, сухани табрикоти ба Муовини вазир Зеваршоӣ З., Сармутахассиси шуъбаи матбуот ва иттилоот Сафарзода С. дода шуд, ки онҳо аз марҳилаҳои бунёди Артиши миллӣ ба ҳозирин маърӯза намуданд.
Дар фарҷоми ҳамоиши тантанавӣ аз фурсати муносиб истифода намуда, ҳамаи ҳозиринро ба муносибати 28-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, барояшон тансиҳатӣ, оромӣ хушбахтӣ таманно намуданд.
 
Шуъбаи матбуот ва иттилооти
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Возможно, это изображение (22 человека, люди стоят, люди сидят и в помещении)
Возможно, это изображение (1 человек и сидит)
Возможно, это изображение (1 человек, сидит и костюм)
Возможно, это изображение (1 человек, стоит и в помещении)

Илова кунед: