Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Бадахшон порае аз қисми ҷудонашавандаи Тоҷикистони соҳибистиқлол аст.

26.05.2022

Давоми чанд рӯз аст, ки оид ба вазъи ноамн дар Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон хусусан маркази вилоят шаҳри Хоруғ мо кормандони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бетараф бошем.

Боиси зикр аст, ки имрӯз тамоми сокинони мамлакат таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бумбасти комуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат меҳнати содиқонаву софдилона намуда истодааем.

Маҳз таъмини амнияти озуқавории мамлакат аз самтҳои афзалиятноку стратегии сиёсати давлатии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, имрӯз кишоварзони мамлакат дар қатори даҳҳо сохторҳои давлатӣ - ташкилоту корхонаву муассисаҳо, бо фаъолияти ҳамарӯзаашон дар амалӣ намудан саҳми худро гузошта истодаанд.

Амалӣ гардидани ҳадафҳои мазкур маҳз аз сулҳу субот, тинҷиву оромӣ, якпорчагии мамлакат ва Истиқлолияту Ваҳдати комил сарчашма мегирад.

То имрӯз мушоҳида менамудем, ки гуруҳҳои ҷинияткору криминалӣ бо дасисаю найрангҳои баъзе қувваҳои беруна кӯшиш менамуд, ки вазъро дар ин гушаи биҳиштосои кишвар пайваста ноамн намояд. Он шахсони нотавонбину кӯрнамак, хоину ватанфурӯш ҳеҷ гоҳ барои давлату миллати худ содиқ набуда, бо амалу кирдорҳои зишт, ҷалб ва бероҳа намудани ҷавонони роҳгумзада, тӯҳмату бӯҳтон ва даъватҳои ғайриқонуниро амалӣ менамоянд. Мо бояд ҳамеша  ба муқобили ғаразҳои душманонаи хоинони миллат, ки таи чанд соли охир ба Ватани соҳибистиқлолу тамаддунофарамон, бо чашми бад менигаранду санги маломат мепардоянд, муборизаи беамон бурда, зиракии сиёсиву ҳисси бананди ватандорию хештаншиносии худро дучанд намуда,  намегузорем  то лаҳзае суботу оромии кишвари моро халалдор созанд.

Мутаассифона имрӯз душманону бадхоҳони давлати мо дар сомонаву шабакаҳои  иҷтимоии гуногун ин бетартибиро бисёр нодурусту бафоидаи худ шарҳ дода истода, ба ҳадафу мақсадҳои нопоки худ мехоҳанд оромии мардумро ноамн созанд. Аммо ба ғаразҳои хеш нахоҳанд расид.

Бори дигар, аз ҳар як сокини мамлакат ва хусусан падару модарон, ҷавонон ва сокинони Бадахшон даъват ба амал меоварем, ки нагузоранд худ ва фарзандон бозичаи дасти душманони миллат бошанд ва қурбони дасисаву нақшаҳои зиддимиллии душманон гарданд. Имрӯз тамоми шаҳрвандони мамлакати соҳибистиқлолу соҳибфарҳанги мо ҷонибдорӣ аз сулҳу субот ва ваҳдату ягонагӣ дар кишвар ва рушду пешрафти он мебошанд.

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Илова кунед: