Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Баргузории ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи Лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ”

15.06.2022

Санаи 15 июни соли 2022 ҷаласаи якуми Кумитаи роҳбарикунандаи Лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зиёзода Сулаймон, намояндаи Бонки умумҷаҳонӣ Теклу Тесфайе, намояндагии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олег Гучкелдиев ва дигар аъзоёни Кумитаи роҳбарикунанда иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар ҷаласа муаррифии директори Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ”, маълумот дар бораи рафти татбиқи лоиҳа, нақшаи корӣ ва буҷет барои соли 2022 мавриди муҳокимаронӣ қарор дода шуд.
Мақсади татбиқи лоиҳаи баланд бардоштани устувории кишоварзӣ таҳким бахшидани асосҳои устувории соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Баҳрагирандагони лоиҳаи мазкур ин хоҷагиҳои тухмипарварӣ ва ниҳолпарварӣ, хоҷагиҳои деҳқонии хурду миёна, содиркунандагони маҳсулоти кишоварзӣ ва ходимони илмии институтҳои гуногуни илмию татқиқотии соҳаи кишоварзӣ, намояндагони агентӣ ва мақомоти маҳалли ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои зерҳадаф мебошанд.
Лоиҳа аз қисматҳои устувор намудани системаи тухмипарварӣ, ниҳолпарварӣ ва маводҳои истеҳсолӣ, дастгирии сармоягузории Марказҳои агрологистикӣ барои занҷираҳои арзиши иловагии боғдорӣ, баланд бардоштани иқтидори ҷамъиятӣ барои пешгирӣ ва идоракунии бӯҳронҳо, идоракунӣ ва ҳамоҳангсозии лоиҳа иборат мебошад.
Лоиҳаи “Баланд бардоштани усувории кишоварзӣ” аз ҷониби Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти татбиқкунанда Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар давоми солҳои 2022-2027 дар саросари мамлакат татбиқ карда мешавад.
Шуъбаи матбуот ва иттилооти ВКҶТ

Илова кунед: