Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Баргузории ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

15.11.2021

 

 

     Санаи 15-уми ноябри соли 2021 дар толори маҷлисгоҳи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавии сатҳи балан бахшида ба Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

     Дар ҷаласаи мазкур Вазири кишоварзӣ муҳтарам Зиёзода Сулаймон Ризоӣ, Муовини якуми вазир  Каримзода С. Ғ,, муовинони вазир, сардорони раёсату шуъбаҳо ва кормандони дастгоҳи марказии вазорат иштирок намуданд.

      Ҷаласаи мазкурро Вазири кишоварзӣ Зиёзода С. Р.,кушода эълон намуда, ҳозиринро бо ҷашни Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният карда, баромади пурмўҳтаво намуд.

      Вазири кишоварзӣ  ҳангоми суханронаш  қайд намуд, ки маҳз ҳамин санаи таърихии тақдирсоз таҷлили Рўзи Президент дар баробари ибрози эҳтироми ҷомеа ба Президент, омили муҳими сарчашмаю муттаҳидии миллат низ мебошад.

      Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдоми намояндагони мардумӣ ба вазифаи Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон оғоз меёбад. Хусусан ин раванд аз соли 1994, баъди бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вусъат мегирад.

       Инчунин барои ҳамкориҳои байналмилалӣ ва 20-солагии таъсисёбии Созмони Ҳамкорихои Шанхай ба сардори Раёсати робитаҳои  байналмилалӣ, илм ва татбиқи дастовардҳои илмӣ Амонов Ф. Н.. ва сардори Раёсати сиёсати аграрӣ ва мониторинги амнияти озуқаворӣ Назаров Б. Ғ. медали ҷашнӣ аз ҷониби роҳбарият супорида шуд.

         Дар фарҷом филми мустанад бахшида ба ҷашни мазкур манзури иштирокчиён гардонида шуда,  Вазири кишоварзӣ  бори дигар ҳамагонро бо Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик карда, ба хизмати содиқона, шукронаи сулҳу суббот ва корнамоиҳои қаҳрамононаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  даъват намуд.

 

 Шуъбаи матбуот ва иттилоот

 

Илова кунед: