Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем, яъне масъалаи озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Баргузории нишасти матбуотии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

30.01.2022

      31-уми январи соли 2022 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур нишасти матбуотии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021»   баргузор гардид.

       Дар нишасти мазкур Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Каримзода Саъдӣ Ғафор, Муовини якуми вазир Мирзозода Музаффар Бурҳон, муовинони вазир Нигина Анварӣ ва Зеваршоӣ Зеваршо Тайғуншозода, Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Асозода Нуралӣ,  ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон Маҳмадёрзода Усмон, сардорони раёсат ва шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ,  сардорони зерсохторҳои вазорат ва 19 нафар намояндагони ВАО-и ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

         Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода С.Ғ. ҷаласаро оғоз намуда, ҳозиринро хайрамақдам гуфта, нишасти матбуотиро ифтитоҳ намуд.

         Сипас муовини вазир Нигина Анварӣ  «Натиҷаҳои фаъолияти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021»-ро ироа намуд.

         Дар нишасти мазкур   намояндагони ВАО аз ҷумла, Агентии милии иттилоотии Тоҷикистон "Ховар", рӯзномаҳои "Ҷумҳурият", “Народная газета”, “Азия - плюс”, ”Бонувони Тоҷикистон”, “Пайк”, “Фараж”,  "Садои мардум", маҷаллаи "Тоҷикистон", телевизионҳои "Синамо", "Сафина", "Телекомпания Мир",  радиоҳои "Садои Душанбе", “Радиои Тоҷикистон”, “Овози Тоҷик”, сомонаҳои "Авесто", "Спутник Тоҷикистон", "Маркази тадқиқоти журналистони Тоҷикистон" иштирок ва саволгузорӣ намуда, ба саволҳои худ аз ҷониби масъулин посухҳои мушаххас гирифтанд.

        Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оянда низ иттилоотонии аҳолиро боз ҳам беҳтар ба роҳ монда,  чораҳои зарурӣ меандешад.

 

  Шуъбаи матбуот ва иттилоот

 

Илова кунед: