Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем, яъне масъалаи озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Барои чӣ даруни помидори пухтарасида сафед мемонад.?

04.02.2021

Қисмати зиёди хоҷагидорон ва кишоварзони ҷумҳурӣ ҳамасола ҳангоми парвариши помидор аксар вақт ба мушкилотҳо дучор меоянд. Помидор дар байни дигар зироатҳо бисёр зироати нозук буда, нигоҳубини бодиққатро талаб мекунанд, иштибоҳ метавонад ба тамоми зироат зарар расонад. Яке аз сабабҳои пайдошавии асосии рагҳои сафеди дохилии помидор, ки ҳангоми буриши меваи он дар давраи пухтани меваи помидор ҳангоми парвариш ё хариди он аз бозор мушоҳида карда мешавад, ин касалии фитоплазмозии Столбур дар зироатҳои оилаи авранҷиҳо мебошад.

Фитоплазмози вирусии помидор - касалии хатарноки зироатҳои оилаи авранҷиҳо дар заминҳои кушод

Столбур ё фитоплазмоз (аз калимаи лотинии Tomato stolbur phytoplasma, Aster yellows phytoplasma) касалии хеле паҳншудаи зироатҳои оилаи авранҷиҳо (Solanaceae - помидор, қаламфур, картошка, бодинҷон) буда, бештар дар парвариши зироатҳои дар майдонҳои кушод парваришшаванда ва аҳёнан дар гармхонаҳо вомехўрад.

Манбаи сироятёбии он аз алафҳои бегона махсусан ангури сагак, раҳдавак, шири харак (коснӣ), зирк ба ҳисоб меравад.

Барангезандаи сироятии ин касалӣ - микоплазмаи вируси авранҷиҳо буда, ба хурдтарин организмҳои якҳуҷайравии фитоплазмавии беядро тааллуқ доранд ва макони ҷойгиршавии онҳо қабати байниҳуҷайравии бофтаҳои растанӣ буда, дар он ҷо афзоиш меёбанд.

Нет описания. 

Расми 1. Сироятёбии помидор дар давраи вегетатсия

Паҳнкунандагони ин касалӣ одатан ҳашаротҳои макканда мебошанд. Инҳо асосан сикадкаҳо аз ҷумла сикадкаи сабз (Cicadella viridis), ширинчаҳо, сафедболакҳо ва намудҳои гуногуни куяҳо низ метавонанд касалиро дар майдони зироати помидор ва оилаи авранҷиҳо паҳн намоянд. Динамикаи баландшавии сироятёбии касалии столбур бевосита аз шумораи ҳашаротҳо вобаста аст, чунки шумораи онҳо дар ҳавои гарм ва хушк босуръат меафзояд. Махсусан авҷи касалӣ дар ҳавои гарм ва хушки моҳҳои июл ва одатан нимаи дуюми август ба амал меояд. Аз ин сабаб, талафоти бештарини ҳосил дар охири мавсими тобистон дар заминҳои кушод, махсусан дар зироати помидор дар майдонҳои ҷумҳурӣ ба мушоҳида мерасанд.

Нет описания.

Расми 2.сикадкаи сабз (Cicadella viridis

Нет описания.

Расми 3. Сироятёбии меваи помидор аз барангезанда

Аз ҳама талафоти зиёди сироятёбии барангезанда дар зироати помидор дида мешавад. Растаниҳои ба касалӣ гирифторшуда бофтаҳои растанигии онҳо сахт гашта, миқдори таркибии моддаҳои хушк кам мешавад, ки дар натиҷа сифати молии меваи помидор паст гашта, истифодабарии он дар саноати коркард номумкин мегардад.

Нет описания.

Расми 4. Деформатсияи хушагулҳои помидор аз касалии Столбур

Дар натиҷаи сироятёбии помидор хушагулҳои он деформация шуда, дар баргҳо хлороз ба амал меояд. Онҳо аксар вақт ба боло печида, шакли киштиро мегиранд. Дар ин ҳолат, тағирёбии ранги растанӣ, чун қоида, аз қисми болоӣ оғоз меёбад ва сипас тадриҷан дар баробари поя ба баргҳои поён мегузарад. Зироатҳои сироятёфта одатан  сабзишашон суст шуда аз сабзиш мемонанд. Системаи решаи растаниҳои сироятёфта бо кафидагиҳо ва тарқишҳои хурд ва дохили бофтаҳои реша бо крахмал пур шуда сахт мегарданд ва ранги он низ тағйир ёфта ҳангоми андак қат намудан мешиканад янеъ зудшикананда мешавад. Дар натиҷаи ҷамъ шудани антоцианин (пигменти растанӣ), баргҳо ва пояи зироати помидор тадриҷан ранги бунафш пайдо мекунанд. гулҳо якҷоя шуда шакли зангӯларо мегиранд. Дар натиҷа хушагули помидор инкишофаш қатъ гардида ранги табиии худро гум карда, ранги  сабзи баланди антосианиро мегирад.

Нет описания.Нет описания.

Расми 5 гулҳои сироятёфта аз касалии столбур

Аз ин сабаб, гулҳои сироятёфта аз касалии столбур мева намедиҳанд. Бо вуҷуди он ки  тухмдон ташаккул ёбад ҳам, меваи помидор , хурд, пачақ, бемазза ва барои ғизо номувофиқ мешавад.Дохили помидори сироятёфта шакли тақсимкардашударо гирифта тухмбандиаш кам ё тамоман нест мешавад. бофтаҳои дохили он сахт шуда аз он моеи сафеди равшан зада мебарояд. Карбогидратҳо дар дохили помидор ба намуди селлюлоза мубаддал гардида, дохили помидор рагҳои пусташ сафедро бавуҷуд меоварад ,ки ин ҳамон сафедие дар помидор ҳангоми буридани он мушоҳида мешавад. мебошад.

Нет описания.Нет описания.

Расми 6. Нишонаҳои рагҳои пусташ сафедшудаи дохили помидор ҳангоми табдили карбогидратҳо ба селлюлоза.

Усулҳои агротехникии мубориза бар зидди ин касалӣ

Риояи қоидаҳои киштгардон ва ҷудо кардани қитъаҳои помидор аз дигар зироатҳои сабзавотӣ;

Сари вақт тоза намудани алафҳои бегона;

Парвариши навъҳои устувори помидор нсбати ин касалӣ тобовар;

Кишти ҳамҷояи помидор бо дигар намуди зироатҳои касалиҳои помидорро пешгирикунанда;

Саривақт андохтани нуриҳо дар  давраҳои нашъунамои растаниҳо.

Нет описания.

Расми 7. Препарати АКТАРА

Аз усулҳои химиявӣ дар давраи нав пайдошавии касалӣ истифодаи Препарати Актара, ки ҳам паҳнкунандагони касалӣ ва ҳам барангезандаҳои касалро пешгирӣ менамояд, истифодааш аз манфиат холӣ нест. Бояд дар хотир дошт, ки ҳанӯз ҳам роҳҳои муассири мубориза бо фитоплазмаи помидор пурра  вуҷуд надорад. Аз ин сабаб, бояд тамоми растаниҳои сироятии аз касалии Столбур  пайдошуда нобуд карда шаванд, то зироатҳои солим ҳифз карда шаванд. Дар мақолаҳои дигар сабабҳои дигари ин омилро дида баромада тавсияҳо  ва дастурҳои тавсиявӣ нисбати он пешниҳод карда мешавад.

Солиев Шамсиддин Толибович - номзади илмҳои кишоварзӣ, Муовини сардори Раёсати робитаҳои байналмилалӣ, илм ва татбиқи дастовардҳои илмӣ

 

Илова кунед: