Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем, яъне масъалаи озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Барои зиёдкунии ниҳоли анор кадом усулҳо ба кор бурда мешаванд?

12.02.2021
Мусоҳибаи намояндаи Шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ бо директори Институти боғутокпарварӣ ва сабзавоткории АИКТ, доктори илмҳои кишоварзӣ Назиров Ҳикматулло
 
Хусусиятҳои фарқкунандаи анор аз дигар меваҳо дар чист ва парвариши он дар қаламрави кишварамон чи гуна ба роҳ монда шудааст?
 
Анор яке аз меваҳои маъмултарин ва дӯстдоштаи инсоният ба шумор меравад. Оби анор, ки асосан маводи беҳтарини ғизоӣ мебошад вобаста аз навъ ва шароити обу хоки маҳали парвариш, миқдори гуногуни моддаҳои кимиёвиро доро мебошад. Дар таркиби оби меваи пурра пухта расидаи он 12- 19% қандҳо, 0,3-3% ҷавҳар, моддаҳои фаъоли биологӣ: ҷавҳарҳои аскорбин (5-12 мг %), фолиевӣ (0,04-0,08 мг%), Р- катехини фаъол ва лейкоантотсианҳо (26-46 мг%), витаминҳои Р (150- 200 мг%), В1 (0,004-0,036), В2 (0,32- 0,27 мг 5) моддаҳои дабоғӣ (1,0-1,1%) ва пектин 0,1- 0,3%) мавҷуд аст. Он ҳазмкунии хӯрокро беҳтар карда барои табобати диққи нафас, фишори хун, гипертония, касалиҳои дилу раг, меъдаю рӯда (шикамравӣ) ва хунманъкунӣ, шамолхӯрӣ, сулфа, вараҷа, бемориҳои санги гурда ва талхадон фоиданок буда, воситаи беҳтарини табшикан ва ташнагишикан мебошад.
Дар саноат пӯсти анор беҳтарин моддаи дабоғӣ буда, барои рангуборкунии навъҳои олии пӯст истифода мешавад. Аз гул ва пӯсти меваи он рангҳои аз офтоб насӯзанда тайёр карда мешавад.
Тоҷикистон яке аз қадимтарин минтақаи парвариши анор ба ҳисоб меравад. Мавҷудияти растаниҳои худрӯйи он дар нишебиҳои қаторкӯҳҳои Дарвоз Ҳазрати Шоҳ ва қисман қаторкӯҳҳои Ҳисор то баландии 1500 -1700 м аз сатҳи баҳр мерӯяд.
Имрӯз анорҳои ноҳиябандии навъҳои Сурханор (Қизиланор), Шириндона, Мулоимдона (Десертный), Шоҳанор, Нордон (Аҷикдона) асосан дар ноҳияҳои водигии вилояти Хатлон, Суғд ва қисман водии Ҳисор, Норак, ноҳияҳои Ҷиликул, Қубодиён ва Шӯробод парвариш карда мешаванд.
 
Хусусиятҳои биологии анор чӣ гуна аст?
 
Анори муқараррӣ дарахт ё буттаи хазонрез буда, то 3-5 м баландӣ қад мекашад. Анор растании худгардолудшаванда нест. Решаи ниҳолҳои аз тухм рӯида соли якум тирреша буда, минбаъд дар қабати болои хок уфуқӣ паҳн мегардад. Навдаҳои нӯгӣ 25- 40 см қад кашида бо хор тамом мешавад.
Анор дар маҳалҳое, ки зимистон ҳарорат аз 120С паст намешавад, тобистонаш дарозу гарм аст, тирамоҳи хушку гарм дорад, ҳарорати ҳаво якбора тағирёбанда нест, хуб месабзад. Аз таъсири хунукии 14-150С навдаҳои яксола, 16-170С узвҳои бисёрсола осеб мебинанд. Ҳарорати 18-190 С қисми рӯйзаминии ниҳоли анорро бо пурагӣ нобуд мекунад. Нашъу намои анор ҳангоми ҳарорати шабонарӯзӣ 10- 120С расидан, шурӯъ шуда, дар тирамоҳ бо ҳамин дараҷа паст шудан қатъ мегардад. Дар мавриди ҳарорати миёнаи шабонарӯзӣ ба 16-180С расидан ба ғунчабандии пурра сар мекунанд. Барои пурра расидани мева зиёда аз 30000 С гармӣ лозим аст. Анор растании тез ба ҳосил дароянда буда, ниҳолҳои бо қаламча сабзонида шуда дар 3 - 4 солагӣ ҳосил мебанданд. Анор растании обдӯст мебошад. Аз намнокии зиёд анор бештар нашъунамо карда ҳосили кам мебандад. Анор растании рӯшноидӯст аст. Нисбати дигар дарахтони субтропикӣ анор ба гармии ҳаво ва шурии хок устуворияти баланд дорад. Дар хокҳои 0,5г/кг намак дошта хуб месабзад. Дар хокҳои гуногун - шағалзаминҳою сангрезаҳо то хокҳои вазнин ва гилхокҳо мерӯяд.
Возможно, это изображение (1 человек)
 
Барои зиёдкунии ниҳоли анор кадом усулҳо ба кор бурда мешаванд?
 
Ниҳоли анорро бо роҳи кишт намудани тухмӣ ва қаламчакунӣ зиёд кардан мумкин аст. Қаламчаҳоро дар ду мӯҳлат: охири фасли тирамоҳ - аввали фасли зимистон ва аввали фасли баҳор пеш аз кушодашавии муғчаҳо тайёр кардан мумкин аст. Дар охири фасли тирамоҳ баъди хазонрезӣ барои қаламчагирӣ навдаҳои яксолаи пухта расидаро бурида аз навдаҳои паҳлуӣ, хорҳо тоза намуда, қисмати болои навдаро, ки нимпухта аст бурида мепартоянд ва 100- донагӣ бандча баста ба он тамғаи навъро мебанданд. Пешакӣ хандақ дар чуқурии 1м дарозиаш вобаста аз шумораи қаламчаҳо кандан лозим аст. Сипас бандчаҳои тайёр шударо қабат қабат бо таври уфуқӣ гузошта ба болои ҳар як қабат хоки майдаи намдор мерезанд, ба ҷойи хок қуми намнокро истифода бурдан беҳтар аст. Баъди қабати болоиро бо хок пӯшондан болояшро ба баландии 30 – 40 см аз хок 9 теппача намудан лозим аст. Дар сари ҳар як хандақ тамғаи бо навиштаҷоти номи навъ ва шумораи қаламчаҳоро мегузоранд. Барои сабзиши қаламчаҳои анор беҳтарин хок регхокҳо ё реггилхокҳо мебошанд. Барои шинондани қаламчаҳо баҳорон 2-3 рӯз пеш аз шинондан - хандақро кушода қаламчаҳоро бандча-бандча гирифта бо дарозии 20 – 25 см бо чунин тарз қаламча тайёр мекунанд: қисми поёни қаламчаро аз таги мӯғҷа ва қисми болояшро 2 – 3 см аз мӯғҷа болотар мебуранд. Қаламчаҳоро 100 – донагӣ бандча баста ба он тамғаи навъаш навиштаро меовезанд. Пас бандчаҳоро 10 – 12 соат дар оби равон гузоштан лозим аст. Дар майдонҳои калон ҷӯякҳоро дар масофаи 70 см аз ҳамдигар мекашанд. Қаламчаҳоро дар масофаи 10-15 см аз якдигар дур мешинонанд. Бо мақсади пешгирӣ намудани омехташавии навъҳо дар ҷӯяк бояд як навъ шинонда шавад. Пас аз шинондани қаламчаҳо ва хокпӯш кардани онҳо ҳатман об мондан лозим аст. Пас аз 2-3 рӯз обмонӣ барои дуруст зерхоккунии қаламчаҳо хокгардонии сабук мегузаронанд. Дар давраи нашъунамо вобаста аз намуд ва хусусияти механикии хок 12-15 маротиба об монда, 3- 4 маротиба аз алафҳои бегона ва коркарди байни қаторҳоро мегузаронанд. Охири моҳи июн ва нимаи дуюми моҳи июл аз ҳисоби 40 кг моддаи таъсиркунанда, ғизои иловагӣ, нурии нитрогенӣ додан тавсия мешавад. Аз охирҳои моҳи октябр сар карда то саршавии хунукиҳо ниҳолҳоро канда ба навъҳои молӣ 1-2-3 ҷудо карда 50 донагӣ бандча мекунанд. Сипас дар ҳандақҳо бандчаҳоро бо кунҷи 30- 400С моил гузошта аз ¾ ҳисаашонро зери хок мекунанд.
Шумо ҳамчун мутахассиси соҳаи боғдорӣ ба кишоварзони мамлакат барои бунёди анорбоғ ва агротехникаи нигоҳубини анорзор чӣ тавсияҳо медиҳед?
Барои бунёди боғи анор қитъаҳоеро интихоб мекунанд, ки аз алафҳои бегона, сангу боқимондаҳои решаҳои дарахтони гуногун тоза ва аз самти ҳавои хунук паноҳ бошад. Дар баробари ин обҳои зеризаминӣ аз 1-1,5 м баланд ва миқдори намак дар 1 кг хок аз 0,5 г зиёд набошад. Манбаи обёрӣ низ зарур аст. Тирамоҳ - замини интихобшударо аз ҳама гуна ашёҳои бегона тоза карда, ба он 20-30 т пору, 200-250 кг фосфор ва 100- 120 кг калий андохта пас дар чуқурии 50-60 см шудгор кардан лозим аст. Ниҳолро 1-2 соат дар поруоби аз 2 ҳисса хок ва 1 ҳисса пору тайёр кардашуда гузоштан зарур аст. Агротехникаи нигоҳубини анорзор ин сари вақт гузаронидани навдабурии профилактикӣ, шудгори байни қаторҳо, нармкунии бехи ниҳолҳо,обмонӣ, ғизодиҳӣ ва ҳифзи ниҳолҳо аз ҳашаротҳои зараррасон ва касалиҳо мебошад. Дар давраи гармӣ яъне моҳҳои июл-август фосилаи байни обмонӣ аз 7-9 рӯз бояд зиёд набошад. Бо мақсади самаранок истифодабарии замин дар байни қаторҳои ниҳолҳои ҷавон 2-3 сол гузаронидани кишти зироатҳои сабзавот ба мақсад мувофиқ аст. Ба анорзорҳои ҷавон ҳар сол бояд бо ҳисоби моддаи таъсиркунанда 60 кг нуриҳои нитрогенӣ 40 кг фосфорӣ, 40 кг калийгӣ ғизо дода шавад. Ба ҳосилбандӣ сар кардан ба ҳар гектар дар ду сол як бор додани 30 - 40 т пору ва ҳар сол 200 кг нуриҳои нитрогенӣ, 100 кг фосфорӣ ва 150 кг калийгӣ бо ҳисоби моддаи таъсиркунанда тавсия карда мешавад.
 
Барои ҳифзи анорбоғ аз ҳашаротҳои зараррасон ва касалиҳо кадом чорабиниҳоро гузаронидан мумкин?
 
Ба анор бештар зараррасонҳои ширинчаи анор, тортанакканаи сурхи анор, кирминаи шабзиндадори анор ва касалиҳои қутурак (парша), обсӯз (монолиоз) ва саратони навдаи анор осеб мерасонанд. Ҳамаи омилҳои ташкилӣ, агротехникӣ, биологӣ ва кимиёвӣ дар пайвастагӣ истифода мешавад, то ки инкишофу самаранокии буттаҳоро беҳтар созад. Интихоби дурусти замин ва навъҳо ҳангоми бунёди анорбоғ, шинондани ниҳолҳои баландсифат ва аз зараррасонҳои хатарнок ва касалиҳои озод, истифодаи чорабиниҳои агротехникӣ оид ба беҳтар кардани ҳолати агрофизикии хок, додани ғизо ва об, ташкили саривақтии навдабурии профилактикӣ, шаклдарории буттаҳо, маҳвкунии алафҳои бегона, сари вақт ҷамъоварии ҳосил, ки ба беҳтар гардидани ҳолати фитосанитарии боғи анор равона карда шудаанд ба самаранокии анорбоғ мусоидат мекунад.
Меъёри масрафи заҳрдоруҳои кимиёвӣ ва маҳлулҳои заҳрхимикату доруҳои бар зидди қутурак, мевахӯраки анор, канаҳо, тортанаккана, касалиҳои замбуруғӣ, пӯсиши мева, обсӯз, то давраи гулшукуфӣ ва баъд аз гулшукуфӣ ва дар баҳор то кушодашавии муғҷаҳо риоя карда шуда, истифода бурдан мумкин аст.
Дар мавриди истифодаи заҳрҳои кимиёвӣ барои заҳролуд накардани инсон ва ҳайвонҳои хунгарму муҳити атроф бояд аз маводҳои заҳрнокиашон пасттар истифода кард. Инчунин ба қоидаҳои бехатарӣ аз ҷумла, айнак, бинибандакҳои аз докаю пахта тайёркардашуда, дастпӯшакҳои резинӣ ва пӯшидани либосҳои махсус риоя кардан зарур аст.
 
Ташаккури зиёд устоди гиромӣ барои маслиҳатҳои муфид.
 
Мусоҳиб: Сафарзода С.А. – сармутахассиси Шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Илова кунед: