Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Боғи дарахтони хурмо ва анор дар хоҷагии деҳқонии “Наврӯз”

08.10.2021

        8 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов аз боғи дарахтони хурмо ва анор дар хоҷагии деҳқонии “Наврӯз” дидан намуданд.

        Иттилоъ дода шуд, ки хоҷагии деҳқонии “Наврӯз” cоли 2016 таъсис ёфта, дар ихтиёри худ 8 гектар, аз ҷумла 5 гектар боғи хурмо ва 2 гектар анор дорад. Самти асосии фаъолияти хоҷагӣ боғдорӣ буда, дар он 12 нафар саҳмдор кор мекунад.

        Хоҷагидорон бо мақсади истифодаи босамари замин дар байни қатори ниҳоли дарахтони ҳосилдеҳ, дар кишти асосӣ ва ҳам дар кишти такрорӣ сабзавоту полезӣ парвариш намуда, ҳосили фаровони маҳсулоти кишоварзӣ ба даст меоранд, ки аз лиҳози экологӣ тоза мебошад.

         Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба усули парвариши дарахтони ҳосилдеҳ дар хоҷагии деҳқонии “Наврӯз” баҳои баланд дода, ба деҳқонони ботаҷриба барои истеҳсоли мева, сабзавоту полезии тару тозаи табиӣ ва ба ин восита суҳмгузорӣ дар фаровонии бозорҳои истеъмолии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ изҳори сипос намуданд.

         Меваи хурмо ва анори ин хоҷагӣ асосан, навъҳои маҳаллии серҳосил буда, боғдорон ҳамасола дар мавсими ҷамъоварии самараи меҳнат ба ҳисоби миёна аз ҳар гектар боғи хурмо 10 тонна ва аз ҳар гектар боғи анор бошад, наздики як тонна ҳосил ба даст меоранд.

        Айни замон боғҳои хоҷагӣ ғарқи ҳосил буда, деҳқонон ба ҷамъоварии хурмову анор шуруъ карданд.

        Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо деҳқонони хоҷагӣ суҳбати самимӣ ороста, барои захира, нигоҳубин ва содироти меваҳои шаҳдбори Тоҷикистон, ки дар хориҷи кишвар талабгорони зиёд доранд, ба хоҷагидорон маслиҳату тавсияҳои судманд доданд.

        Зимни боздид аз нашъунамои зироати кишоварзӣ ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки соли равон дар хоҷагии мазкур дар кишти такрорӣ асосан карам, сирпиёз, шалғам, турб, ҷуворимакка барои дон ва кабудӣ кишт карда шудааст.

         Ҳамин тариқ, хоҷагидорон бо истифода аз таҷрибаи ғании заминдорӣ дар як сол аз ҳар қитъа замин то се ҳосил ба даст меоранд, зеро заҳмату машаққати шабонарӯзии деҳқонон ба даромади хуби иқтисодии хоҷагӣ ва болоравии сатҳи зиндагии саҳмдорон мусоидат мекунад.

         Яке аз самтҳои дигар фаъолияти хоҷагӣ ниҳолпарварӣ мебошад. Боғдорон парвариши ниҳоли дарахтони хурмо, анор, гелос, чормағз ва дигар навъи ниҳоли дарахтони ҳосилдеҳро ба роҳ монда, бо мақсади бунёди боғҳои нав дар ҳудуди вилоят ва дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба фурӯш мебароранд.

         Дар ҳамин ҷо аҳли заҳмати ноҳияи Ҷаббор Расулов маҳсулоти истеҳсолкардаи худро ба намоиш гузоштанд.

        Дар намоиш навъҳои гуногуни меваву сабзавот ва полезиҳо, аз қабили харбузаву тарбуз, ангур, хурмою анор ва дигар навъи маҳсулоти кишоварзӣ, ки бо меҳнати ҳалол давоми сол ҷамъоварӣ гардидааст, муаррифӣ карда шуд.

 

Шуъбаи матбуот ва иттилоот

Манбаъ: Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Илова кунед: