Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем, яъне масъалаи озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Боздид аз рафти мубориза бар зидди малах дар вилояти Суғд

25.05.2022

Санаи 25-уми майи соли ҷорӣ муовини якуми Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Музафар аз вазъи чорабиниҳои мубориза бар зидди малах дар вилояти Суғд, аз ҷумла ноҳияҳои Деваштич ва Бобоҷон Ғафуров дидан намуданд.

Мавриди зикр аст, ки айни замон техника ва дигар таҷҳизотњои филиали Муассисаи давлатии «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах» дар вилояти Суғд бо пуррагӣ ба ин чорабини сафарбар карда шудаанд. Аз рўи иттилои сардори филиали муассиса дар вилояти Суғд Бобоҷонов Алиҷон майдони паҳнгаштаи малах ба ҳолати 25.05.2022 дар ҳудуди вилоят 12900 гектарро ташкил дода, то ин давра дар майдони 8102 гектар коркарди кимиёвӣ гузаронида шудааст.

Аз ҷумла, майдони паҳнгаштаи малах дар ноҳияҳои Деваштич 1430 гектар ва Бобоҷон Ғафуров 2230 гектар буда, то ин давра дар ин ноҳияҳо  мутаносибан майдони 636 гектар ва 1403 гектар коркарди кимиёвӣ карда шудааст.

Аз ҷониби филиали муассиса дар вилояти Суғд 17 адад тарактор, 4 адад автомашинаи дорупошӣ, 219 адад дорупошакҳои дастӣ ва 240 нафар қувваи корӣ ба чорабинии мубориза бар зидди малах сафарбар карда шудааст.   

Ҳангоми дида баромадани майдони паҳнгаштаи малах дар мавзеҳои «Учтеппа»-и Ҷамоати деҳоти Муҷуни ноҳияи Деваштич ва мавзеи «Қараҷингил»-и чарогоҳҳои зимистонаи Кооперативи истеҳсолии ба номи Т.Кушатови ноҳияи Б.Ғафуров муайян гардид, ки малах дар синни 3,4 ва 5 қарор дорад.

Дар ин мавзеҳо мутахассион ва техникаҳои филиали Муассисаи давлатии «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах» дар вилояти Суғд бо пуррагӣ фаъолият доранд. То ин давра дар ноҳияҳои вилояти Суғд малах асосан дар заминҳои чарогоо паҳн гашта, ба кишти зироатҳои кишоварзӣ зарари ҷиддӣ нарасонидааст.

Аз ҷониби муовини якуми Вазири кишоварзӣ Мирзозода Музаффар барои ҷоннок намудани корҳо дар самти мубориза бар зидди малах ҷиҳати эмин нигоҳ доштани майдони кишти зироатҳои кишоварзӣ ба масъулини дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.  

 Шуъбаи матбуот ва иттилоот

Илова кунед: