Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди соҳаи моҳипарварӣ дар ҷумҳурӣ тамоми тадбирҳои амалиро роҳандозӣ намуда, аз сокинони мамлакат даъват ба амал меорад, ки аз маҳсулоти хоҷагиҳои моҳипарварии ватанӣ истеъмол намоянд.
Тибқи мониторинги гузаронидаи Раёсати сиёсати аграрӣ ва мониторинги амнияти озуқавории Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 04.12.2020 оид ба нуқтаҳои фурӯши моҳӣ дар бозорҳои шаҳри Душанбе чунин аён гардид, ки дар бозорҳои пойтахт моҳиҳои навъҳои Судак, Гулмоҳӣ, Амури сафед, Шир моҳӣ, Сазан, Талсталобӣ бо нархҳои 25, 30, 35, 40, 45, 60 сомонӣ пешниҳоди харидорон гардонида шудааст.
Ёдовар мегардем, ки айни замон дар ҷумҳурӣ 353- адад ҳавзҳои моҳипарварӣ мавҷуд буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 53-адад зиёд аст.
Дар асоси маълумотҳои оморӣ ба ҳолати .01.12.2020 дар ҷумҳурӣ 2791,1 тонна моҳӣ истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 601-тонна зиёд мебошад.
Шуъбаи матбуот ва иттилооти
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон