Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем, яъне масъалаи озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Чораҳои муҳофизатӣ дар майдонҳои боғу токзори ҷумҳурӣ аз зарарасону касалиҳо дар давраи тирамоҳу зимистон ва аввали баҳор

18.01.2021
Боғу токпарварӣ яке аз соҳаҳои асосии комплекси агросаноатии ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, дар ҳалли амнияти озуқаворӣ ва бо кор таъмин намудани мардуми деҳот мавқеъи намоёнро ишғол менамояд.
Дарахтони мевадиҳанда ва токзори ҷумҳурӣ фаунаи бойи организмҳои зараррасон дорад. Дар муддати дуру дарози давраи нашъунамои дарахтони мевадиҳанда ва токзор, бо миқдори кифоягӣ мавҷуд будани фаровонии гармӣ, равшанӣ ва дигар омилҳо барои инкишофёбии шумораи зиёди  зараррасонҳо ва касалиҳо шароити мусоид пайдо мешавад.
Бинобар ҳамин, аз ҷумлаи дигар чорабиниҳо барои рушди минбаъдаи боғдорӣ ва токпарварӣ ба масъалаи муҳофизати растанӣ диққати махсус дода мешавад.
Натиҷаи омӯзиш ва таҳлил нишон дод, ҳамзамон ҳолати фитосанитарии боғу токзори ҷумҳурӣ аз тарафи олимону мутахассисони соҳа нишон дод, ки дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ вобаста аз иқлими маҳал, дар дарахтони мевадиҳанда ва токзор намуди гуногуни зараррасону касалиҳо паҳн гаштаанд. Зараррасонҳои аз ҳама бештар паҳнгашта: тортанакканаҳо, ширинчаҳо, сипарболакҳо, асалаки нок, кирмаки себ, кирмаки дӯлонахӯрак, зарриндумболи туркистонӣ, абрешимресаки ноҷуфт ва кӯҳии ҳалқатоб, куяи себ, заргинаки сиёҳ, зардолухӯраки почағафс, гамбӯсаки хартумчадори зардолу, кирми барги ноором, кирмаки хӯшаи ангур ва кирминаи ордноки ангур.
 Аз касалиҳо: қӯтураки себу нок, гардзании себ, монилиоз ё пӯсиши меваҳои себу нок, саратони сиёҳ, доғзании сӯрохии донакдорон (клястероспориоз), монилиози донакдорон, печидашавии барги шафтолу, антракноз ва оидиуми (гардзанӣ) ангур мебошад.
Тибқи маълумоти гузаронидаи Муасссисаи давлатии муҳофизати растаниҳо ва химикунонии кишоварзӣ ҳолати фитосанитарии майдонҳои боғу  токзор муайян шудааст, ки ҳамасола бо дараҷаи гуногун инкишофёбӣ ва паҳншавии  зараррасонҳои дар боло зикр гардида ба қайд гирифта мешавад.
Ҳангоми нагузаронидани чораҳои саривақтии пешгирӣ ва фаврии муҳофизатӣ онҳо дар масоҳати зиёд зуд паҳн гашта, ба ҳосили меваю ангур зарари зиёд оварда, сифати маҳсулотро паст мегардонанд.
Бинобар ҳамин, зарурати ҳимояи боғу токзор аз истифодаи муҳофизати интегратсионӣ, яъне аз нуқтаи назари илмӣ аз алоқамандии усулҳои пешгирикунанда, механикӣ, агротехникӣ, биологӣ ва кимиёвӣ ба миён омадааст, ки меваю ангури истеҳсолшаванда аз ҳама ҷиҳат ба талаботи бозори дохилию берунӣ ҷавобгӯ бошад.
Чораҳои мубориза бар зидди зараррасонҳои боғу токзор асосан дар 2 давра гузаронида мешавад. Аввал дар давраи тирамоҳу зимистон ва аввали баҳор ҳангоми пурра дар оромӣ будани дарахтони мевадиҳанда ва буттаи токзор бар зидди зимистонгузаронии зарараррасонҳо ва дар давраи нашъунамои онҳо, ҳангоми пайдо ва паҳншавии онҳо мебошад.
Зараррасону барангезандаи касалиҳои боғу токзор дар зери хоку қулӯхҳо, бокимондаҳои растаниҳо, таги дарахтону буттаи ток, пӯстлоху тарқишҳои онҳо ҷойгир шуда зимистонро мегузаронанд. Дар давраи дуру дарози (сентябр - март) зимистонгузаронии зараррасонҳои боғу токзор мувофиқи маълумоти мутахассисони соҳа аз ҳисоби таъсири микроорганизмҳо, патогенҳо, иқлими минтақа ва маҳал, хусусан аз сардии ҳаво боришоти зиёд аз 12 то 40% зараррасонҳо талаф меёбанд, ки ин аллбата кифоя нест.
Бинобар ҳамин хоҷагиҳои боғу токпарварӣ чораҳои пешгирикунанда (механикӣ, агротехникӣ ва кимиёвӣ) дар давраи тирамоҳу зимистон ва аввали баҳор бар зидди зараррасонҳои зимстонгузар мегузаронанд.
Бо мақсади пешгирии пайдошавӣ ва паҳншавии зараррасону касалиҳои боғу токзор дар давраи тирамоҳу зимистон ва аввали баҳорӣ, солҳои 2019 - 2020 бо тавсияи мутахассисони соҳа дар хоҷагиҳои боғу токпаварии ҷамъоавӣ ва деҳқонӣ чораҳои пешгирикунанда - агротехникӣ, механикӣ ва кимиёвӣ гузаронида шуд.
Мувофиқи маълумоти фаврии соли ҷорӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ майдони умумии боғҳо дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 160533,3 гектар ва токзор 38570,4 гектарро ташкил намуд. Аз майдони умумии боғу токзори хоҷагиҳо дар майдони 13100  гектар коркарди байни қаторҳо ва нармкунии бехи дарахтону токзор (боғ - 10023 га, ток - 3077 га), дар майдони 14051  гектар буридани навдаҳо (боғ - 11156 га, ток - 2895 га), дар майдони 15875  гектар яхобмонӣ (боғ - 12594 га, ток - 3281 га) ва дар майдони 2417 гектар коркарди кимиёвӣ (боғ - 1891 га, ток - 526 га) гузаронида шуд, ки ин усулҳо барои кам кардани як миқдор пайдошавии организмҳои зараррасон мусоидат намуд.
Чораҳои  мубориза бар зидди зараррасонҳо ва касалиҳои боғу токзор дар давраи тирамоҳу зимистон ва аввали баҳор
Усули агротехникӣ
Истифодаи саривақтии усули агротехникӣ дар давраи зимистонгузаронии зараррасонҳо дар майдони боғу токзор бо андозаи намоён метавонад пайдошавӣ паҳншавии зараррасонҳоро маҳдуд намуда, ҳолати фитосанитарии онҳоро бехтар намояд, аз ҷумла:
- шудгори байниқаторҳо, нарм кардани атрофи танаи дарахт ва бехи буттаи ток - манбаи асосии пайдошавӣ ва паҳншавии зараррасонҳо мебошад;
- даровардани нуриҳои органикӣ ва минералӣ дар мутобиқат бо тавсияҳои агрономӣ;
- яхобмонӣ.
Усули механикӣ
- ҷамъ ва сӯзонидани баргҳои ба замин рехта, ҳамчунин меваҳои пӯсида ва мӯмиёшуда;
- охири тирамоҳ ё дар давраи зимистон бо ёрии калтаки дарози дар нӯгаш  қайчии баста ё қайчии дастӣ лонаҳои зимистонаи дулонахӯрак ва зарриндумболро гирифта сӯзонидан, шохчаҳои тухмгузории кирми ҳалқатоби кӯҳӣ, ки он ҷо тухм мегузоранд низ бурида гирифта сӯзонидан;
- тоза намудани пӯстлохҳои нобудшуда, бартараф намудани бехҷастаҳои наздирешагӣ, буридани шоху навдаҳои хушк шуда ва сахт зарардида аз зараррасонҳо ва осебдида аз касалиҳо;
- ба тухммонаки абрешимресаки ноҷуфт ва кирми ҳалқатоби кӯҳӣ  молидани  сӯзишвории дизелӣ ё ивазкунандаи он;
- тоза намудани ковокӣ, захм ва тарқиши дарахтон.
- сафед кардани тана  ва таҳкурсии асосии навдаҳо бо маҳлули 20%- и оҳак  (2 кг оҳак ва 500 гр. лой дар 10 литр). 
Усули кимиёвӣ
Дар системаи муҳофизати интегратсионии растаниҳо, дар баробари дигар усулҳои мубориза бар зидди организмҳои зараррасони зироатҳои кишоварзӣ, айни хол тарзи асосии хифзи растанихо усули кимиёвӣ боқӣ мемонад.
Нишонаҳои хусусияти усули кимиёвии ҳифзӣ:
- зудтаъсир;
- камхарҷ;
- дастрас;
- самаранокии баланд ва истифодабарии он ба таври оддӣ мебошад.
Ҳангоми гузаронидани коркарди кимиёвӣ, бояд интихоби заҳрхимикатҳо, мӯҳлати коркард ва иқлими маҳал ба инобат гирифта шавад.
      Барои коркарди кимиёвии дарахтони мевадиҳанда ва буттаи ток яке аз ин заҳрхимикатҳо истифода шавад, аз ҷумла:
- бо маҳлули 4 %, препарати 30В, 76% эмулсия нафту равған (10-76 кг/га);
- бо маҳлули 1%, ДНОК  40% х. ҳ (15-20 кг/га)
-  бо моеъи 3 % -и бордосӣ (ба 100 литр об - 3 кг даҳони фаранг-3 кг оҳаки навшукуфта шуда);
-   бо маҳлули 4 % - и равғани муҳаррик.
  Пошидани заҳрдоруҳои номбаршуда то муғчабандии дарахтон ва ё буттаи ток, ҳарорат на паст аз +4°С на баланд аз +20°С бояд гузаронида шавад.
Вобаста аз синну сол ва зичии дарахтони мевадиҳанда ва буттаи ток меъёри сарфаи махлули корӣ аз 800 то 1200 литр дар 1 га истифода шавад.
Қоидаҳои умумӣ ҳангоми кор бо пеститсидҳо
Барои муҳофизати кимиёвии растаниҳо бояд заҳрхимикатҳое истифода шаванд, ки дар «Рӯйхати моддаҳои кимиёвӣ ва воситаҳои биологие, ки барои истифодабарӣ дар Ҷумхурии Тоҷикистон» иҷозат дода шуда, бо қарори Комиссияи амнияти химиявии Ҷумхурии Тоҷикистон тасдиқ гардидаанд.
Шахсоне, ки барои кор бо пеститсидҳо ҷалб карда мешаванд, бояд ҳатман аз муоинаи тиббӣ гузаранд ва барои ҳифзи беҳдошти худ либоси махсуси мухофизатӣ дошта бошанд. Инчунин ноболиғони аз 18 сола хурд, занҳои ҳомиладор ва кӯдаки ширмакдошта ба ин корҳо роҳ дода намешаванд.
Давомнокии рӯзи корӣ бо пеститсидҳо 6 соат муқарар шудааст.
Ҳангоми кор бо пеститсидҳо маъмурияти хоҷагӣ бояд кормандонро бо ширу махсулоти ширӣ таъмин намояд.
 
Сармутахассиси шуъбаи
матбуот ва иттилоот:                                          Сафарзода С.А.

Илова кунед: