Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем, яъне масъалаи озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Дар шаҳри Душанбе ҷашни Сада бо шукӯҳу шаҳомат баргузор шуд!

30.01.2022

     Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ташаббус ва талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашнҳои миллӣ ва расму оинҳои суннатии бостонӣ аз нав эҳё гардида, он ҳифз карда мешавад.

     Cанаи 30.01.2022 бо ибтикори Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи А.Фирдавсии шаҳри Душанбе "Иди Сада ва намоиши ниҳолҳою тухмии зироатҳои кишоварзӣ" баргузор гардид.
      Дар ҳамоиши мазкур муовини Сарвазири мамлакат Зиёзода Сулаймон Ризоӣ, Сардори раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти ДИПҶТ Сабурзода Мирзодавлат Абдолӣ, Ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Насриддинзода Эмомалӣ, вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Саъдӣ Ғафор, муовини Раиси шаҳри Душанбе Гуреззода Умед, муовинон ва кормандони дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои вазорати кишоварзӣ, роҳбарон ва намояндагони вазорату кумита ва корхонаю идораҳо, Сардорони сарраёсат ва раёсатҳои кишоварзии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, кишоварзон, намояндагони корпуси дипломатӣ,инчунин сафири Федератсияи Россия дар Тоҷикистон И.С.Лякин Фролов, Агентии Ҷопон Jica, шарикони рушд ва меҳмонону шаҳрвандони мамлакат иштирок намуданд.

      Вазорати кишоварзӣ ва зерсохторҳои он намоиши ҳамагуна олотҳои кории кишоварзӣ, кӯчати гулу-гулбуттаҳои ҳамешасабзу ороишӣ, ниҳолҳои гуногуни дарахтони мевадиҳандаву сояафкан, навъҳои гуногуни тухмиҳои баландсифати дорои сертификат, техникаю мошинолотҳои муосири кишоварзӣ, оҳангариву гаҷкорӣ, хумҳои қадима, пешниҳоди лоиҳаҳои хурду бузург тавассути макетҳо, намоиши дастовардҳои соҳаи чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ, трести чарогоҳ, занбӯрпарварӣ, дастур ва китобҳои гуногуни методӣ барои кишоварзону чорводорон, барои пешгирӣ аз ҳар гуна касаливу ҳашаротҳои зараррасон намоиши заҳрдоруҳои гуногуни бо олотҳои дорупошӣ ва камераҳои фумигатсионӣ, намоиши таъомҳои миллии ба ҷашн хос ва ҳунарҳои гуногуни мардумӣ, кулолгариву табақтарошӣ, оҳангариву кашидадузӣ, намудҳои гуногуни варзиш ва дигар дастовардҳое, ки ифодагари ҷашни Сада мебошад, пешкаши ҳозирин намуданд.

       Дар ҳар гӯшаи боғ чорабиниҳои фарҳангӣ, рақсу бозӣ, гулханафрӯзиву таронахонӣ ба намоиш гузошта шуда буд, ки ба ҷашнвора ҳусну таровати тоза зам менамуд.

     Иди Сада ҷамъбасти фаъолияти яксолаи кишоварзон, таҳлили бурду бохти соҳа, тарҳрезии нақшаҳо дар соли нав ва омодагии соҳа ба кишту кори баҳорӣ буда, пешқадамони соҳа аз рўи номинатсияҳои гуногун бо сипоснома ва тўҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.

     Ҷашнвораи мазкур шукргузорӣ аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, фаровонҳосилии заҳмати кишоварзон, шодию нишот, ваҳдату ягонагии мардуми тоҷик ва эҳёи анъанаҳои миллӣ дарак медод.

 

Шуъбаи матбуот ва иттилооти

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

     

Илова кунед: