Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем, яъне масъалаи озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Дар Вазорати кишоварзӣ Семинар- машварати тухмии картошкаи туркӣ доир гардид

01.05.2021
Семинар-машварат бо иштироки Муовини якуми Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода С.Ғ., Ҳамоҳангсози Агентии туркӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ ТИКА дар ш. Душанбе Ибраҳим Э., намояндагони ташкилоти зертобеи Вазорати кишоварзӣ, олимони Академия илмҳои кишоварзӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур баргузор гардид.
Муовини якуми Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода С.Ғ. семинарро оғоз бахшида таъкид намуданд, ки бо дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи Рушди истеҳсоли картошкаи Тоҷикистон ба Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон 42 тонна картошкаи тухмии туркӣ аз ҷониби Сарраёсати агентии туркӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) ворид гардид, ки аз он 40,2 тоннааш ба хоҷагиҳои деҳнқонии ду минтақаи Тоҷикистон тақсим мешаванд ва 1,8 тоннаи дигараш дар навъсанҷӣ истифода хоҳад шуд. 1,8 тонна тухмии туркии иборат аз 6 навъ дар 3 минтақаи гуногуни Тоҷикистон кишт карда мешаванд ва дар солҳои оянда ҳамчун тухмиҳои мутобиқ барои Тоҷикистон муайян карда мешаванд. Мақсад аз баргузории Семинар –машварат аз он иборат аст, ки олимону кишоварзони тоҷик оиб ба хусусиятҳои минтақабоб кардани тухмии картошкаи туркӣ ҳарчи бештар маълумот пайдо намуда, дар раванди истеҳсол истифода намоянд.
Сипас, сухан ба Ҳамоҳангсози Агентии туркӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ ТИКА дар ш. Душанбе Ибраҳим Э. дода шуд. Ибраҳим Э. дар навбати худ таъкид намуданд, ки ҷониби туркия барои вусъат бахшидани корҳо дар самти кишоварзӣ омода буда, барои азбар намудани таҷрибаи истеҳсоли тоҷикиву туркӣ ҳавасманд мебошанд. Барои пиёда сохтани ин ҳадафҳо имрӯз мо аз яке аз донигоҳҳои бонуфӯзи турки мутахассисонро ба Тоҷикистон даъват намудем, ки оид ба таҷрибаи истеҳсоли картоша дар Туркия ба кишоварзони тоҷикӣ маълутҳои илмиву амалӣ дода бошанд.
Дар идомаи кори Семинар –машварат аз ҷониби мутахассисони туркӣ навори видеоӣ оид ба парвариши картошка дар Ҷумҳурии Туркия манзури ҳозири гардонида шуд.
 
Шуъбаи матбуот ва иттилооти
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Возможно, это изображение (2 человека, в том числе Sadi Karimzoda, люди стоят, люди сидят, костюм и в помещении)
Возможно, это изображение (9 человек, люди стоят и люди сидят)
Возможно, это изображение (в помещении)
Возможно, это изображение (5 человек, люди стоят и в помещении)
Возможно, это изображение (один или несколько человек, люди стоят и экран)
Нет описания фото.

Илова кунед: