Бо ибтикори Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии саривақтӣ, роҳ надодан ба паҳншавии малах, инчунин гузаронидани чораҳои муҳофизатии зироатҳои кишоварзӣ ва боғу токзор аз зараррасону касалиҳо, ҳамзамон дар ин замина баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар соли 2021 санаи 18.02.2021, дар маҷлисгоҳи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ситоди ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Кори Ситод бо сухани ифтитоии Вазири кишоварзӣ Зиёзода Сулаймон Ризоӣ оғоз гардид.
Идомаи кори Ситод доир ба натичаи фаъолияти Муассисаи давлатии «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах» дар мавсими соли 2020 ва омодагӣ ба мавсими навбатӣ ва фаъолияти Муассисаи давлатии муҳофизати растаниҳо ва химикунонии кишоварзӣ дар соли 2020 ва вазифаҳо дар соли 2021 маърӯза гардид.
Дар Ситоди ҷумҳурияӣ оид ба мубориза бар зидди малах ва муҳофизати растаниҳо ва боғу токзор аз касалию ҳашаротҳои зараррасон роҳбарияти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон,кормандониташкилотҳоизертобеи вазорат, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, сардорони сарраёсатҳои тобеи ҷумҳурӣ ва раёсату шуъбаҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, намояндагони JICA дар Тоҷикистон, Ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ дар Тоҷикистон, васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Барои ҳавасмандгардонии фаъолони соҳа аз ҷониби роҳбарияти Вазорати кишоварзӣ сипосномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ барои кормандоне, ки дар мавсими соли 2020 фаъолияти хуб нишон додаанд, тақдим гардид.
Ёдовар мегардем, ки бо мақсади пешгирии саривақтӣ, роҳ надодан ба паҳншавии малах дар соли 2020 ба миқдори 23885 литр заҳрдору, инчунин таҷҳизотҳои зарурӣ, либосҳои муҳофизавӣ ва ба миқдори зарурӣ қисмҳои эҳтиётиву сӯзишворӣ захира карда шуда, барои гузаронидани чорабиниҳои мубориза бар зидди малах зиёда аз 1000 нафар қувваи корӣ сафарбар карда шуд.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳо бар зидди малах дар мавсими имсола майдони 396543,0 га зироатҳои кишоварзӣ, боғу токзорҳо, чарогоҳҳо аз зарароварии малах эмин нигоҳ дошта шуданд.
Бо назардошти таъсири офатҳои табиӣ, хисорот дар майдони 5,5 ҳазор гектар токзор ба қайд гирифта шуда буд, ки ба вилояти Суғд 2,3 ҳазор гектар ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 3,2 ҳазор гектар рост меояд.
Барои пешгирӣ ва мубориза бар зидди касалию зараррасонҳои боғу токзор 725 литр заҳрдору ба хоҷагиҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дастрас карда шуд.
Барои додани тавсияҳои судманд ва роҳнамоии боғпарварони ҷумҳурӣ семинари илмию амалии минтақавӣ оид ба мавзӯи “Муборизаи интегратсионӣ бар зидди касалию ҳашаротҳои зараррасони зироатҳои полизӣ ва субтропикӣ” дар ноҳияи Дӯстӣ гузаронида шуд.
Шуъбаи матбуот ва иттилооти
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тамос: 235 38 63