Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Дар Вазорати кишоварзӣ ярмарка – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир гардид

18.11.2020

Санаи  18 ноябри соли 2020 бо ташаббуси Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода С.Р. дар назди бинои вазорат ярмарка – фурӯши  маҳсулоти кишоварзӣ баҳри таъмини кормандони дастгоҳи марказӣ бо маҳсулоти ниёзи аввалияи кишоварзӣ ва нархҳои аз бозор нисбатан арзон, баргузор гардид.

         Дар ярмаркаи мазкур аз ҷониби корхонаҳои зертобеъи вазорат – КВД «Саноати парандапарварии Тоҷикистон» гушти гов, гушти мурғ, тухми мурғ, КВД «Моҳии Тоҷикистон» моҳӣ, КВД «Асали Тоҷикистон» асал, МД «Комиссияи давлатии озмоиши навъҳо» себ, пиёз, картошка, сабзӣ, шалғам, турб, биринҷ, Бозрасии назорати давлатии техникаи кишоварзӣ равған пешниҳод карда шуд.

       Лозим ба ёдоварист, ки чунин ярмарка – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ мутаносибан дар арафаи тамоми ҷашну маросимҳои миллӣ аз ҷониби Вазорати кишоварзӣ баргузор мегардад, ки қадами муҳим барои татбиқи ҳадафи стратегии мамлакат ба ҳисоб меравад.

Шуъбаи матбуот ва иттилоот

Илова кунед: