Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Эълон!!!

23.11.2021

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои ишғоли мансабҳои холии зерин  озмуни кушода эълон мекунад:

1) Сармутахассис (ёвари вазир)-и Раёсати корҳо – 1 ҷой, маоши мансабӣ– 1380 сомонӣ

2) Сармутахассиси Раёсати корҳо – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1380 сомонӣ

3) Сармутахассиси Раёсати кадрӣ ва таъминоти ҳуқуқӣ (самти ҳуқуқ) –    1 ҷой, маоши мансабӣ – 1380 сомонӣ

4) Сармутахассиси Раёсати молия ва муҳосибот - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1380 сомонӣ 

5) Сармутахассиси Шуъбаи сиёсати техникӣ ва рушди инфраструктураи кишоварзӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1380 сомонӣ

6)  Сармутахассиси Шуъбаи матбуот ва иттилоот – 1 ҷой, маоши мансабӣ  – 1380 сомонӣ

7) Мутахассиси пешбари Раёсати кадрӣ ва таъминоти ҳуқуқӣ (самти махфӣ) – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1124 сомонӣ 70 дирам

8) Мутахассиси пешбари Шуъбаи умумӣ ва назорати Раёсати корҳо (бойгонӣ) – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1124 сомонӣ 70 дирам 

9) Мутахассиси пешбари бахши чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварии Раёсати чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбғриасалпарварӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ –1124 сомонӣ 70 дирам

10) Мутахассиси Раёсати растанипарварӣ– 1 ҷой, маоши мансабӣ – 924 сомонӣ 60 дирам

  Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби сармутахассис (ёвари вазир)-и Раёсати корҳо:

 - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад, 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

- донистани Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба мансаби ишғолшаванда алоқаманд, забон, таърих, фарҳанг ва муқаддасоти миллӣ, маҳорати суханронӣ, ифодаи фикр, кор бо технологияҳои электронии муосир, донистани забонҳои хориҷӣ ва малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа.

   Барои ишғоли мансаби сармутахассиси Раёсати корҳо:

     - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ – муҳосиб, иқтисодчӣ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад, 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

- донистани Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба мансаби ишғолшаванда алоқаманд, забон, таърих, фарҳанг ва муқаддасоти миллӣ, маҳорати суханронӣ, ифодаи фикр, кор бо технологияҳои электронии муосир, донистани забонҳои хориҷӣ ва малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа.

 Барои ишғоли мансаби сармутахассиси Раёсати кадрӣ ва таъминоти ҳуқуқӣ:

 - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ -  ҳуқуқшинос, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад, 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

- донистани Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба мансаби ишғолшаванда алоқаманд, забон, таърих, фарҳанг ва муқаддасоти миллӣ, маҳорати суханронӣ, ифодаи фикр, кор бо технологияҳои электронии муосир, донистани забонҳои хориҷӣ ва малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа.

Барои ишғоли мансаби сармутахассиси Раёсати молия ва муҳосибот:

 - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ – молиявӣ – муҳосибӣ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад, 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

- донистани Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба мансаби ишғолшаванда алоқаманд, забон, таърих, фарҳанг ва муқаддасоти миллӣ, маҳорати суханронӣ, ифодаи фикр, кор бо технологияҳои электронии муосир, донистани забонҳои хориҷӣ ва малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа.

 Барои ишғоли мансаби сармутахассиси Шуъбаи сиёсати техникӣ ва рушди инфраструктураи кишоварзӣ:

 - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ – муҳандис-механик, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад, 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

- донистани Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба мансаби ишғолшаванда алоқаманд, забон, таърих, фарҳанг ва муқаддасоти миллӣ, маҳорати суханронӣ, ифодаи фикр, кор бо технологияҳои электронии муосир, донистани забонҳои хориҷӣ ва малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа.

 Барои ишғоли мансаби сармутахассиси Шуъбаи матбуот ва иттилоот:

 - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ – рӯзноманигор, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад, 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

- донистани Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба мансаби ишғолшаванда алоқаманд, забон, таърих, фарҳанг ва муқаддасоти миллӣ, маҳорати суханронӣ, ифодаи фикр, кор бо технологияҳои электронии муосир, донистани забонҳои хориҷӣ ва малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа.

 Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбари Раёсати кадрӣ ва таъминоти ҳуқуқӣ (самти махфӣ):

 - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ – ҳуқуқшинос, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад, 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

- донистани Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба мансаби ишғолшаванда алоқаманд, забон, таърих, фарҳанг ва муқаддасоти миллӣ, маҳорати суханронӣ, ифодаи фикр, кор бо технологияҳои электронии муосир, донистани забонҳои хориҷӣ ва малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа.

Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбари Шуъбаи умумӣ ва назорати Раёсати корҳо (бойгонӣ):

 - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ – бойгоншинос, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад, 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

- донистани Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба мансаби ишғолшаванда алоқаманд, забон, таърих, фарҳанг ва муқаддасоти миллӣ, маҳорати суханронӣ, ифодаи фикр, кор бо технологияҳои электронии муосир, донистани забонҳои хориҷӣ ва малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа.

 Барои ишғоли мансаби  мутахассиси пешбари бахши чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварии Раёсати чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ:

  - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ – зооинжинер (зоотехник), ветеринар (байтор), ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад, 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

- донистани Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба мансаби ишғолшаванда алоқаманд, забон, таърих, фарҳанг ва муқаддасоти миллӣ, маҳорати суханронӣ, ифодаи фикр, кор бо технологияҳои электронии муосир, донистани забонҳои хориҷӣ ва малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа.

Барои ишғоли мансаби мутахассиси Раёсати растанипарварӣ:

 - таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ – агроном, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

- донистани Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба мансаби ишғолшаванда алоқаманд, забон, таърих, фарҳанг ва муқаддасоти миллӣ, маҳорати суханронӣ, ифодаи фикр, кор бо технологияҳои электронии муосир, донистани забонҳои хориҷӣ ва малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа.

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

 -  ариза ба унвони роҳбари мақомот

-  варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6)

-  тарҷумаи ҳол

-  нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот

-  нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ

-  маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ (шакли 038)

-  нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА)

-  маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ

-  нусхаи шиноснома

-  нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд)

-  маълумотнома оид ба мавҷуд набудани доғи судӣ 

маълумотнома (объективка)

 Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

 шаҳри Душанбе, н.Сино, кӯчаи Шамсӣ 5/1

Телефон барои таммос: 235-38-61

Почтаи электронӣ: kadrikishovarzi@mail.ru

 Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рӯз аз рӯзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

 Эзоҳ:  Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.

Илова кунед: