Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Фестивал-намоиши чорвои зотӣ.

26.11.2021

          Санаи 27 ноябри соли равон дар шаҳри Ваҳдат ҷиҳати таъмини иҷрои банди 17-и Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.01.2020, №АП-1332 ба тавсиб расидааст  “Фестивал-намоиши чорвои зотӣ” бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

          Дар фестивали мазкур фестивали мазкур Филиали муассисаи ҷумҳуриявии зотпарварӣ, хушзоткунӣ, бордоркунии сунъӣ ва хариду фуруши чорвои зотӣ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, Маркази биотехнологияи чорвои Институти чорводорӣ ва чарогоҳи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии “Зотпарвар”-и Агентии таъминоти амволи махсуси назди ҲҶТ, Муассисаи давлатии минтақавии ноҳияи Шаҳринав оид ба парвариши зоти гӯсфанди ҳисорӣ иштирок намуданд. Ҳамзамон Ҷамъиятҳои дорои масъулияташ маҳдуд, хоҷагиҳои деҳқонӣ, кооперативҳои тиҷоративу истеҳсолӣ аз шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Ҳисор, Турсунзода, Шаҳринав, Рӯдакӣ, Варзоб ва Файзобод  ширкат варзиданд.

          Дар фестивал Вазири кишоварзии Ҷуиҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон  иштирок ва суханронӣ намуданд. Аз ҷумла қайд гардид, ки  соҳаи чорводориро яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки соҳаи кишоварзӣ буда,  дар таъмини аҳолии мамлакат бо маҳсулоти ғизоӣ, аз ҷумла гӯшту шир ва соҳаи саноат бо ашёи хом мавқеи намоён дорад. Хусусан дастгириву таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди имрӯзаи соҳа мусоидат кардааст, ироз намуданд.

         Мавриди зикр аст, ки тибқи маълумотҳои оморӣ ба ҳолати 1 ноябри соли 2021 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 2 миллиону 404 ҳазор сар чорвои калон, аз ҷумла 1 миллиону 251 ҳазор модагов, 6 миллион сар гӯсфанду буз ва 84 ҳазор сар асп мавҷуд аст. Дар ин давра 215 ҳазору 227 тонна гӯшт ва 743 ҳазору 407 тонна шир истеҳсол карда шудааст.

         Тибқи таҳлилҳо нисбати ҳамин давраи соли гузашта саршумори чорвои калон 35,5 ҳазор сар, аз ҷумла модагов 26,1 ҳазор сар, гӯсфанду буз 159 ҳазор сар, асп 1300 сар, истеҳсоли гӯшт 21,4 ҳазор тонна ва шир 14,7 ҳазор тонна зиёд мебошад.

         Дар фарҷом аз ҷониби Вазири кишоварзӣ Зиёзода Сулаймон ба шахсоне, ки дар рушди соҳа саҳм доранд бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

 Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Илова кунед: