Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем, яъне масъалаи озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Форуми Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид!

09.06.2021

          Санаи 9-уми  июни соли ҷорӣ дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Форуми байниминтақавии сармоягузории Тоҷикистону Ўзбекистон баргузор гардид.

          Дар Форуми мазкур Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ ва ҳайати Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Ўзбекистон таҳти роҳбарии Вазири кишоварзии ин кишвар Ходжаев Жамшид иштирок намуданд.

          Дар доираи Форум молу маҳсулот ва дастовардҳои кишоварзони кишварамон  ба намоиш гузошта шуд, ки аз тарафи меҳмонон хуб пазироӣ шуда, ба сатҳу сифати он баҳои баланд дода шуд.

         Қайд кардан ба маврид аст, ки чорабинии мазкур дар ҳошияи ташрифи Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон (11-12 июни соли 2021) аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

 

 

 

 

Шуъбаи матбуот ва иттилооти

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Телефон барои таммос: 2-35-38-63

Илова кунед: