Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем, яъне масъалаи озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

гуфтушунидҳои тиҷоратӣ доир ба соҳаи моҳидорӣ

15.07.2021

 Санаи 15 июли соли 2021 бо ташаббуси Созмони умумиҷаҳонии савдо ҷаласаи маҷозии Кумита оид ба гуфтушунидҳои тиҷоратӣ дар сатҳи вазирон доир ба моҳидорӣ баргузор гардид, ки дар кори он Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода С.Р. иштирок ва баромад намуд.

Ҷаласаи мазкур бо мақсади беҳтар намудани соҳаи моҳипарварӣ, мубориза бар зидди моҳидории ѓайриқонунӣ ва аз меъёр зиёд сайд намудани моҳӣ дар баҳру уқёнусҳо ташкил карда шуда, давлатҳои иштирокчӣ барои пешгирии омили мазкур қабули ҳуҷҷати ягонаро қобили таваҷҷуҳ шумориданд.

 

Шуъбаи матбуот ва иттилоот

Илова кунед: