Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем, яъне масъалаи озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Гулмоҳипарварӣ рушд мекунад

15.02.2021

            Дар ноҳияи Ҷ.Расулов аз ҷониби ҶДММ «Корпоратсияи Моҳии тоҷик» дар масоҳати 0,50 гектар хоҷагии гулмоҳипарварӣ бунёд гардида истодааст.

            Бо мақсади таъмин намудани талаботи хоҷагӣ бо моҳича дар навбати аввал сехи истеҳсоли кирминамоҳӣ сохта шуда, санаи 6-уми феврал аз Федератсияи Россия (Ҷумҳурии Сочи) 100 ҳазор дона тухми бордоршудаи чашмакдори гулмоҳӣ ворид гардида, дар ҳолати парвариш қарор доранд.

            Корҳои тахту ҳамворкунӣ дар хоҷагии мазкур ба анҷом расида,  айни замон сохтмони ҳавзҳо барои парвариши гулмоҳӣ оғоз гардидааст. Дар маҷмўъ шумораи умумии ҳавзҳо 25 ададро ташкил медиҳад.

            Хоҷагии гулмоҳипарварии зикргардида ҳамчун иншооти ҷашнӣ дар арафаи Иди байналмилалии Наврўз мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.

 

 

Шуъбаи матбуот ва иттилооти

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Илова кунед: