Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

ГУЗОРИШИ МАТБУОТӢ

03.05.2021
          Тақвият додани корҳо дар самти ҳифзи амнияти озуқавории кишвар, истифодаи самараноки ҳар як порчаи замин, гирифтани се-чор ҳосил ва ташкили захираи дусолаи озуқавории ҳар як оилаи кишвар ниҳоят муҳим мебошад.
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин асно ба ВАО –и ҷумҳурӣ ва сокинони мамлакат оид ба рафти фаъолияти кишоварзони мамлакат ба ҳолати 30.04.2021 чунин маълумот пешниҳод менамояд.
 
Кишти пахта
         Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ оид ба рафти кишти пахта мувофиқи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ҳолати 30.04.2021 дар майдони 180944 гектар пахта кишт шудааст, ки 94,7 фоизи иҷроро ташкил медиҳад.
         Аз он дар вилояти Суғд 55007 га (90,9%) , вилояти Хатлон 122820 га(98.7%) ва НТҶ дар майдони 3117,0 га (52%) кишт гузаронида шудааст.
         Ба ҳамин давраи соли 2020 дар ҷумҳурӣ майдони 171709,5 гегтарро ташкил медод, ки аз он дар вилояти Суғд 51848 га, вилояти Хатлон 117232 га ва дар НТҶ 2629,5 гектарро ташкил медод. 
 
Наслгирии чорвои майда
         Тибқи маълумоти фаврӣ оид ба наслгирӣ аз чорвои майда дар корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии (фермерӣ) ҷумҳурӣ ба          ҳолати 28.05. 2021 наслгирӣ аз чорвои майда 311973 сарро ташкил медиҳад, ки ба 100 сар меш ва модабуз 82 сар рост меояд.
        Аз ҷумла, наслгирӣ аз чорвои майда дар ВМКБ 1557 сар(ба 100 сар меш ва модабуз  22 сар), дар Суғд 67784 сар (ба 100 сар меш ва модабуз 71 сар), дар Хатлон 175294 сар (ба 100 сар меш ва модабуз 94сар), дар НТҶ 67338 сарро (ба 100 сар меш ва модабуз 72) ташкил медиҳанд.
 
Кишти зироатҳои кишоварзӣ
         Мувофиқи маълумоти фаврӣ оид ба рафти шудгор ва кишти зироатҳои кишоварзӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии   ҷумҳурӣ ба ҳолати 30.04.2021 майдони 590959 га шудгор карда шуда, дар майдони 97555 га кишти ғалладонаи баҳорӣ ва дар майдони 20902 га кишти зироатҳои равғандеҳ гузаронида шуд.
        Инчунин, картошка дар майдони 20530 га, полизӣ 14208 га, сабзавотҳо, ҳамагӣ 30712 га аз он ҷумла: карам 1161 га, сабзӣ 3696 га, пиёз 15851 га, помидор 4905 га, бодиринг 2456 га, дигар сабзавотҳо 2643 га ва зироатҳои хӯроки чорво дар 18101 гектар кишт шудааст.
 
Гармхонаҳои доимамалкунанда
         Тибқи маълумоти фаврӣ оид ба фаъолияти гармхонаҳои доимамалкунанда мувофиқи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ то 30.04.2021 дар майдони 85,1 га кишт гузаронида шуда, аз он помидор 53,2 га, бодиринг 15,00 га ва дигар сабзавотҳо 16,9 гектарро ташкил медиҳад.
         Ҳаҷми истеҳсол ҳамагӣ 920,1 тоннаро дар бар мегирад, ки аз он: помидор 534,6 тонна, бодиринг 102,4 тонна ва дигар сабзавотҳо 283,1 тонна мебошад.
 
Бунёди боғу токзор
         Мувофиқи маълумотҳои фаврӣ оид ба рафти бунёди боғу токзори нав ва коркарди кимиёвӣ бар зидди ҳашаротҳои зараррасону касалиҳои боғу токзор дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ ба ҳолати 30.04.2021 ҳамагӣ майдони 1334 га боғу токзорҳои нав аз ҷумла 1076,3 га боғ, 257,3 га ток , аз он, боғи интенсивӣ дар 75,2 га ва барқароркунии боғу токзорҳои кӯҳна дар 1607 га гузаронида шуд.
        Коркарди кимиёвӣ дар боғу токзори ҷумҳурӣ оғоз ёфта, мувофиқи маълумотҳо аз майдони умумии 126229 га боғҳо 5307 гектарро майдони паҳнгаштаи зараррасонҳо ва майдони паҳнгаштаи касалиҳо 3602 гектарро ташкил дода, дар майдони 4388 га бар зидди зараррасонҳо ва дар майдони 2855 га бар зидди касалиҳо коркарди кимиёвӣ гузаронида шуд.
       Аз майдони умумии 27480 га токзорҳо 1214 гектарро майдони паҳнгаштаи зараррасонҳо ва майдони паҳнгаштаи касалиҳо 1203 гектарро ташкил дода, дар майдони 1018 га бар зидди зараррасонҳо ва дар майдони 1016 га бар зидди касалиҳо коркарди кимиёвӣ гузаронида шуд.
 
Шуъбаи матбуот ва иттилооти
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тамос: 235 38 63

 

 

 

 

Илова кунед: