Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем, яъне масъалаи озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Гузориши матбуотӣ (03.12.2021)

06.12.2021

Рафти ҷамъоварии ҳосили пахта

      Ба ҳолати 03.12.2021 пахтапарварони ҷумҳурӣ аз майдони умумии кишт 173945 гектар, 404186 тонна пахта ҷамъоварӣ намудаанд, ки  ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 23,2 сентнериро ташкил медиҳад. Рафти ҷамъоварии ҳосил бо маром идома дорад .

      Вилояти Хатлон аз майдони кишти 121236 га 275326 тонна, вилояти Суғд аз майдони кишти 49679 га 122435 тонна ва НТҶ аз майдони кишти 3007 га 6409,6 тонна пахта ҷамъоварӣ намудаанд.

Рафти шудгор, кишти  тирамоҳӣ ва зироатҳои барвақтӣ

      Дар асоси малумотҳои Раёсати растанипарварии вазорат барои истеҳсоли соли 2022 тибқи дурнамои сохтори кишти зироатҳои кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ бояд дар майдони 611797 гектар шудгор ва дар майдони 180074 гектар кишти тирамоҳӣ ва барвақтии зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шавад.

      Ба санаи 03.12.2021 кишоварзони ҷумҳурӣ дар майдони 225646 га шудгор ва дар майдони  139602 га кишти тирамоҳӣ гузаронидаанд, ки  рафти корҳои саҳроӣ бо маром идома дорад.

      Дар вилояти Хатлон нақшаи кишти ғалладонагиҳо 97500 гектар, иҷро шуд 83222 гектар, сабзавотҳо нақша 12140 гектар, иҷро шуд 9741 гектар, дар вилояти Суғд нақшаи кишти ғалладонагиҳо 32211 гектар, иҷро шуд 27135 гектар, сабзавотҳо нақша 1860 га, иҷро шуд 564 гектар ва дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ нақшаи кишти ғалладонагиҳо 28053 гектар, иҷро шуд 17179 гектар, сабзавотҳо нақшаи кишт 1692 гектар, иҷро шуд 1198 гектар.

Фаъолияти гармхонаҳои доимамалкунанда

     То санаи 03.12.2021 дар майдони 69,4 га гармхонаҳо кучати сабзавотҳо гузаронида шудааст, ки аз он  помидор 35,3 га, бодиринг 17,47 га ва дигар сабзавотҳо 17 гектарро ташкил медиҳад.

     Ҳаҷми истеҳсол ба ҳамин сана аз гармхонаҳо ҳамагӣ 969,3 тоннарро дар бар мегирад, ки аз он помидор 603,2 тонна, бодиринг 242,4 тонна ва дигар сабзавотҳо 123,7 тонна мебошад.

Шуъбаи матбуот ва иттилоот

Тел: 2-35-39-23

Илова кунед: