Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем, яъне масъалаи озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Гузориши матбуотӣ (04.02.2022)

06.02.2022

                 Рафти шудгор, кишти  тирамоҳӣ ва зироатҳои барвақтӣ

      Дар асоси малумотҳои Раёсати растанипарварии вазорат барои истеҳсоли соли 2022 тибқи дурнамои сохтори кишти зироатҳои кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ бояд дар майдони 611797 гектар шудгор ва дар майдони 158019 гектар кишти тирамоҳӣ ва барвақтии зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шавад.

      Ба санаи 04.02.2022 кишоварзони ҷумҳурӣ дар майдони 560578 га шудгор ва дар майдони  170189 га кишти тирамоҳӣ гузаронидаанд, ки  рафти корҳои саҳроӣ бо маром идома дорад.

Дар вилояти Хатлон нақшаи кишти ғалладонагиҳо 97500 гектар, иҷро шуд 108697 гектар, сабзавотҳо нақша 12140 гектар, иҷро шуд 11898 гектар, дар вилояти Суғд нақшаи кишти ғалладонагиҳо 32211 гектар, иҷро шуд 32715 гектар, сабзавотҳо нақша 1860 га, иҷро шуд 567 гектар ва дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ нақшаи кишти ғалладонагиҳо 28053 гектар, иҷро шуд 28553 гектар, сабзавотҳо нақшаи кишт 1692 гектар, иҷро шуд 1304 гектар.

              Коркарди тирамоҳу зимистон ва аввали баҳор бар зидди зараррасону касалиҳои боғу токзор

      Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ ба санаи 04.02.2022 коркарди тирамоҳу зимистон ва аввали баҳор бар зидди зараррасону касалиҳои боғ токзор дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ оғоз ёфта, дар майдони умумии боғҳо, ки 136159,2 гектарро ташкил медиҳад, коркарди байни қаторҳо 26654 га, буридани навдаҳо 29526 га ва коркарди кимиёӣ  9514 га гузаронида шуда, аз майдони умумии токзор, ки 30169,2 га мебошад коркарди байни қаторҳо 5466 га, буриши навдаҳо 5608 га ва коркарди кимиёвӣ дар 2625 га гузаронида шудааст.

                 Фаъолияти гармхонаҳои доимамалкунанда

     То санаи 04.02.2022 дар майдони 73,8 га гармхонаҳо кучати сабзавотҳо гузаронида шудааст, ки аз он  помидор 36,8 га, бодиринг 15,0 га ва дигар сабзавотҳо 21,9 гектарро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми истеҳсол ба ҳамин сана аз гармхонаҳо ҳамагӣ 2200,2 тоннарро дар бар мегирад, ки аз он помидор 1018,6 тонна, бодиринг 636,2 тонна ва дигар сабзавотҳо 545,5 тонна мебошад.

                Яхобмонии боғу токзорҳо ва заминҳои кушод

      Ба санаи 04.02.2022 оид ба майдони яхобмонии боғу токзорҳо ва заминҳои кушод дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ тибқи маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварии вазорат дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ майдони 61896 га-ро ташкил дода, аз он майдони 42793 га боғ ва майдони  11119 га токзор буда, шўршавии заминҳо майдони 7964 гаро дар бар мегирад.

Вилояти Хатлон майдони яхобмонӣ 23298 га, аз он майдони боғҳо 15228 га, токзор 2310 га ва шўршўии заминҳо 5760 аст. Вилояти Суғд майдони яхобмонӣ 21101 га, аз он майдони боғҳо 15092 га, токзор 3785 га ва шўршўии заминҳо 2224 га мебошад. Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ майдони яхобмонӣ 17147 га, аз он майдони боғҳо 12123 га, токзор 5024 га аст. ВМКБ майдони яхобмонӣ 350 га буда майдони боғҳо 350 гаро ташкил медиҳад.

Шуъбаи матбуот ва иттилоот

Тел: 2-35-39-23

 

 

 

 

Илова кунед: