Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Гузориши матбуотӣ (10.09.2021)

13.09.2021

      Ҷамъоварии ҳосили пахта
      Дар асоси маълумоти фаврии Раёсати растанипарварӣ оид ба рафти ҷамъоварии ҳосили пахта ба ҳолати 10.09.2021 дар ҷумҳурӣ дар майдони 177026 гектар кишти пахта гузаронида шудааст.
      Аз майдони киштшуда то имрӯз 47795 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки 3265 тоннаи он бо мошини пахтачинӣ чида шуда, ҳосили ҳақиқӣ 11,4 %-и иҷроро ташкил медиҳад.
      Вилояти Хатлон аз майдони кишти 121236 га 46745 тонна, вилояти Суғд аз майдони кишти 52782 га 962 тонна ва НТҶ аз майдони кишти 3007,9 га 88 тонна пахта ҷамъоварӣ намудаанд.
     Ҷамъоварии сабзавот
     Ба ҳолати 10.09.2021 дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳамагӣ дар майдони 40143 га сабзавот кишт шуда , аз он майдони 34093,2 га ҷамъоварӣ карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 374,2 га зиёд мебошад.
     Ҳосили умумӣ 999195,6 тоннаро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 66093,6 тонна зиёд аст, ки ҳосилнокӣ аз ҳар га 293,1 сентнерро ташкил медиҳад.
     Аз он ҷумла, пиёз 487601,2 тонна, карам 35230 тонна, помидор 187315,6 тонна, бодиринг 98724,3 тонна, сабзӣ 90292,6 тонна ва 100031,9 тонна дигар намуди сабзавотҳо ҷамъоварӣ карда шудааст.
      Ҷамъоварии ҳосили картошка
      Тибқи маълумотҳои фаврӣ оид ба рафти ҷамъоварии картошка дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ ба ҳолати 10.09.2021 дар майдони 34182 га кишти картошка гузаронида шуда, 17841,7 гектари он ҷамъоврӣ карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4869,2 га зиёд мебошад.
       Ҳосили умумии ҷамъоваришуда 318401,7 тоннаро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 98343 тонна зиёд мебошад.
       Дар вилояти Суғд аз майдони кишти 16548,4 га 7810 тонна, вилояти Хатлон аз майдони кишти 6091 га 6032 тонна, ВМКБ аз майдони кишти 1361 га 166 тонна ва НТҶ бошад аз майдони кишти 10181,6 га 3833,7 тонна картошка ҷамъоварӣ карда шудааст.
       Ҷамъоварии полизиҳо
       Тибқи маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварии вазорат соли ҷорӣ дар майдони 19090,9 га кишти полизиҳо гузаронида шуда, майдони 17792,3 га ҷамъоварӣ шудааст.
       Дар мавсими имсола кишоварзони вилояти Суғд 5100 тонна, вилояти Хатлон 12308 тонна ва НТҶ ба миқдори 384,3 тонна полизӣ ҷамъоварӣ намудаанд.
       Ҷамъоварии меваю ангур
       Мувофиқи маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ то санаи 10.09.2021 ба миқдори 133578,1 тонна мева ва 37799 тонна ангур ҷамъоварӣ карда шудааст.
       Кишоварзони вилояти Хатлон то имрӯз ба миқдори 73545 тонна мева ва 20522 тонна ангур, вилояти Суғд 45850 тонна мева ва 9200 тонна ангур, ВМКБ ба миқдори 1453 тонна мева ва НТҶ ба миқдори 12730,1 тонна мева ва 8077 тонна ангур ҷамъоварӣ намудаанд.
       Ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо
       Тибқи маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар ҷумҳурӣ маъракаи ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо босуръат идома дорад. Соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ кишоварзон дар майдони 307568 га кишти ғалладонагиҳо гузарониданд, ки то санаи 10.09.2021 майдони 282062 гектар даравида ва майдони 281641 га куфта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7044 га зиёд мебошад.
        Ҳосили умумӣ ба миқдори 832294 тонна расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 34077 тонна зиёд буда, ҳосилнокӣ аз як га 29,6 сентнерӣ мебошад.
        Дар маъракаи ҷамъоварии ҳосили зироатҳои ғалладонагиҳо аз 1086 адад комбайнҳои ғалладаравӣ (901 адад омодаи кор) ҳамагӣ 2 адад комбайнҳо иштирок намуданд.
        Ҷамъоварии ҳосили гандум
        Бо такя ба маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварии вазорат дар ҷумҳурӣ дар майдони 213087 га кишти гандум гузаронида, майдони 205557 га даравида, майдони 205388 га куфта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2911 га зиёд мебошад.
        Ҳосили умумӣ ба миқдори 671995 тонна расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 39442 тонна зиёд мебошад.


Шуъбаи матбуот ва иттилоот
тел: 235-39-23

Илова кунед: