Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем, яъне масъалаи озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Гузориши матбуотӣ (10.12.2021)

13.12.2021

Рафти ҷамъоварии ҳосили пахта

      Ба ҳолати 10.12.2021 пахтапарварони ҷумҳурӣ аз майдони умумии кишт 173945 гектар, 405911 тонна пахта ҷамъоварӣ намудаанд, ки  ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 23,3 сентнериро ташкил медиҳад. Рафти ҷамъоварии ҳосил бо маром идома дорад .

      Вилояти Хатлон аз майдони кишти 121236 га 276832 тонна, вилояти Суғд аз майдони кишти 49679 га 122654 тонна ва НТҶ аз майдони кишти 3007 га 6409,6 тонна пахта ҷамъоварӣ намудаанд.

Рафти шудгор, кишти  тирамоҳӣ ва зироатҳои барвақтӣ

      Дар асоси малумотҳои Раёсати растанипарварии вазорат барои истеҳсоли соли 2022 тибқи дурнамои сохтори кишти зироатҳои кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ бояд дар майдони 611797 гектар шудгор ва дар майдони 180074 гектар кишти тирамоҳӣ ва барвақтии зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шавад.

       Ба санаи 10.12.2021 кишоварзони ҷумҳурӣ дар майдони 275286 га шудгор ва дар майдони  159544 га кишти тирамоҳӣ гузаронидаанд, ки  рафти корҳои саҳроӣ бо маром идома дорад.

       Дар вилояти Хатлон нақшаи кишти ғалладонагиҳо 97500 гектар, иҷро шуд 99146 гектар, сабзавотҳо нақша 12140 гектар, иҷро шуд 10237 гектар, дар вилояти Суғд нақшаи кишти ғалладонагиҳо 32211 гектар, иҷро шуд 28862 гектар, сабзавотҳо нақша 1860 га, иҷро шуд 564 гектар ва дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ нақшаи кишти ғалладонагиҳо 28053 гектар, иҷро шуд 18626 гектар, сабзавотҳо нақшаи кишт 1692 гектар, иҷро шуд 1219 гектар.

Фаъолияти гармхонаҳои доимамалкунанда

     То санаи 10.12.2021 дар майдони 65,4 га гармхонаҳо кучати сабзавотҳо гузаронида шудааст, ки аз он  помидор 32,1 га, бодиринг 16,4 га ва дигар сабзавотҳо 16,9 гектарро ташкил медиҳад.

      Ҳаҷми истеҳсол ба ҳамин сана аз гармхонаҳо ҳамагӣ 988,6 тоннарро дар бар мегирад, ки аз он помидор 608,6 тонна, бодиринг 253,7 тонна ва дигар сабзавотҳо 126,3 тонна мебошад.

Техника ва мошинолоти кишоварзӣ

       Тибқи маълумотҳои оморӣ оид ба вазъи техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ ба ҳолати 01.12.2021 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 27462 адад тракторҳои  гуногунтамға мавҷуд буда, 77%-и он омодаи кор мебошад.

       Аз он 1629 адад тракторҳои шудгоркунанда, 1086 адад комбайни ғалладарав, 9182 адад ядакҳои тракторӣ, 10161 адад испорҳои тракторӣ, 3372 адад култиваторҳо, 2240 адад тухмипошакҳо аз он: 1876 адад тухмипошакҳои пахта, 1457 адад достҳои тракторӣ, 786 адад тойбанду тагрезчин, 143 адад комбайнҳои хӯроки чорвоғундор, 19 адад комбайнҳои ҷуворимаккағундор, 494 адад картошкаканакҳо, 184 адад картошкашинонакҳо, 43 адад мошини пахтачинӣ ва 267 адад алафҷамъкунакҳо дар кишту кор иштирок намуда истодаанд.  

        Бояд қайд кард, ки мувофиқи маълумоти фаврӣ оид ба воридоти техника ва мошинолоти кишоварзӣ дар 11 моҳи соли 2021 ба ҷумҳурӣ ҳамагӣ 1554 адад техника ва мошинолоти кишоварзӣ ворид гардида, аз он: тракторҳо 576 адад, комбайни ғалладаравӣ 79 адад, ядаки тракторӣ 3 адад, испори тракторӣ 80 адад, мошини алафдаравӣ 10 адад, кулухмайдакунак (фреза) 81 адад, дости трактории худгарди КСК-100 1 адад, гандумкӯбак 48 адад, култиватор 1 адад, тойбанду тагрезчин 79 адад, мотоблок 53 адад, алафдараваки тракторӣ 16 адад, дорупошак 50 адад, картошкашинонак 32 адад, картошкаканак 16 адад, култиватори картошка 16 адад, пармакунак 11 адад, тухмипошаки пахта 20 адад,  алафҷамъкунак 32 адад, тухмипошаки ҷуворимакка 17 адад, алафдараваки дискӣ 94 адад  ва алафдараваки КИР-1,5 4 адад.

         Инчунин, техникаи ёрирасони соҳаи кишоварзӣ аз ҷумла: экскаватор 107 адад, боркунак (погрузчик) 120 адад, булдозер 3 адад ва техникаҳои роҳсозӣ 5 адад ворид гардидааст.     

 

Шуъбаи матбуот ва иттилоот

Тел: 2-35-39-23

 

 

Илова кунед: