Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем, яъне масъалаи озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Гузориши матбуотӣ (14.01.2022)

18.01.2022

Рафти шудгор ва кишти  зироатҳои кишоварзӣ

      Дар асоси малумотҳои Раёсати растанипарварии вазорат барои истеҳсоли соли 2022 тибқи дурнамои сохтори кишти зироатҳои кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ бояд дар майдони 611797 гектар шудгор ва дар майдони 158019 гектар кишти тирамоҳӣ ва барвақтии зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шавад.

      Ба санаи 14.01.2022 кишоварзони ҷумҳурӣ дар майдони 498052 га шудгор ва дар майдони  170189 га кишти тирамоҳӣ гузаронидаанд, ки  рафти корҳои саҳроӣ бо маром идома дорад.

      Дар вилояти Хатлон нақшаи кишти ғалладонагиҳо 97500 гектар, иҷро шуд 108697 гектар, сабзавотҳо нақша 12140 гектар, иҷро шуд 11248 гектар, дар вилояти Суғд нақшаи кишти ғалладонагиҳо 32211 гектар, иҷро шуд 32715 гектар, сабзавотҳо нақша 1860 га, иҷро шуд 567 гектар ва дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ нақшаи кишти ғалладонагиҳо 28053 гектар, иҷро шуд 28553 гектар, сабзавотҳо нақшаи кишт 1692 гектар, иҷро шуд 1290 гектар.

        Коркарди тирамоҳу зимистон ва аввали баҳор бар зидди зараррасону касалиҳои боғу токзор

        Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ ба санаи 14.01.2022 коркарди тирамоҳу зимистон ва аввали баҳор бар зидди зараррасону касалиҳои боғу токзор дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ оғоз ёфта, дар майдони умумии боғҳо, ки 136159,2 гектарро ташкил медиҳад, коркарди байни қаторҳо 20985 га, буридани навдаҳо 21910 га ва коркарди кимиёвӣ 5675 га гузаронида шуда, аз майдони умумии токзор, ки 30169,2 га мебошад коркарди байни қаторҳо 4336 га, буриши навдаҳо 4578 га ва коркарди кимиёвӣ дар 2080 га гузаронида шудааст.

     Фаъолияти гармхонаҳои доимамалкунанда

     То санаи 14.01.2022 дар майдони 72,7 га гармхонаҳо кучати сабзавотҳо гузаронида шудааст, ки аз он  помидор 35,7 га, бодиринг 15 га ва дигар сабзавотҳо 21,9 гектарро ташкил медиҳад.

     Ҳаҷми истеҳсол ба ҳамин сана аз гармхонаҳо ҳамагӣ 2070 тоннарро дар бар мегирад, ки аз он помидор 979,8 тонна, бодиринг 585,9 тонна ва дигар сабзавотҳо 504,4 тонна мебошад.

      Яхобмонии боғу токзорҳо ва заминҳои кушод

      Ба санаи 14.01.2022 тибқи маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварии вазорат майдони яхобмонии боғу токзорҳо ва заминҳои кушод дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 53937 гектарро ташкил дода, аз он майдони боғҳо 37839 га ва майдони  токзорҳо 9011 га буда, шӯршӯии заминҳо майдони 7087 гектарро дар бар мегирад.

       Дар вилояти Хатлон майдони яхобмонӣ 21097 га, аз он майдони боғҳо 13487 га, токзор 2170 га ва шӯршӯии заминҳо 5440 аст. Вилояти Суғд майдони яхобмонӣ 16254 га, аз он майдони боғҳо 12571 га, токзор 2036 га ва шӯршӯии заминҳо 1647 га мебошад. Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ майдони яхобмонӣ 16236 га, аз он майдони боғҳо 11431 га, токзор 4805 га аст. ВМКБ дар майдони 350 га боғҳо яхобмонӣ гузаронида шудааст.


Шуъбаи матбуот ва иттилоот

Тел: 2-35-39-23

Илова кунед: