Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Гузориши матбуотӣ (21.01.2022)

24.01.2022

     Рафти шудгор ва кишти  зироатҳои кишоварзӣ

    Дар асоси малумотҳои Раёсати растанипарварии вазорат барои истеҳсоли соли 2022 тибқи дурнамои сохтори кишти зироатҳои кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ бояд дар майдони 611797 гектар шудгор ва дар майдони 158019 гектар кишти тирамоҳӣ ва барвақтии зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шавад.

    Ба санаи 21.01.2022 кишоварзони ҷумҳурӣ дар майдони 520934 га шудгор ва дар майдони  170189 га кишти тирамоҳӣ гузаронидаанд, ки  рафти корҳои саҳроӣ бо маром идома дорад.

    Дар вилояти Хатлон нақшаи кишти ғалладонагиҳо 97500 гектар, иҷро шуд 108697 гектар, сабзавотҳо нақша 12140 гектар, иҷро шуд 11527 гектар, дар вилояти Суғд нақшаи кишти ғалладонагиҳо 32211 гектар, иҷро шуд 32715 гектар, сабзавотҳо нақша 1860 га, иҷро шуд 567 гектар ва дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ нақшаи кишти ғалладонагиҳо 28053 гектар, иҷро шуд 28553 гектар, сабзавотҳо нақшаи кишт 1692 гектар, иҷро шуд 1299 гектар.

    Коркарди тирамоҳу зимистон ва аввали баҳор бар зидди зараррасону касалиҳои боғу токзор

    Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ ба санаи 21.01.2022 коркарди тирамоҳу зимистон ва аввали баҳор бар зидди зараррасону касалиҳои боғ токзор дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ оғоз ёфта, дар майдони умумии боғҳо, ки 136159,2 гектарро ташкил медиҳад, коркарди байни қаторҳо 23550 га, буридани навдаҳо 24917 га ва коркарди кимиёӣ  6689 га гузаронида шуда, аз майдони умумии токзор, ки 30169,2 га мебошад коркарди байни қаторҳо 4801 га, буриши навдаҳо 5058 га ва коркарди кимиёвӣ дар 2146 га гузаронида шудааст.

    Фаъолияти гармхонаҳои доимамалкунанда

     То санаи 21.01.2022 дар майдони 73,га гармхонаҳо кучати сабзавотҳо гузаронида шудааст, ки аз он  помидор 36,8 га, бодиринг 15 га ва дигар сабзавотҳо 21,9 гектарро ташкил медиҳад.

    Ҳаҷми истеҳсол ба ҳамин сана аз гармхонаҳо ҳамагӣ 2074 тоннарро дар бар мегирад, ки аз он помидор 982,7 тонна, бодиринг 587,2 тонна ва дигар сабзавотҳо 504,4 тонна мебошад.

    Яхобмонии боғу токзорҳо ва заминҳои кушод

    Ба санаи 21.01.2022 тибқи маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварии вазорат майдони яхобмонии боғу токзорҳо ва заминҳои кушод дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 57533 гектарро ташкил дода, аз он майдони боғҳо 39772 га ва майдони  токзорҳо 10333 га буда, шӯршӯии заминҳо майдони 7428 гектарро дар бар мегирад.

    Дар вилояти Хатлон майдони яхобмонӣ 21377 га, аз он майдони боғҳо 13651 га, токзор 2191 га ва шӯршӯии заминҳо 5535 аст. Вилояти Суғд майдони яхобмонӣ 18819 га, аз он майдони бғҳњо 13801 га, токзор 3125 га ва шӯршӯии заминҳо 1893 га мебошад. Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ майдони яхобмонӣ 16987 га, аз он майдони боғҳо 11970 га, токзор 5017 га аст. ВМКБ дар майдони 350 га боғҳо яхобмонӣ гузаронида шудааст.

    Воридот ва вазъи техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ

         Мувофиқи маълумоти фаврӣ оид ба воридоти техника ва мошинолоти кишоварзӣ дар соли 2021 ба ҷумҳурӣ ҳамагӣ 1972 адад техника ва мошинолоти кишоварзӣ ворид гардида, аз он: тракторҳо 620 адад, комбайни ғалладарав 79 адад, ядаки тракторӣ 3 адад, испори тракторӣ 155 адад, мошини алафдаравӣ 11 адад, кулухмайдакунак (фреза) 121 адад, дости трактории худгарди КСК-100 1 адад, гандумкӯбак 48 адад, култиватор 1 адад, тойбанду тагрезчин 87 адад, мотоблок 173 адад, алафдараваки тракторӣ 82 адад, дорупошак 70 адад, картошкашинонак 32 адад, картошкаканак 16 адад, култиватори картошка 16 адад, пармакунак 11 адад, тухмипошаки пахта 20 адад, алафҷамъкунак 32 адад, тухмипошаки ҷуворимакка 17 адад, алафдараваки дискӣ 94 адад, комбайни силосғундор 1 адад, алафдараваки КИР-1,5 4 адад ва алафҷамъкунак 8 адад.

         Инчунин, техникаи ёрирасони соҳаи кишоварзӣ аз ҷумла: экскаватор 125 адад, боркунак (погрузчик) 132 адад, булдозер 3 адад ва техникаҳои роҳсозӣ 10 адад ворид гардидааст.

    Тибқи маълумотҳои оморӣ оид ба вазъи техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ ба ҳолати 01.01.2022 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 27590 адад тракторҳои  гуногунтамға мавҷуд буда, 77%-и он омодаи кор мебошад.

         Аз он 1616 адад (66%) тракторҳои шудгоркунанда, 1098 адад (83%)  комбайни ғалладарав, 8597 адад (82%) ядакҳои тракторӣ, 10280 адад (87%) испорҳои тракторӣ, 3390 адад (85%) култиваторҳо, 2244 адад (88%) тухмипошакҳо аз он: 1888 адад (89%) тухмипошакҳои пахта, 1451 адад (88%)  достҳои тракторӣ, 801 адад (90%) тойбанду тагрезчин, 142 адад (68%) комбайнҳои хӯроки чорвоғундор, 19 адад (74%) комбайнҳои ҷуворимаккағундор, 466 адад (83%) картошкаканакҳо, 190 адад (95%) картошкашинонакҳо, 45 адад (62%) мошини пахтачинӣ ва 287 адад (83%)  алафҷамъкунакҳо дар кишту кор иштирок намуда истодаанд.  

            

Шуъбаи матбуот ва иттилоотт

тел: 2-35-38-63

Илова кунед: