Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем, яъне масъалаи озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Гузориши матбуотӣ (26.11.2021)

29.11.2021

Рафти ҷамъоварии ҳосили пахта

      Ба ҳолати 26.11.2021 пахтапарварони ҷумҳурӣ аз майдони умумии кишт 173945 гектар, 399295 тонна пахта ҷамъоварӣ намудаанд, ки  ҳосилнокии миёна аз ҳар як гектар 23 сентнериро ташкил медиҳад. Рафти ҷамъоварии ҳосил бо маром идома дорад .

      Вилояти Хатлон аз майдони кишти 121236 га 271124 тонна, вилояти Суғд аз майдони кишти 49679 га 121775 тонна ва НТҶ аз майдони кишти 3007 га 6380,6 тонна пахта ҷамъоварӣ намудаанд.

Рафти шудгор, кишти  тирамоҳӣ ва зироатҳои барвақтӣ

      Дар асоси малумотҳои Раёсати растанипарварии вазорат барои истеҳсоли соли 2022 тибқи дурнамои сохтори кишти  зироатҳои кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ бояд дар майдони 611797 гектар шудгор ва дар майдони 180074 гектар кишти тирамоҳӣ ва барвақтии зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шавад.

      Ба санаи 26.11.2021 кишоварзони ҷумҳурӣ дар майдони 172046 га шудгор ва дар майдони  108527 га кишти тирамоҳӣ гузаронидаанд, ки  рафти корҳои саҳроӣ бо маром идома дорад.

      Дар вилояти Хатлон нақшаи кишти ғалладонагиҳо 97500 гектар, иҷро шуд 60665 гектар, сабзавотҳо нақша 12140 гектар, иҷро шуд 9578 гектар, дар вилояти Суғд нақшаи кишти ғалладонагиҳо 32211 гектар, иҷро шуд 25985 гектар, сабзавотҳо нақша 1860 га, иҷро шуд 563 гектар ва дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ нақшаи кишти ғалладонагиҳо 28053 гектар, иҷро шуд 10512 гектар, сабзавотҳо нақшаи кишт 1692 гектар, иҷро шуд 1061 гектар.

Рафти кишти сабзавот дар гармхонаҳои доимамалкунанда

     То санаи 26.11.2021 дар майдони 71,3 га гармхонаҳо кучати сабзавотҳо гузаронида шудааст, ки аз он  помидор 37 га, бодиринг 17,97 га ва дигар сабзавотҳо 16, 3 гектарро ташкил медиҳад.

     Ҳаҷми истеҳсол ба ҳамин сана аз гармхонаҳо ҳамагӣ 1093,9 тоннарро дар бар мегирад, ки аз он помидор 671,2 тонна, бодиринг 281,1 тонна ва дигар сабзавотҳо 141,6 тонна мебошад.

Шуъбаи матбуот ва иттилоот

Тел: 2-35-39-23

Илова кунед: