Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Гузориши матбуотӣ (31.12.2021)

04.01.2022

       Рафти шудгор, кишти  тирамоҳӣ ва зироатҳои барвақтӣ

       Дар асоси малумотҳои Раёсати растанипарварии вазорат барои истеҳсоли соли 2022 тибқи дурнамои сохтори кишти зироатҳои кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ бояд дар майдони 611797 гектар шудгор ва дар майдони 180074 гектар кишти тирамоҳӣ ва барвақтии зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шавад.

       Ба санаи 31.12.2021 кишоварзони ҷумҳурӣ дар майдони 435847 га шудгор ва дар майдони  176776 га кишти тирамоҳӣ гузаронидаанд, ки  рафти корҳои саҳроӣ бо маром идома дорад.

       Дар вилояти Хатлон нақшаи кишти ғалладонагиҳо 97500 гектар, иҷро шуд 107947 гектар, сабзавотҳо нақша 12140 гектар, иҷро шуд 10968 гектар, дар вилояти Суғд нақшаи кишти ғалладонагиҳо 32211 гектар, иҷро шуд 30975 гектар, сабзавотҳо нақша 1860 га, иҷро шуд 567 гектар ва дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ нақшаи кишти ғалладонагиҳо 28053 гектар, иҷро шуд 22673 гектар, сабзавотҳо нақшаи кишт 1692 гектар, иҷро шуд 1249 гектар.

      Фаъолияти гармхонаҳои доимамалкунанда

     То санаи 31.12.2021 дар майдони 76,7 га гармхонаҳо кучати сабзавотҳо гузаронида шудааст, ки аз он  помидор 36,2 га, бодиринг 19,4 га ва дигар сабзавотҳо 21,2 гектарро ташкил медиҳад.

     Ҳаҷми истеҳсол ба ҳамин сана аз гармхонаҳо ҳамагӣ 2013 тоннарро дар бар мегирад, ки аз он помидор 915,5 тонна, бодиринг 610,7 тонна ва дигар сабзавотҳо 486,9 тонна мебошад.


Шуъбаи матбуот ва иттилоот

Тел: 2-35-39-23

Илова кунед: