Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем, яъне масъалаи озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

ГУЗОРИШИ МАТБУОТӢ (ПРЕСС-РЕЛИЗ)

04.01.2021

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иттилонокии аҳолӣ аз рафти корҳои анҷомдодашуда ба ҳолати 29.12.2020 чунин ахборот медиҳад.

Кишти тирамоҳӣ

         Рафти шудгор, кишти тирамоҳӣ ва барвақтии зироатҳои кишоварзӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавӣ мувофиқи маълумоти фаврӣ то 25.12.2020  дар ҷумҳурӣ майдони 385019 га шудгор карда шуда, дар майдони 187452 га кишти тирамоҳӣ ва барвақтӣ гузаронида шуд.

         Аз майдони киштшуда  ҳамагӣ дар 171713 га ғалладонагиҳо,  аз он заминҳои обӣ  69443 га,  гандум дар 157242 га, ҷав  14471 га,  картошкаи барвақтӣ 1329 га, сабзавоти  барвақтӣ ҳамагӣ 14410 га, пиёзи барвақтӣ 11074 га, сабзии барвақтӣ 1737 га, карами барвақтӣ 756 га ва дигар сабзавотҳои барвақтӣ дар 843 га кошта шудааст.

Яхобмонии заминҳо

         Мувофиқи маълумоти Раёсати растанипарварӣ оид ба майдони яхобмонии заминҳои кушод ва боғу токзорҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба 25.12.2020  дар 19246 гектар яхобмонӣ гузаронида шуд, ки он 32 % -ро ташкил медиҳад.

         Аз ҷумла, вилояти Суғд 8019 гектар, вилояти Хатлон 3037 гектар ва НТҶ дар 8190 гектар майдони заминҳо  яхобмонӣ гузаронида шуд.

Гармхонаҳо

         То 25.12.2020 мувофиқи маълумотҳо  дар ҷумҳурӣ фаъолияти гармхонаҳои доимамалкунанда майдони умумии 91,66 гектар кишт шуда, аз он помидор 50, 99 гектар, бодиринг 18,37  га ва дигар сабзавотҳо 22,30 га-ро ташкил медиҳад.

         Ҳаҷми истеҳсол ҳамагӣ 1319,3 тоннаро дар бар мегирад, ки аз он: помидор 804, 2 тонна, бодиринг 329, 4 тонна ва  дигар сабзавотҳо 185,7 тонна мебошад.

Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

         Мувофиқи маълумотҳо оид ба истеҳсоли маҳсулоти асосии кишоварзӣ ба 1 декабри соли 2020 ҳамагӣ дар ҷумҳурӣ 1500078 тонна ғалладонагиҳо, 404086,5 тонна пахта, 989184 тонна картошка, 2408595 тонна сабзавот, 741849 тонна полизӣ, 459274,4 тонна мевагиҳо, 230833 тонна ангур, 239052 тонна гўшт, 860333,5 тонна шир, 892367 ҳазор дона тухм, 7342 тонна пашм, 388 тонна пилла, 4122 тонна асал ва 2791 тонна моҳӣ истеҳсол шудааст.  

Картошкаи барвақтӣ  

         Дар асоси маълумоти оморӣ оид ба рафти ҷамъоварии картошка дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)  ва ҷамоавии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ то 01.12.2020 аз майдони кишти 33027 га 989184  гектар картошка  ҷамъоварӣ  шудааст.

         Ҳосили умумӣ 897169 тоннаро ташкил медиҳад.

         Дар ВМКБ аз майдони 1304 га кишти картошка 1227 га, вилояти Суғд аз  майдони  15631 га   14598 тонна,  вилояти   Хатлон   аз    майдони 

4443 га  3288 тонна ва НТҶ  аз майдони 11649 га 10445 тонна картошка ҷамъоварӣ карда шуд.

Сабзавоти барвақтӣ

         Тибқи маълумоти фаврии  Раёсати растанипарварӣ оид ба рафти ҷамъоварии сабзавот дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  то 25.12.2020 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ дар майдони кишти 39902 га сабзавот кишт шуда, майдони 39498 га  ҷамъоварӣ  карда шудааст, ки ҳосили умумии  он 2202378 тоннаро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 352719  тонна зиёд мебошад.

         Аз он пиёз 565502 тонна, карам 60317 тонна, помидор 269553 тонна, бодиринг 103334 тонна ва  сабзӣ 146438 тонна  ҷамъоварӣ карда шуд.

Рушди соҳаи чорводорӣ

         Рушди соҳаи чорводорӣ яке аз вазифаҳои муҳими соҳа ба ҳисоб рафта, ҷиҳати беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо гўшт, шир ва тухми паранда дар ҷумҳурӣ тибқи маълумоти оморӣ ба 01.11.2020 нишондиҳандаҳои асосии соҳаи чорводорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 2368825 сар чорвои калон ва 5845162 сар чорвои хурд, 82857 сар асп ва 9891855 сар паранда парвариш меёбад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта саршумор 1304508  сар афзоиш ёфтааст.

         Дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ саршумори чорвои калон 168465 сар, гўсфанду буз 1104835 сар, асп 21428 сар, паранда 6566403 сар расонида шуд, ки нисбат ба соли 2019 саршумори чорвои калон 101,1%, гўсфанду буз 103,2% ва паранда 124,2%  зиёд  гардидааст.

         Мувофиқи маълумот ба 01.11.2020 785401,1 ҳазор дона тухм истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 223337,3 ҳазор дона (139,7 %) зиёд мебошад.

         Ба 1 ноябри соли 2020, 1750,7 тонна моҳӣ истеҳсол гардидааст.

         Соҳаи занбўрпарварӣ дар шароити кўҳсори ҷумҳурӣ соҳаи сердаромад ба ҳисоб рафта, дар ҷумҳурӣ мувофиқи маълумоти оморӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 234397 оилаи занбўри асал парвариш ёфта истодааст, ки нисбати соли 2019 4829 оила зиёд гардидааст. Тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати  01.11.2020, 3783,6  тонна асал истеҳсол карда шудааст.

Техника ва мошинолоти кишоварзӣ

         Рафти шудгор ва кишти тирамоҳии зироатҳои кишоварзӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ зери назорат қарор дошта, то имрўз майдони 223208 гектар шудгор карда шуда, дар майдони 143195 гектар кишти тирамоҳӣ ва барвақтии зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шуд, ки ин мутаносибан 36 ва 79 фоизи иҷроиши дурнаморо ташкил менамояд.

         Аз миқдори заминҳои шудгоршуда дар ВМКБ 2644 гектар (42%), вилоятҳои Суғд 68691 гектар (33%), Хатлон 118552 гектар (38%) ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бошад 33321 гектарро (38%) ташкил менамояд.

         Имрўзҳо дар тамоми хоҷагиҳои кишоварзии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таъмири техникаю мошинолоти кишоварзӣ марҳила ба марҳила ба охир расида истода дар рафти шудгор ва кишти тирамоҳии зироатҳои кишоварзӣ васеъ истифода гардида истодаанд.

         Тибқи маълумотҳои оморӣ ба ҳолати 01.11.2020 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагиҳои ҷумҳурӣ 27062 адад тракторҳои гуногунтамға мавҷуд буда, аз он 20690 ададаш (76%) омодаи кор мебошад.

        Бояд тазаккур дод, ки мувофиқи маълумотҳои фаврӣ  ба ҳолати 04.12.2020 дар рафти шудгор ва кишти тирамоҳии зироатҳои кишоварзӣ зиёда аз 6836 адад тракторҳои гуногунтамға, аз он 507 адад тракторҳои шудгоркунанда (тасмачарх), 4298 адад испорҳои тракторӣ, 144 адад тухмипошакҳои ғалла ва 78 адад нуриандозакҳои тракторӣ иштирок намуда истодаанд.

Шуъбаи матбуот ва иттилооти
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Илова кунед: