Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

ГУЗОРИШИ МАТБУОТӢ (ПРЕСС-РЕЛИЗ) 04.06.2021.

09.06.2021

         Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла  растанипарварӣ, чорводорӣ ва дигар соҳаҳои истеҳсоли кишоварзӣ пайваста тадбирҳо андешида, ба маълумоти сокинони мамлакат ва  ВАО –и кишвар доир ба тозатарин дастовардҳои истеҳсоли маҳсулоти  кишоварзӣ, ба ҳолати 04.06.2021 маълумот  пешниҳод менамояд. 

                                                                                              Кишти пахта

          Дар асоси маълумоти фаврии Раёсати растанипарварӣ оид ба рафти кишти пахта мувофиқи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ҳолати 04.06.2021 дар майдони 186745 гектар пахта кишт шудааст, ки 97,8 фоизи иҷроро ташкил медиҳад.

         Аз он дар вилояти Суғд 59764 га (98,8%), вилояти Хатлон 123274 га (99%) ва НТҶ дар майдони 3707 га (61,8%) кишт гузаронида шудааст.

                                                                                 Кишти зироатҳои кишоварзӣ

          Тибқи маълумоти фаврӣ оид ба рафти кишти зироатҳои кишоварзӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии ҷумҳурӣ ба ҳолати 04.06.2021 кишти баҳорӣ ҳамагӣ дар майдони 442142 га ва кишти ғалладонаи  баҳорӣ дар майдони 116279 га гузаронида шуд.

          Аз он 210610 гектари майдони киштшударо зироатҳои техникӣ, аз ҷумла: дар майдони 34249 га картошка, 17784 га полизӣ, сабзавот ҳамагӣ 37634 га аз он ҷумла: карам 1367 га, сабзӣ 4504 га, пиёз 16390 га, помидор 7801 га, бодиринг 3555 га, дигар сабзавотҳо 4017 га ва зироатҳои хӯроки чорво дар 25586 гектар кишт шудааст.

                                                                             Гармхонаҳои доимамалкунанда

          Тибқи маълумоти ҷамъбастии фаврӣ оид ба фаъолияти гармхонаҳои доимамалкунанда мувофиқи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ то 04.06.2021 дар майдони 90,6 га кишт гузаронида шуда, аз он: помидор 55,5 га, бодиринг 16,51 га ва дигар сабзавотҳо 18,6 гектарро ташкил медиҳад.

         Ҳаҷми истеҳсол ҳамагӣ 1620,1 тоннаро дар бар мегирад, ки аз он: помидор 949,2 тонна, бодиринг 309,2 тонна ва дигар сабзавотҳо 361,7 тонна мебошад.

                                                                              Гармхонаҳои мавсимӣ

          Мувофиқи маълумоти ҷамъбастии фаврӣ оид ба фаъолияти гармхонаҳои мавсимӣ мувофиқи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ то 04.06.2021 дар майдони 610,66 га кишт гузаронида шуда, аз он: помидор 246,74 га, бодиринг 219,61 га ва дигар сабзавотҳо 144,3 гектарро ташкил медиҳад.

          Ҳаҷми истеҳсол ҳамагӣ 13773,9 тоннаро дар бар мегирад, ки аз он: помидор 3185,2 тонна, бодиринг 6459,0 тонна ва дигар сабзавотҳо 4129,7 тонна мебошад.

                                                                      Коркарди кимиёвӣ бар зидди малах

        Тибқи маълумоти фаврӣ  оид ба майдони паҳнгаштаи малах ва коркарди кимиёвӣ бар зидди он дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ҳолати 04.06.2021 майдони тухмгузошташудаи малах 113869 гектарро ташкил дода, дар майдони 116229 паҳн гаштааст.
          Аз ин дар майдони 103102 га коркарди кимиёвӣ гузаронида шуда, майдони 13127 га боқӣ мондааст.
          Малах дар вилоятҳои Хатлон дар майдони 66876 га, Суғд 34155 га, НТҶ 14993 га ва ВМКБ дар майдони 205 га паҳн гаштааст.
       Қайд кардан ба маврид аст, Муассисаи давлатии “Экспедитсияи мубориза бар зидди малах”-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт корро ҷоннок намуда, тамоми чораҳои заруриро андешида истодааст.

 

 Шуъбаи матбуот ва иттилоот   

 

Илова кунед: