Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

ГУЗОРИШИ МАТБУОТӢ (ПРЕСС-РЕЛИЗ) 05.08.2020

06.08.2020

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти хеш бо сокинони мамлакат ҳушдор намуданд, ки “ Тақвият додани корҳо дар самти ҳифзи амнияти озуқавории кишвар, истифодаи самараноки ҳар як порчаи замин, гирифтани се-чор ҳосил ва ташкили захираи дусолаи озуқавории ҳар як оилаи кишвар ниҳоят муҳим мебошад”.
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин асно ба ВАО –и ҷумҳурӣ ва сокинони мамлакат оид ба рафти фаъолияти кишоварзони мамлакат ба ҳолати 05.08.2020 чунин маълумот пешниҳод менамояд.

На изображении может находиться: 1 человек, стоит и на улице

РЕЗААХБОРИ КИШОВАРЗӢ

• Санаи 14-уми июли соли 2020 дар ноҳияи Рӯдакӣ семинар оид ба «Технологияи парвариши картошка дар кишти такрорӣ» баргузор гардид.

• Ҷаласа оид ба баррасии Нақша чорабиниҳо “Дар бораи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” дар Вазорати кишоварзӣ доир гардид.

• То санаи 30.07.2020 дар ҷумҳурӣ ҳудуди 33026 гектар картошка кишт гардидааст, ки аз он 8885 гектар (184914 тонна) ҷамъоварӣ шудааст.

• То санаи 03.08.2020 дар майдони 165400 га кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шудааст, ки 89 фоизи иҷроиши дурнаморо ташкил медиҳад.

• Ба ҳолати 30.07.2020 дар ҷумҳурӣ ба миқдори 119954 тонна мева ва 4817 тонна ангур ҷамъоварӣ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мева 4341 тонна ва ангур 1512 тонна зиёд мебошад.

На изображении может находиться: 1 человек, сидит и стоит

С Е М И Н А Р


Санаи 14-уми июли соли 2020 дар ноҳияи Рӯдакӣ семинар оид ба «Технологияи парвариши картошка дар кишти такрорӣ» баргузор гардид.
Дар кори семинар намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ, сардорону мутахассисони идораи кишоварзии ноҳияҳои минтақаи водии Ҳисор, хоҷагиҳои деҳқонӣ, воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Инчунин зиёда аз 70 - нафар хоҷагидорони шаҳру ноҳияҳои минтақа, аз он 30 - нафар аз дигар шаҳру ноҳияҳо ва шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Мақсади баргузории семинар таҳлилу баррасии масоили ҳалталаби рушди соҳаи картошкапарварӣ, аз ҷумла парвариши картошка дар кишти такрорӣ, дарёфти усулҳои нави парвариш, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва сифати он, зиёд намудани истеҳсол, нигоҳдорӣ, маркетинги содирот, инчунин ҳавасмандгардонии хоҷагидорон ва таъмини аҳолӣ бо картошкаи босифат ва тухмиҳои хушсифати ватанӣ мебошад.

На изображении может находиться: 3 человека, люди стоят, толпа и на улице
Олимон ва мутахассисони соҳа дар маърӯзаҳои худ оид ба масъалаҳои ҳалталаби рушди соҳаи картошкапарварӣ, технологияи парвариши картошка дар кишти такрории шароити водигӣ, парвариши зироатҳои сабзавотӣ дар кишти такрорӣ, самаранокии иқтисодии рушди соҳа, коркарди замин пеш аз кишт, баланд бардоштани сатҳи корҳои механиконӣ, риоя намудани агротехникаи парвариш, ғизодиҳӣ, меъёри обмонӣ, мубориза бар зидди ҳашаротҳои зараррасон ва касалиҳо, тадбирҳои беҳтар намудани ташкили хоҷагидорӣ дар парвариш, ҷамъоварии ҳосил, инчунин баланд бардоштани даромаднокии соҳа тавсияю дастурҳо пешниҳод намуданд.
Дар қисми амалӣ иштирокчиён бо гузаронидани кишти такрории картошка дар шароити водигӣ, дар хоҷагиҳои ноҳияи Рӯдакӣ шинос шуданд.

На изображении может находиться: один или несколько человек, люди сидят, толпа, дерево и на улице

ҶАЛАСА ОИД БА СТРАТЕГИЯИ МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ


Санаи 04.08.2020 дар толори маҷлисии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа оид ба баррасии Нақша чорабиниҳо “Дар бораи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” бо иштироки муовинони Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормадони дастгоҳи марказӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ ва ташкилотҳои зертобеъ баргузор гардид.

На изображении может находиться: 4 человека, люди сидят, гостиная и в помещении
Ҷаласаро Муовини якуми Вазири кишоварзӣ Каримзода С.Ғ. оғоз намуда, таъкид намуданд, ки
“ Коррупсия яке аз омилҳои таҳдидкунандаи Истиқлолияти давлатӣ, амнияти миллӣ ва суботи иҷтимоию иқтисодӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин росто фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 –ми августи соли 2013, № 1504 чорабиниҳо “Дар бораи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” ба ҳисоб меравад, ки баррасии иҷрои нақшаи чорабиниҳои он мавзӯи ҷаласаи имрӯзаи моро ташкил медиҳад”.

На изображении может находиться: 1 человек
Сипас, ҳисоботи сармутахассиси Раёсати кадрӣ ва таъминоти ҳуқуқӣ оид ба «Таҳлили ҳолати татбиқ ва иҷрои нақшаи чорабиниҳои Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2020» шунида шуда, натиҷагирӣ карда шуд.
Дар анҷоми ҷаласа масъулини дастгоҳи марказии вазорат ва роҳбарони ташкилотҳои зертобеъи он вазифадор карда шуданд, ки бо дарназардошти дар соли 2020 ба охир расидани муҳлати иҷрои Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравии худро бори дигар таҷдиди назар намуда, татбиқ ва иҷрои пурсамари онҳоро таъмин карда, аз натиҷааш тибқи тартиби муқарраргардида ба роҳбарияти вазорат маълумоти муфассал пешниҳод намоянд.

На изображении может находиться: 2 человека, люди сидят, свадьба и костюм                        На изображении может находиться: 3 человека, люди сидят и в помещении

ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ КАРТОШКА

Дар сарчашмаҳои илмӣ оид ба картошканигоҳдорӣ тавсия дода мешавад, ки барои нигоҳ доштан он маҷмӯи тадбирҳо нақши муҳим мебозад.
Ҳангоми картошканигоҳдорӣ ба он бояд диққат дод, ки моддаҳои ғизоӣ, таъм, вазн ва дигар хусусиятҳои картошка аз картошкаи нав фарқ накунад. Муддати нигоҳ доштани картошка ба сифати навъ, шароити парвариш ва тарзи нигоҳдорӣ (ҳарорати анбор, намии нисбии ҳаво, таркиби газҳои муҳит ва ғ.) вобаста аст.

На изображении может находиться: еда
Дар сурати ба замин бисёр додани об, нуриҳои нитрогендор ва пору, сербориш омадани тобистон ва баҳор картошка гирифтори касалиҳои фитотороз ва анаэробиоз шуда, дар анбоз мепӯсад.
Пеш аз нигоҳдорӣ картошкаҳоро дар ҷои алоҳида тӯда карда, болояшро бо алафи хушк мепӯшонанд. Баъди 2-3 ҳафта картошкаҳои нуқсондорро ҷудо ва картошкаҳои бенуқсро дар хамбаҳо тӯда мекунанд. Картошкаҳоро баъди ғундоштан 1-2 соат дар ҳавои кушод хушк карда, сипас ба анбор дароварда лозим аст.

Рафти ҷамъоварии картошка дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ то 30.07.2020 дар ҳудуди 33026 гектар картошка кишт кардидааст, ки аз он 8885 гектар (184914 тонна) ҷамъоварӣ гардидааст.
Аз ҷумла, дар ВМКБ 17 га (256 тонна), Суғд 2700 га (43200 тонна), Хатлон 4128 га (82539 тонна), НТҶ 2040 га (36283 тонна) картошка ҷамъовари шудааст.

РАФТИ КИШТИ ТАКРОРИИ КАРТОШКА

На изображении может находиться: один или несколько человек, люди стоят и на улице

Вазорат кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкори бо олимону пажӯҳишгарони Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур миёни аҳолӣ семинарҳои амалӣ минтақавӣ оид ба роҳҳои зиёд намудани истеҳсоли картошка дар кишти такрорӣ бо истифода аз технологияи муосирро ба роҳ мондаанд, ки мувофиқи нақша чорабиниҳо гузаронида мешаванд. Аз семинарҳои баргузоргарди аён мегардад, ки олимону пажӯҳишгарон дар мавсими кишти такрории картошка навъҳои “Тоҷикистон”, “Дурахшон”, “Шукрона”, “Жуковскии барвақтӣ”-ро тавсия медишанд.
Дар асоси ахбороти вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ то санаи 03.08.2020 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 1014 гектар кишти такрории картошка гузаронида шудааст, ки 13,4 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад.
Аз ҷумла, дар вилояти Суғд 422 га (24,3 фоиз), Хатлон 224 га (4,7 фоиз) ва дар НТҶ 368 га (33,5 фоиз) кишт гузаронида шудааст.

САХОВАТИ ЗАМИН


Замин, умре туро бо ормон мепарварад деҳқон,
Ғами обу ғизоят мехӯрад дар чор фасли сол.
Пас аз заҳмат кашиданҳо, талошу ранҷи бепоён,
Ту ӯро аз саховат мекушоӣ чеҳраи иқбол.
                                                                                           Алӣ Бобоҷон

Самаранок истифода бурдани заминҳои корам ва дуруст риоя намудани агротехникаи парвариши зироатҳои кишоварзӣ боиси он гаштааст, ки имрӯзҳо ҳосилнркии заминҳои корам ҳосили дилхоҳ ба даст биёрад.
То санаи 30.07.2020 дар ҷумҳурӣ ҳосили майдони 27276 га сабзавот ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4083 га зиёд мебошад. Ҳосили умумии ҷамъовардашуда дар ҷумҳурӣ 793033 тоннаро ташкил медиҳад. Аз он ҷумла 458804 тонна пиёз, 32228 тонна карам, 117463 тонна помидор, 66048 тонна бодиринг, 73507 тонна сабзӣ ва 44983 тонна дигар сабзавотҳо ҷамъоварӣ гардидааст.
Рафти ҷамъоварии сабзавот дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳури идома дорад.

КИШТИ ТАКРОРИИ ЗИРОАТҲОИ КИШОВАРЗӢ

На изображении может находиться: фрукт, растение и еда

Имрӯзҳо кишоварзони ҷумҳурӣ баъди ҷамъоварии ҳосили зироатҳои кишоварзӣ ба кишти такрорӣ оғоз намуданд.
Тибқи дурнамо соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 185948 гектарр ташкил дода, то санаи 03.08.2020 дар майдони 165400 га кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шудааст, ки 89 фоизи иҷроиши дурнаморо ташкил медиҳад.
Майдони умумии кишти такрории зироатҳои ғалладонагиҳо, ки 91063 гектарро ташкил медиҳад аз он 5022 га ҷуворимакка барои дон, 14228 га кишти шолӣ, 26144 га кишти дигар ғалладонагиҳо ва инчунин, дар майдони 20851 га сабзавот, 6416 га полезиҳо, 3510,2 га кишти зироатҳои техникӣ ва 42546 га кишти хӯроки чорво ба роҳ монда шудааст, ки кор дар ин самт ба марром идома дорад.

ҶАМЪОВАРИИ МЕВАЮ АНГУР

На изображении может находиться: фрукт и еда

Мувофиқи маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ рафти ҷамъоварии меваю ангур дар хоҷагиҳои ҷумҳурӣ то санаи 30.08.2020 ба миқдори 119954 тонна мева ва 4817 тонна ангур ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мева 4341 тонна ва ангур 1512 тонна зиёд мебошад.
Дар мавсими имсола кишоварзони вилояти Хатлон то имруз ба миқдори 50719 тонна мева, 3938 тонна ангур, вилояти Суғд 62900 тонна мева, 200 тонна ангур, тонна ва дар НТҶ 6335 ба миқдори 6335 тонна мева ва 679 тонна ангур ҷамъоварӣ карда шудааст.

На изображении может находиться: фрукт, еда и на улице

КИШТИ ШОЛӢ

Шолӣ баъд аз ғалладонагиҳо дар ҷаҳон аз ҷиҳати майдони кишт ва ҳосил ҷойи дуюмро ишғол менамояд. Аз ҷиҳати ғизонокӣ бартариҳои зиёд дошта, талабот ба он коҳиш намеёбад. Мувофиқи ҳадди ақали маҳсулоти ғизоӣ барои гурӯҳҳои асосии иҷтимоию демографии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як сол ба ҳар сари аҳолӣ 11,28 кг биринҷ рост меояд.
То санаи 30.07.2020 дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷомеавии ҷумҳурӣ дурнамои кишти асосии шолӣ 13407 гектар кишт гапдидааст, ки иҷроиши (106 фоиз) ташкил медиҳад.

ҶАМЪОВАРИИ ҒАЛЛАДОНАГИҲО

Тибқи маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварии вазорат рафти ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо мувофиқи ахбороти вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ҳолати 30.07.2020 майдони кишт 300304 га ба қайд гирифта шудааст, ки аз он 223297 га даравида шудааст.
Ҳосили умумии ҷамъовардашудаи ғалладонагӣ ва лубиёгиҳо 664011 тонна ташкил дода, дар муқоиса нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18832 тонна зиёд мебошад.
Дар ВМКБ 57 тонна, дар вилояти Суғд 148416 тонна, вилояти Хатлон 429049 тонна ва НТҶ 86489 тонна ҷамъоварӣ гардидааст.

ДАВРАИ АФЗОИШ ВА КОРҲОИ АГРОТЕХНИКИИ ПАХТА

Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 30.07.2020 оид ба кишт, сабзиш, давраҳои афзоиш ва гузаронидани чорабиниҳои агротехникии пахта мувофиқи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ майдони зиёда 186155 га, ки пурра сабзидааст, 6832 га дар ҳолати аз 1 то 2 куракӣ, майдони 31044 га дар ҳолати 3-4 куракӣ, майдони 61567 га дар ҳолати 5-6 куракӣ, майдони 85414 га дар ҳолати аз 7 то 8 куракӣ ва майдони 141 га дар ҳолати шонабандӣ, майдони 1157 га дар ҳолати гулкунӣ қарор дорад.
Кишоварзон бо риояи корҳои агротехникӣ дар майдони 851229 га коркарди байни қаторҳо ва дар майдони 445128 га озуқадиҳӣ гузарониданд.

Шуъбаи матбуот ва иттилоот
Тамос: 235 39 23

 

Илова кунед: