Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем, яъне масъалаи озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

ГУЗОРИШИ МАТБУОТӢ (ПРЕСС-РЕЛИЗ) 12.08.2020

12.08.2020

        Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид месозанд, ки мамлакати мо дорои имкониятҳои васеи истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ мебошад. Бо дарназардошти ин, дар сурати оқилона ва самаранок истифода бурдани захираҳои истеҳсолии соҳа мо метавонем худро бо маҳсулоти ғалладонагиҳо, меваю сабзавот, гӯшту шир ва дигар намудҳои озуқа таъмин намоем.
        Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун пешбарандаи сиёсати давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ барои расидан ба ҳадафҳои дар боло зикр гардида тамоми тадбирҳоро амалӣ намуда, ҷиҳати иттилоотнокии шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва намояндагони ВАО ба ҳолати 12.08.2020 чунин гузориши матбуотиро пешниҳод менамояд.

На изображении может находиться: 1 человек, стоит, на улице и природа

Р Е З А А Х Б О Р И  К И Ш О В А Р З Ӣ

• Тибқи маълумотҳои оморӣ дар давоми ҳафт моҳи соли 2020 ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ба 13606,7 млн. сомонӣ, аз он ҳаҷми маҳсулоти растанипарварӣ 9720,9 млн. сомонӣ ва чорводорӣ 3885,8 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ мутаносибан 7,9 , 7,7 ва 8,3 фоиз афзоиш ёфтааст.

• Дар давоми 7 моҳи соли 2020 истеҳсоли маҳсулотҳои кишоварзӣ, аз ҷумла ғалладонагӣ – 947653 тонна, картошка – 280939 тонна, сабзавот – 1253805 тонна, полизӣ – 410030 тонна, мева – 203318 тонна, ангур – 22353 тонна, гӯшт – 110148 тонна, шир – 441157 тонна, пашм – 5081 тонна, асал – 1163 тонна, гӯшти моҳӣ – 892,6 тонна ва тухм – 515,6 млн. донаро ташкил медиҳанд.

• Ба ҳолати 31.07.2020 аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 13 761 520 доллари ИМА маҳсулоти кишоварзӣ содирот шудааст.

• То санаи 07.08.2020 дар ҷумҳурӣ майдони 186155 гектар пахта пурра сабзиш ёфтааст.

• Кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ ба ҳолати 07.08.2020 дар майдони 169732 гектар иҷро гардидааст.

• Дар ҳафт моҳи соли 2020 ҷиҳати расонидани кӯмакӣ амалӣ ба хоҷагиҳои кишоварзӣ ба ҷумҳурӣ 664 адад техника ва мошинолоти кишоварзӣ ворид гардидааст.

СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

На изображении может находиться: еда

      Бо мақсади бамаротиб зиёд кардани ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ, нигоҳдорӣ ва таҳвили сабзавот, меваи тару тоза ва хушк, тақвият бахшидани ҳамкорӣ бо субъектҳои кишварҳои харидор аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулини соҳа дастурҳои мушаххас дода шудааст, ки дар ин асно тибқи маълумоти фаврии гумрукӣ ба ҳолати 31.07.2020 ба хориҷи кишвар 103657 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи 13 761 520 доллари ИМА содирот шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, аз рӯи ҳаҷм 37896 тонна ё 36, 8 фоиз ва аз рӯи арзиши гумрукӣ 4 327 945 доллари ИМА зиёд мебошад.
      Бахусус, содироти пиёз 82771 тонна ё 146,6 фоиз, дигар сабзавот 1027 тонна ё 142,0 фоиз, меваҷот 8702 тонна ё 103,8 фоиз, аз ҷумла ангур 1460 тонна ё 189,1 фоиз, меваи хушк ва чормағзмева 10348 тонна ё 110,7 фоиз ва себ, гелос ва нок 3262 тонна ё 92,5 фоиз зиёд гардидааст.

Нет описания фото.

НАШЪУНАМОИИ ПАХТА

      Парвариши пахта дар кишвари офтобии мо хело мақбул буда, он ҳамчун ашёи хом ба ҳисоб меравад. Имрӯҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кишт, сабзиш, давраи афзоиш ва гузаронидани чорабиниҳои агротехникии пахта мувофиқи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо бо маром идома доранд.
Иҷрои ҳамаи ин корҳо рӯёнидани ҳосили баландро таъмин намуда, барои ба даст овардани ҳосили дилхоҳ кишоварзон саҳмгузоранд.

Нет описания фото.
      Ба ҳолати 07.08.2020 дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ дар ҷумҳурӣ майдони зиёда аз 186155 га, ки пурра сабзидааст 1181 га дар ҳолати аз 1 то 2 курагӣ, майдони 11322 га дар ҳолати 3-4 куракӣ, майдони 52940 га дар ҳолати 5-6 курагӣ, 7-8 кураки, майдони 120340 га дар ҳолати гулкунӣ қарор дорад.
      Бо риояи корҳои агротехникӣ кишоварзон дар майдони 917297 га корҳои байни қатораҳо ва дар майдони 534022 га озуқадиҳӣ гузаронидаанд.

КИШТИ ТАКРОРИИ ЗИРОАТҲОИ КИШОВАРЗӢ

      Кишти такрорӣ имкон медиҳад, ки заминро босамар истифода бурда, зиёдтар маҳсулоти кишоварзӣ ба даст оварда шавад. Аслан, пас аз ҷамъоварии ҳосили кишти асосӣ дар кишти такрорӣ картошка, ҷуворимакка, полезӣ, арзан, нахӯд, марҷумак, ҷави тирамоҳӣ ва ғайраҳо кишт карда мешавад.
      Тибқи дурнамои соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ 185949 гектарро ташкил дода, то санаи 07.08.2020 дар майдони 169732 га кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шудааст, ки 91 фоизи иҷроиши дурнаморо ташкил медиҳад.
      Аз он ҷумла, ғалладонагиҳо 93290 га мебошад, ки 51444 га ҷуворимакка барои дон, 14423 га шолӣ ва 27423 га дигар зироатҳои ғалладонагиҳоро дар бар мегирад.
Илова ба он, дар майдони 1095 гектар картошка, 21637 гектар сабзавот, 3600,7 гектар зироатҳои техникӣ ва 43477 гектар хӯроки чорво кишт гардидааст.

САХОВАТИ ЗАМИН

Қалби замин фишурда, мардона чок кардӣ,
Обу арақ зи рӯят сад бор пок кардӣ,
Шуд рӯзҳо, ки дидам тарки хӯрок кардӣ,
То пунбадонаеро берун зи хок кардӣ.

                                                                                Боқӣ Раҳимзода

На изображении может находиться: еда

      Истеҳсоли ғалла дар ҷумҳурӣ мавқеи муҳимро ишғол намуда, истеъмол ва талаботи он рӯз аз рӯз меафзояд, аз ин лиҳоз кишоварзон барои рушди маҳсулоти мазкур диққати ҷиддӣ зоҳир менамоянд.
Соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ кишоварзон дар майдони 300304 га кишти ғалладонагиҳо гузарониданд, ки то санаи 07.08.2020 майдони 238076 гектарро даравида, аз он майдони 231695 га куфта шудааст.
      Ҳосили умумии ҷамъоварии ҳосили ғалладонагӣ 685475 тоннаро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3557 тонна зиёд мебошад. Айни ҳол дар маъракаи ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо 1058 адад комбайнҳо мавҷуд буда, қисме аз он мавриди истифодабарӣ қарор дорад.

САМАРАИ ҲОСИЛ

На изображении может находиться: фрукт и еда

      Иқлими мусоид, обу хок ва табиати зебои Тоҷикистон имконият фароҳам меорад, ки бо риояи агротехникаи парвариши меваю навъҳои гуногуни ангурро ба роҳ монда, аз он ҳосили фаровон ба даст биоранд.
      Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо олимону пажӯҳишгарони Академияти илмҳои кишоварзӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур навъҳои гуногуни ниҳолҳои мевадиҳандаро коркард намуда, баҳри афзун намудани майдони боғу токзори ҷумҳурӣ сафарбар менамоянд.
      Дар асоси ахбороти вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ то санаи 07.08.2020 дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавиҳо ба миқдори 141927 тонна мева, 6044 тонна ангур ҷамъоварӣ гардидааст.
      Аз он ҷумла, дар вилояти Суғд 82450 тонна мева, 1050 тонна ангур, Хатлон 52850 тонна мева, 4261 тонна ангур ва дар НТҶ 6627 тонна мева,733 тонна ангур ҷамъоварӣ гардидааст.

На изображении может находиться: фрукт и еда

САХОВАТИ ЗАМИН

      Дар сарчашмаҳои илмӣ оид ба картошканигоҳдорӣ тавсия дода мешавад, ки барои нигоҳ доштан он маҷмӯи тадбирҳо нақши муҳим мебозад.
Ҳангоми картошканигоҳдорӣ ба он бояд диққат дод, ки моддаҳои ғизоӣ, таъм, вазн ва дигар хусусиятҳои картошка аз картошкаи нав фарқ накунад. Муддати нигоҳ доштани картошка ба сифати навъ, шароити парвариш ва тарзи нигоҳдорӣ (ҳарорати анбор, намии нисбии ҳаво, таркиби газҳои муҳит ва ғ.) вобаста аст.
     Дар сурати ба замин бисёр додани об, нуриҳои нитрогендор ва пору, сербориш омадани тобистон ва баҳор картошка гирифтори касалиҳои фитотороз ва анаэробиоз шуда, дар анбоз мепӯсад.
Пеш аз нигоҳдорӣ картошкаҳоро дар ҷои алоҳида тӯда карда, болояшро бо алафи хушк мепӯшонанд. Баъди 2-3 ҳафта картошкаҳои нуқсондорро ҷудо ва картошкаҳои бенуқсро дар хамбаҳо тӯда мекунанд. Картошкаҳоро баъди ғундоштан 1-2 соат дар ҳавои кушод хушк карда, сипас ба анбор дароварда лозим аст.

На изображении может находиться: 3 человека, люди стоят, дерево, небо, на улице и природа
     Раванди ҷамъоварии ҳосили кардошка дар ҷумҳурӣ идома дошта то санаи 07.08.2020 дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии вилоятҳо, ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз майдони 33026 га кишти картошка 8403 гектар картошка ҷамъоварӣ гардидааст.
Аз ҷумла, дар ВМКБ 21 га (302 тонна), Суғд 3200 га (51200 тонна), Хатлон 3084 га (52691 тонна), НТҶ 2098 га (37653 тонна) картошка ҷамъовари шудааст.

На изображении может находиться: еда

РАФТИ КИШТИ ТАКРОРИИ КАРТОШКА

      Вазорат кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкори бо олимону пажӯҳишгарони Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур миёни аҳолӣ семинарҳои амалӣ минтақавӣ оид ба роҳҳои зиёд намудани истеҳсоли картошка дар кишти такрорӣ бо истифода аз технологияи муосирро ба роҳ мондаанд, ки мувофиқи нақша чорабиниҳо гузаронида мешаванд. Аз семинарҳои баргузоргарди аён мегардад, ки олимону пажӯҳишгарон дар мавсими кишти такрории картошка навъҳои “Тоҷикистон”, “Дурахшон”, “Шукрона”, “Жуковскии барвақтӣ”-ро тавсия медишанд.

На изображении может находиться: один или несколько человек, небо, растение, на улице и еда
      Дар асоси ахбороти вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ то санаи 07.08.2020 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 1095 гектар кишти такрории картошка гузаронида шудааст, ки 14,4 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад.
Аз ҷумла, дар вилояти Суғд 420 га (24,4 фоиз), Хатлон 272 га (5,7 фоиз) ва дар НТҶ 403,1 га (36,6 фоиз) кишт гузаронида шудааст.

САМАРАИ КИШТИ САБЗАВОТ

На изображении может находиться: растение и природа

      Самаранок истифода заминҳои корам ва дуруст риоя намудани агротехникаи парвариши зироатҳои кишоварзӣ ба он мусоидат намуд, ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ баланд гардида, маҳсулотҳои он фаровон гардад.
      Мувофиқи ахбороти Раёсати растанипарварӣ то санаи 07.08.2020 дар ҷумҳурӣ ҳосили майдони 28675 га сабзавот ҷамъоварӣ карда шудааст, ки ҳосили умумии ҷамъовардашуда дар ҷумҳурӣ 812536 тоннаро ташкил медиҳад.
      Имрӯзҳо кишоварзон аз ҳисоби умумии сабзавотҳо, ки 812536 тоннаро ташкил медиҳ: аз он 461384 тонна пиёз, 33044 тонна карам, 123419 тонна помидор, 68585 тонна бодиринг, 77489 тонна сабзӣ ва 48614 тонна дигар намуди сабзавотҳо ҷамъоварӣ карда шуд.

На изображении может находиться: еда

      Инчунин, ба даст овардани ҳосили полизӣ самараи меҳнати софдилонаи деҳқон ба ҳисоб рафта, кор дар ин самт низ ҷоннок гардида истодааст.
      Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 07.08.2020 дар майдони 19449 га кишти полизиҳо гузаронида шуд, ки аз он 13685 гектари он ҷамъоварӣ карда шудааст. Ҳосили умумӣ 349101 тоннаро ташкил дода, ҳосилнокӣ аз ҳар ба 255 сентнер рост меояд.

ТЕХНИКА ВА МОШИНОЛОТИ КИШОВАРЗӢ

На изображении может находиться: небо, на улице и природа

      Бо мақсади сари вақт ҷамъоварӣ намудани ҳосили зироатҳои кишоварзӣ ва дар мӯҳлати хуби агротехникӣ гузаронидани кишти такрорӣ тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 01.08.2020 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории соҳаи кишоварзӣ 27537 адад трактори гуногунтамға мавҷуд буда, аз он 1709 адад трактори шудгоркунанда мебошад. Инчунин 1057 адад комбайни ғалладарав, 8996 адад ядаки тракторӣ, 9995 адад испори тракторӣ, 322 адад култиваторҳо, 2343 адад тухмипошакҳо, аз он: 1908 адад тухмипошаки пахта, 1332 адад достҳои такторӣ (косилка), 707 адад тойбанду-тагрезчин, 161 адад комбайни хӯроки чорвоғундор, 18 адад комбайни ҷуворимаккағундор, 397 адад картошкаканакҳо, 154 адад картошкашинонакҳо, 63 мошини пахтачин ва 218 адад алафҷамъкунакҳо мавҷуд мебошанд, ки дар корҳои саҳроӣ истифода гардида истодааст.
      Ҳамзамон қайд кардан зарур аст, ки тибқи маълумоти фаврӣ ҷиҳати расонидани кӯмакӣ амалӣ ба хоҷагиҳои кишоварзӣ дар рафти гузаронидани кишт ва ҷамъоварии ҳосили зироатҳои кишоварзӣ дар 7 моҳи соли 2020 ҳамагӣ 664 адад техника ва мошинолоти кишоварзӣ - 259 адад тракторҳо, 1057 адад комбайни ғалладаравӣ, 3 адад ядаки тракторӣ, 3 адад мошини алафдаравӣ, 52 адад кулухмайдакунак (фреза), 120 адад испори тракторӣ, 48 адад тойбанду-тагрезчин, 29 адад алафдаравакҳо, 7 адад дорупошакҳо, 2 адад пармакунак, 18 адад гандумкӯбак, 3 адад дискмола, 3 адад ҷуяккашак. Техникаҳои ёрирасони соҳаи кишоварзӣ – Экскаватор 37 адад, боркунак (погрузчик) 40 адад, булдозер 3 адад ва техникаҳои роҳсозӣ 9 адад ворид гардидаанд.

МОҲӢ ВА ПАРАНДАПАРВАРӢ

Нет описания фото.

      Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгири ҳамаҷонибаи соҳаи моҳипарварӣ ва парандапарварӣ тамоми тадбирҳои амалиро андешида, барои рушди ин соҳа якқатор имтиёзҳои андозию гумрукиро фароҳам овардааст, ки боиси дастгирии кишоварзони мамлакат мебошад.
Дар дастурамалҳои илмӣ оид ба парвариши моҳӣ гуфта мешавад, ки шароити табиии Тоҷикистон ба он мутобиқат карда барои беҳтар кардани сифати он дар обанбор, кӯл, ҳавз машғул гардидан мумкин аст.
      То санаи 01.08.2020 истеҳсоли моҳӣ дар ҷумҳурӣ ба 11,5 тонна расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 36811,1 тонна зиёд мебошад.
      Амалишавии имтиёзҳои андозӣ ва гумрукӣ барои аз нав барқарор гардидани фаъолияти якчанд корхонаҳои паррандапарварӣ, аз ҷумла «Мурғи Муъминобод» (собиқ «Якарча»)-и ноҳияҳои Муъминобод, «Мавзуна Т.»-и Шаҳритус, «Бӯстон 2010»-и Вахш ва «Мурғи Хонаобод»-и шаҳри Кӯлоб замина гузошта, айни замон ин корхонаҳо фаъолияти назаррасро ба роҳ мондаанд.
      Ба ҳолати 01.08.2020 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ истеҳсоли тухм ба 2524,6 ҳазор дона ва гӯшт ба 3773,1 тонна расонида шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 117,5 ҳазор дона ва 37,7 тонна зиёд мебошад.

На изображении может находиться: птица

ЗАХИРАИ ХӮРОКИ ЧОРВО

      Ҷиҳати омодагӣ ба давраи зимистонгузаронӣ мутобиқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 01.08.2020 дар хоҷагиҳои кишоварзӣ ва деҳқонӣ (фермерӣ)-и ҷумҳурӣ 1285117 тонна хӯроки чорво, аз ҷумла 1276986 тонна хӯроки дурушт ва 8131 тонна хӯроки ширадор, захира карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта хӯроки дурушт 40026 тонна зиёд ва ширадор 861 тонна кам мебошад.
Рафти маъракаи захираи хӯроки чорво таҳти назорати доимӣ қарор дода шуда, кор дар ин самт идома дорад.

Шуъбаи матбуот ва иттилооти
Вазорати кишоварзии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тамос:235 39 23

Илова кунед: