Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

ГУЗОРИШИ МАТБУОТӢ (ПРЕСС-РЕЛИЗ) 14.09.2020

15.09.2020
Тақвият додани корҳо дар самти ҳифзи амнияти озуқавории кишвар, истифодаи самараноки ҳар як порчаи замин, гирифтани се-чор ҳосил ва ташкили захираи дусолаи озуқавории ҳар як оилаи кишвар ниҳоят муҳим мебошад.
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин асно ба ВАО –и ҷумҳурӣ ва сокинони мамлакат оид ба рафти фаъолияти кишоварзони мамлакат ба ҳолати 14.09.2020 чунин маълумот пешниҳод менамояд.
 
ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТА
На изображении может находиться: один или несколько человек, люди стоят, толпа, ребенок, небо, на улице и природа
 
Ҷамъоварии ҳосили пахта тибқи маълумоти фаврии Раёсати тухмипарварӣ ва дастовардҳои селексионӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо маром идома дошта, то санаи 14.09.2020 аз аввали мавсим зиёда аз 63213 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шудааст, ки ба 22,7 фоизи иҷрои дурнамои пешбинигардида баробар мебошад.
Ёдовар мегардем, ки дар соли 2020 дурнамои истеҳсоли пахта дар ҷумҳурӣ 421 ҳазор тонна пешбинӣ гардидааст. Рафти ҷамъоварии пахта дар ҷумҳурӣ бо маром идома дорад.
 
ИСТЕҲСОЛИ ҒАЛЛА
На изображении может находиться: небо, трава, дерево, растение, облако, на улице и природа
 
Истеҳсоли ғалла дар ҷумҳурӣ мавқеи муҳимро ишғол намуда, истеъмол ва талаботи он рӯз аз рўз меафзояд, аз ин лиҳоз кишоварзон барои рушди маҳсулоти мазкур диққати ҷиддӣ зоҳир менамоянд.
Соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ кишоварзон дар майдони 300304 га кишти ғалладонагиҳо гузарониданд, ки то санаи 11.09.2020 майдони 275817 гектарро даравида, аз он майдони 274342 га куфта шудааст.
Ҳосили умумии ҷамъоваришудаи ғалладонагиҳо 799924 тоннаро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 35149 тонна зиёд мебошад.
 
ҶАМЪОВАРИИ САБЗАВОТ
 
На изображении может находиться: растение и еда
Истифодаи дурусти заминҳои корам ва риоя намудани агротехникаи парвариши зироатҳои кишоварзӣ ба он мусоидат намуд, ки ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ баланд гардида, маҳсулотҳои он фаровон гарданд.
Тибқи маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ оид ба ҷамъоварии сабзавот дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ то санаи 11.09.2020 аз майдони кишти 39902 га майдони 33718 га сабзавот ҷамъоварӣ карда шудааст, ки ҳосили умумии ҷамъоваришуда дар ҷумҳурӣ 933102 тоннаро ташкил медиҳад.
Ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 276,7 сентнерӣ мебошад, ки аз он: 478201 тонна пиёз, 36489 тонна карам, 177799 тонна помидор, 78316 тонна бодиринг, 89257 тонна сабзӣ ва 73040 тонна дигар намуди сабзавотҳо ҷамъоварӣ гардидаанд.
 
ҲОСИЛИ КАРТОШКА
На изображении может находиться: еда
 
Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ то 11.09.2020 дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии вилоятҳо, ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз майдони 33026 га кишти картошка 12949 гектар ҷамъоварӣ гардидааст, ки ҳосили умумии он 220059 тоннаро ташкил медиҳад.
Аз ҷумла, дар ВМКБ 101 тонна, вилояти Суғд 6200 тонна, Хатлон 3498 тонна, НТҶ 3150 тонна картошка ҷамъоварӣ карда шуд.
 
ИСТЕҲСОЛИ ЗИРОАТҲОИ ПОЛИЗӢ
На изображении может находиться: растение, на улице и еда
 
Рафти ҷамъоварии зироатҳои полизӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ то 11.09.2020 майдони кишт 19449 гектарро ташкил дода, аз он 17971,8 га ҷамъоварӣ карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1439,6 га зиёд мебошад.
Ҳосили умумии полизиҳои ҷамъовардашуда 434934 тоннаро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 35781 тонна зиёд мебошад. Ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 242,0 сентнерро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 241,4 сентнер зиёд аст.
 
ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ МЕВАЮ АНГУР
На изображении может находиться: еда
 
То санаи 11.09.2020 тибқи маълумотҳои Раёсати растанипарварӣ ба миқдори 167332 тонна мева ҷамъоварӣ карда шудааст, ки аз он дар ВМКБ 1221 тонна, вилояти Суғд 85850 тонна, вилояти Хатлон 68373 тонна ва НТҶ 11888 тонна меваҷотро тавонистанд саривақт ва беталаф ҷамъоварӣ намоянд.
Имсол, кишоварзони ҷумҳурӣ маъракаи ҷамъоварии ангурро вусъат бахшида, то санаи зикр гардида дар ҷумҳурӣ 35241 тонна ангур ҷамъоварӣ намуданд, ки аз он дар вилояти Суғд 8900 тонна, вилояти Хатлон 18299 тонна ва дар НҶТ 8042 тонна мебошад.
Маъракаи ҷамъоварии меваю ангур дар ҷумҳурӣ бо маром идома дорад.
 
СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ
На изображении может находиться: еда
 
Дар асоси маълумоти оморӣ ба ҳолати 31.08.2020 аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷи кишвар 107496 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот шудааст, ки маблағи умумии он аз рўи арзиши гумрукӣ 14 770 814 доллари ИМА- ро ташкил медиҳад, ки нисбат ба 31 августи соли гузашта, 4 611 633 доллари ИМА ё ба андоза 45,4 фоиз зиёд мебошад.
Содирот аз рўи ҳаҷм 29432 тонна ё ба андозаи 37,7 фоиз зиёд мебошад.
Бахусус, содироти пиёз 83734 тонна ё 148,1 фоиз, меваҷот 9473 тонна ё 102,0 фоиз, аз ҷумла ангур 2055 тонна ё 124,3 фоиз, меваи хушк ва чормағзмева 13464 тонна ё 121,1 фоиз ва себ, нок ва дигар меваҷот 3438 тонна ё 97,5 фоиз, зардолу дар шакли тару тоза 3751 тонна ва олу 2277 тонна зиёд гардидааст.
 
ТЕХНИКА ВА МОШИНОЛОТИ КИШОВАРЗӢ
На изображении может находиться: небо и на улице
 
Истифодаи мақсаднок ва самараноки техника ва мошинолоти кишоварзӣ имконият медиҳад, ки хоҷагидорон сари вақт ҳосили ба дастомадаро ҷамъоварӣ намуда, бо риояи корҳои агротехникӣ ба кишти такрорӣ пардозанд.
Тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 01.09.2020 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории соҳаи кишоварзӣ 27180 адад трактори гуногунтамға мавҷуд буда, аз он 1689 адад трактори шудгоркунанда мебошад. Инчунин 1052 адад комбайни ғалладарав, 8996 адад ядаки тракторӣ, 9859 адад испори тракторӣ, 3226 адад култиваторҳо, 2314 адад тухмипошакҳо, аз он: 1883 адад тухмипошаки пахта, 1317 адад достҳои такторӣ (косилка), 696 адад тойбанду-тагрезчин, 161 адад комбайни хӯроки чорвоғундор, 18 адад комбайни ҷуворимаккағундор, 397 адад картошкаканакҳо, 154 адад картошкашинонакҳо, 63 мошини пахтачин ва 218 адад алафҷамъкунакҳо мавҷуд мебошанд, ки дар корҳои саҳроӣ истифода гардида истодааст.
Ҳамзамон қайд кардан зарур аст, ки тибқи маълумоти фаврӣ ҷиҳати расонидани кӯмакӣ амалӣ ба хоҷагиҳои кишоварзӣ дар рафти гузаронидани кишт ва ҷамъоварии ҳосили зироатҳои кишоварзӣ дар 8 моҳи соли 2020 ҳамагӣ 757 адад техника ва мошинолоти кишоварзӣ - 294 адад тракторҳо, 15 адад комбайни ғалладаравӣ, 3 адад ядаки тракторӣ, 4 адад мошини алафдаравӣ, 82 адад кулухмайдакунак (фреза), 123 адад испори тракторӣ, 51 адад тойбанду-тагрезчин, 34 адад алафдаравакҳо, 7 адад дорупошакҳо, 2 адад пармакунак, 19 адад гандумкӯбак, 3 адад дискмола, 3 адад ҷуяккашак, 15 адад мотоблок, 1 адад комбайни силосғундор ворид гардидааст.
Илова ба он, техникаҳои ёрирасони соҳаи кишоварзӣ – Экскаватор 45 адад, боркунак (погрузчик) 44 адад, булдозер 3 адад ва техникаҳои роҳсозӣ 9 адад ворид гардидаанд.
 
ЗАХИРАИ ХӮРОКИ ЧОРВО
На изображении может находиться: на улице
 
Ҷиҳати омодагӣ ба давраи зимистонгузаронӣ мутобиқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 01.09.2020 дар хоҷагиҳои кишоварзӣ ва деҳқонии (фермерӣ)-и ҷумҳурӣ 1792240 тонна хўроки чорво, аз ҷумла 1595297 тонна хўроки дурушт ва 40911 тонна хўроки ширадор, захира карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта хўроки дурушт 90177 тонна зиёд ва ширадор 6716 тонна зиёд мебошад.
 
ЧОРВОДОРӢ
 
Тибқи маълумотҳои асосии соҳаи чорводорӣ ба ҳолати 01.09.2020 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ чорвои калон 2375367 сарро ташкил дода, аз он: модагов 1230562 сар, қутос 29617 сар, гўсфанду буз 5871265 сар, асп 86563 сар, паранда 9699627 сар ва занбури асал 232146 оила мебошад.
Шуъбаи матбуот ва иттилооти
Вазорати кишоварии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тамос: 235 39 23

Илова кунед: