Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем, яъне масъалаи озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

ГУЗОРИШИ МАТБУОТӢ (ПРЕСС-РЕЛИЗ) 18.08.2020

20.08.2020

      Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид месозанд, ки шароити имрӯзаи иқтисоди ҷаҳонӣ моро водор менамояд, ки ҷиҳати ҳарчи камтар кардани вобастагии кишвар аз воридоти маҳсулоти хӯрокворӣ ва таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти кишоварзии истеҳсоли ватанӣ мунтазам чораҷӯӣ намоем.

      Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон шароит ва вазъи имрӯзаи ҷаҳон, иқлим ва муносибатҳои бозоргониро ба инобат гирифта, ҳамчун пешбарандаи сиёсати давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ барои расидан ба ҳадафҳои дар боло зикр гардида тамоми тадбирҳои амалиро чораҷӯи намуда, ҷиҳати иттилоотнокии шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва намояндагони ВАО ба ҳолати 18.08.2020 чунин ахборот пешниҳод менамояд.

На изображении может находиться: один или несколько человек, люди стоят, растение, дерево, костюм, на улице и природа

КИШТИ ТАКРОРИИ ЗИРОАТҲОИ КИШОВАРЗӢ

       Истифодаи ҳар як порча замин ва гирифтани се ё чор ҳосил дар як сол аз заминҳои корам баракати меҳнати марди деҳқон, фаровониву арзонӣ, пурфайзии хони миллати тоҷик, инчунин баланд бардоштани иқтисодиёти кишвари азизамон аз кишоварзони ботаҷрибаи мо вобастагии калон дорад.
       Тибқи дурнамои соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ 185948 гектарро ташкил дода, то санаи 14.08.2020 дар майдони 179096 га кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шудааст, ки 96 фоизи иҷроиши дурнаморо ташкил медиҳад.
       Аз он ҷумла, майдони ғалладонагиҳо 97765 га, ҷуворимакка барои дон 53689 га, дигар ғалладонагиҳо 29149 га, шолӣ 14882 га мебошанд.
       Инчунин дар майдони 23497 га сабзавот, 3668 га картошка, 6380 га полизӣ, 3441,2 га зироатҳои техникӣ ва 44343 га кишти хӯроки чорво кишт гузаронида шудааст.

На изображении может находиться: растение, на улице и природа

ҶАМЪОВАРИИ ҒАЛЛАДОНАГИҲО

       Тибқи маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ оид ба рафти ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо дар соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ кишоварзон дар майдони 300304 га кишти ғалладонагиҳо гузарониданд, ки то санаи 14.08.2020 майдони 251025 гектарро даравида, майдони 247288 га куфта шудааст.
      Ҳосили умумии ҷамъовардашуда бошад 724672 тоннаро ташкил дода, дар муқоиса нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10306 тонна зиёд мебошад. Айни ҳол дар маъракаи ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо, 1058 адад комбайнҳо мавҷуд буда, қисме аз он мавриди истифодабарӣ қарор дорад.


САХОВАТИ ЗАМИН

      Кишоварзони Ҷумҳурии Тоҷикистон майдони кишти картошкаро сол аз сол зиёд намуда, кӯшиш мекунанд, ки аз он се - чор ҳосил ба даст оранд. Бо дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба вазъияти пандемияи Covid -19 , ки дар аксар мамлакатҳои ҷаҳон ба вуқуъ омад, дурнамои майдони кишти картошкаро дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 40 фоиз зиёд намуданд.
      Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ ба ҳолати 14.08.2020 дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии вилоятҳо, ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз майдони 33026 га кишти картошка 8775 гектар ҷамъоварӣ намудаанд, ки ҳосили умумии он 148827 тоннаро ташкил медиҳад.
      Аз ҷумла, дар ВМКБ 21 га (302 тонна), Суғд 3500 га (56350 тонна), Хатлон 3097 га (53687 тонна), НТҶ 2157 га (38488 тонна) картошка ҷамъовари шудааст.

САМАРАИ КИШТИ САБЗАВОТ

      Истифодаи дурусти заминҳои корам ва риоя намудани агротехникаи парвариши зироатҳои кишоварзӣ ба он мусоидат намуд, ки ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ баланд гардида, маҳсулотҳои он фаровон гарданд.
     Тибқи маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ оид ба ҷамъоварии сабзавот дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ то санаи 14.08.2020 ҳосили майдони 29767 га сабзавот ҷамъоварӣ карда шудааст, ки ҳосили умумии ҷамъоваришуда дар ҷумҳурӣ 837723 тоннаро ташкил медиҳад,
      Имрӯзҳо кишоварзон аз ҳисоби умумии сабзавотҳо, ки 837723 тоннаро ташкил медиҳад: аз он 461983 тонна пиёз, 33914 тонна карам, 135636 тонна помидор, 69662 тонна бодиринг, 80003 тонна сабзӣ ва 56525 тонна дигар намуди сабзавотҳо ҷамъоварӣ карда шуд.

ПОЛИЗӢ

      Истифодаи неъматҳои бебаҳои иқлиму боду ҳавои мусоид, обҳои мусаффо ва табиати зебои Тоҷикистон нерӯю ҳохиши кишоварзонро боз ҳам зиёд намуда, дар кишту кори корҳои деҳқонӣ ва ҷамъоварии самараи меҳнати онҳо нақши калиди мебозад.
     Тибқи маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварӣ оид ба рафти ҷамъоварии зироатҳои полизӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ҳолати 14.08.2020 майдони кишти дурнамо 19449 гектарро ташкид дода, аз он 14492 гектар ҷамъоварӣ кардашуда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 474 га зиёд мебошад.
      Ҳосили умумии полизиҳои ҷамъовардашуда 373176 тоннаро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 47452 тонна зиёд мебошад.

ИСТЕҲСОЛИ МЕВА ВА АНГУР

На изображении может находиться: растение, на улице и еда

      То имрӯз (14.08.2020) тибқи маълумотҳои Раёсати растанипарварӣ ба миқдори 151873 тонна мева ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳосилнокӣ хуб буда, ҷамъоварии он дар ҷумҳурӣ бо маром идома дорад.
      Соли ҷорӣ кишоварзони вилояти Суғд тавонистанд 85200 тонна, вилояти Хатлон 59938 тонна ва НТҶ 6735 тонна меваҷотро сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намоянд.
Имсол кишоварзони ҷумҳурӣ маъракаи ҷамъоварии ангурро низ вусъат бахшида, то санаи зикр гардида дар ҷумҳурӣ 10242 тонна ангур ҷамъоварӣ намуданд.
     Имрӯзҳо ҷамъоварии ангур дар вилояти Суғд 1640 тонна, дар вилояти Хатлон 7847 тонна ва дар НҶТ 755 тонна буда, кишоварзон кушиш доранд, ки ҳамаи ҳосилро саривақт ва беталаф ҷамъоварӣ намоянд.

НАШЪУНАМОИИ ПАХТА

На изображении может находиться: 1 человек, на улице и природа

      Кишоварзони Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои агротехникии пахтаро мувофиқи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо хуб ба роҳ монда, ҷиҳати иҷрои дурнамои тиллои сафед кушишу заҳматҳои зиёд кашида ва барои ноил шудан ба мақсад дар саҳро софдилона меҳнат намуда истодаанд.
      Ба ҳолати 14.08.2020 дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ дар ҷумҳурӣ майдони зиёда аз 186155 га, ки пурра сабзидааст, майдони 4397 га дар ҳолати 3-4 куракӣ, майдони 51044 га дар ҳолати 5-6 куракӣ, майдони 130714 га дар ҳолати 7-8 куракӣ қарор дорад.
      Бо риояи корҳои агротехникӣ кишоварзон дар майдони 925357 га корҳои байни қатораҳо ва дар майдони 535655 га озуқадиҳӣ гузаронидаанд.

СОДИРОТ

      Дар 7 моҳи соли 2020 дар соҳаи растанипарварӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми истеҳсол аз 0,2 то 19,7 фоиз ва дар соҳаи чорводорӣ аз 0,1 то 74,6 фоиз зиёд гардид. Дар баробари таъминоти бозори истеъмолии кишвар ба дигар давлатҳо ба маблағи 13 761 520 доллари ИМА маҳсулоти растанипарварӣ содирот шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, аз рӯи ҳҷм 27896 тонна ё 36,8 фоиз ва аз рӯи арзиши гумрукӣ 4 327 945 доллари ИМА ё 45,8 фоиз зиёд мебошад.
     Дар ин давра ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ба 13,6 млрд сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта суръати афзоиш 107,9 фоизро ташкил дода, ин нишондод дар соҳаи растанипарварӣ 107,7 фоиз ва ба соҳаи чорводорӣ 108,3 фоиз рост меояд.

ТЕХНИКАИ КИШОВАРЗӢ

      Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг»-и Вазорати кишоварзӣ дар давоми 7 моҳи соли 2020бо истифода аз маблағҳои ҷудогардидаи буҷети давлатӣ ва маблағҳои бозгашт (фаъолияти хоҷагидорӣ) 70 адад тракторҳои гуногунтамға ва 187 адад мошинолоти кишоварзиро ба маблағи 18 031 564 сомонӣ харидорӣ намуд.
      Ҳамзамон аз ҷониби корхона дар давоми 7 моҳи соли ҷорӣ ба 263 хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермаерӣ)-и шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 80 адад мошинолоти кишоварзӣ ба маблағи 22 064 190 сомонӣ бо тариқи иҷори молиявӣ (лизингӣ) дастрас намуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 2 827 500 сомонӣ зиёд мебошад.

Шуъбаи матбуот ва иттилооти
Вазорати кишоварзӣ
Тамос: 235 39 23

Илова кунед: