Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем, яъне масъалаи озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Гузориши матбуотӣ (пресс-релиз) - 19.11.2021

22.11.2021

Ҷамъоварии ҳосили пахта

    Пахтапарварони ҷумҳурӣ ба ҳолати 19.11.2021 аз майдони умумии кишт 173945 гектар, 395232 тонна пахта ҷамъоварӣ намудаанд, ки  ҳосилнокии миёна аз ҳар як гектар 22,7 сентнериро ташкил медиҳад. Рафти ҷамъоварии ҳосил бо маром идома дорад .

     Вилояти Хатлон аз майдони кишти 121236 га 268197 тонна, вилояти Суғд аз майдони кишти 49679 га 120707 тонна ва НТҶ аз майдони кишти 3007 га 6312,6 тонна пахта ҷамъоварӣ намудаанд.

Рафти шудгор, кишти ғалладонаи тирамоҳӣ ва зироатҳои барвақтӣ

      Дар асоси малумотҳои Раёсати растанипарварии вазорат барои истеҳсоли соли 2022 тибқи дурнамои сохтори кишти зироатҳои кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ бояд дар майдони 611797 гектар шудгор ва дар майдони 180074 гектар кишти тирамоҳӣ ва барвақтии зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шавад.

      Ба санаи 19.11.2021 кишоварзони ҷумҳурӣ дар майдони 140674 га шудгор ва дар майдони  85832 га кишти тирамоҳӣ гузаронидаанд, ки  рафти корҳои саҳроӣ бо маром идома дорад.

       Аз нақшаи умумии кишти тирамоҳӣ 74842 га ғалладонагиҳо, 6363 гектар картошка ва 15692 гектар сабзавотҳо мебошад.

       Дар вилояти Хатлон нақшаи кишти ғалладонагиҳо 97500 гектар иҷро шуд 42111 гектар, сабзавотҳо нақша 12140 гектар иҷро шуд 9380 гектар, дар вилояти Суғд нақшаи кишти ғалладонагиҳо 32211 гектар иҷро шуд 24008 гектар, сабзавотҳо нақша 1860 иҷрои шуд 563 гектар ва дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ нақшаи кишти ғалладонагиҳо 28053 гектар иҷро шуд 8562 гектар, сабзавотҳо нақшаи кишт 1692 гектар иҷро шуд 1047 гектар.

Ҷамъоварии сабзавот

        Соли ҷорӣ хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии ҷумҳурӣ мувофиқи маълумоти фаврии ҷамъбастӣ дар майдони 40142,9 га кишти сабзавотҳо гузаронидаанд, ки  аз ин майдони 40142,9 га ҷамъоварӣ карда шуд.

        Ҳосили умумӣ  1221578 тоннаро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 96925 тонна зиёд аст, ки ҳосилнокӣ аз ҳар га 304,3 сентнерро ташкил медиҳад.

        Аз он ҷумла, пиёз 580480,7 тонна, карам 40974,8 тонна, помидор 245482,3 тонна, бодиринг 107043,4 тонна, сабзӣ 116981,3 тонна ва 130615,5 тонна дигар намуди сабзавотҳо ҷамъоварӣ карда шудааст.

Ҷамъоварии ҳосили картошка

       Тибқи маълумотҳои фаврии ҷамъбастӣ оид ба рафти ҷамъоварии картошка дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ аз майдони умумии 34182 га кишти картошка майдони 34182 га ҷамъоварӣ шуда, 792844 тонна ҳосил ба даст омадааст ки, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  153576 тонна зиёд буда, ҳосилнокии миёна аз ҳар як гектар 231,9 сентнериро ташкил медиҳад.

        Дар вилояти Суғд аз майдони умумии кишт 16548,4 га майдони 16548,4 га ҷамъоварӣ шуда, ҳосил 440236 тонна, дар вилояти Хатлон аз майдони умумии  кишти 6091 га  майдони 6091 га ҷамъоварӣ шуда, 108352 тонна ҳосил, дар ВМКБ аз майдони умумии кишти 1361 га майдони 1361 га ҷамъоварӣ шуда, ҳосил 18704 тонна дар НТҶ бошад аз майдони умумии кишти 10181,6 га майдони 10181,6 га ҷамъоварӣ шуда, 225552 тонна ҳосили картошка ба даст оварда шудааст.

Ҷамъоварии меваю ангур

        Мувофиқи маълумотҳои фаврии ҷамъбастии Раёсати растанипарварӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ ба миқдори 205380 тонна мевагиҳо ва 132654,4 тонна ангур ҷамъоварӣ карда шудааст.

        Кишоварзони вилояти Хатлон ба миқдори 98918 тонна мевагиҳо ва 29960 тонна ангур, вилояти Суғд 60489 тонна мевагиҳо ва 41903 тонна ангур, НТҶ ба миқдори 38848,2 тонна мевагиҳо ва 60791,4 тонна ангур ва ВМКБ ба миқдори 7125 тонна мева ҷамъоварӣ намудаанд.

Ҷамъоварии полизиҳо

       Тибқи маълумотҳои фаврии ҷамъбастии Раёсати растанипарварии вазорат соли ҷорӣ аз майдони умумии 19090,9 га кишти полизиҳо, майдони 19090,9 га ҷамъоварӣ шуда, 539597,7 тонна њосил ба даст оварда шудааст.

       Аз ин дар вилояти Суғд истеҳсоли полизиҳо 139002 тонна, вилояти Хатлон 387377 тонна, НТҶ 12898,7 тонна ва дар ВМКБ 320 тонна мебошад.

Рафти кишти сабзавот дар гармхонаҳои доимамалкунанда

       То санаи 19.11.2021 дар майдони 69,65 га гармхонаҳо кучати сабзавотҳо гузаронида шудааст, ки аз он  помидор 35,51 га, бодиринг 17,87 га ва дигар сабзавотҳо 16, 22 гектарро ташкил медиҳад.

       Ҳаҷми истеҳсол ба ҳамин сана аз гармхонаҳо ҳамагӣ 948,22 тоннарро дар бар мегирад, ки аз он помидор 601,21 тонна, бодиринг 232,82 тонна ва дигар сабзавотҳо 114,19 тонна мебошад.

Техника ва мошинолоти кишоварзӣ

         Тибқи маълумотҳои оморӣ оид ба вазъи техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ ба ҳолати 01.11.2021 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 27472 адад тракторҳои  гуногунтамға мавҷуд буда, 77%-и он омодаи кор мебошад.

         Аз он 1632 адад тракторҳои шудгоркунанда, 1086 адад комбайни ғалладарав, 9201 адад ядакҳои тракторӣ, 10157 адад испорҳои тракторӣ, 3374 адад култиваторҳо, 2241 адад тухмипошакҳо аз он: 1876 адад тухмипошакҳои пахта, 1458 адад достҳои тракторӣ, 783 адад тойбанду тагрезчин, 143 адад комбайнҳои хӯроки чорвоғундор, 19 адад комбайнҳои ҷуворимаккағундор, 494 адад картошкаканакҳо, 186 адад картошкашинонакҳо, 43 адад мошини пахтачинӣ ва 267 адад алафҷамъкунакҳо дар кишту кор иштирок намуда истодаанд.  

         Бояд қайд кард, ки мувофиқи маълумоти фаврӣ оид ба воридоти техника ва мошинолоти кишоварзӣ дар 10 моҳи соли 2021 ба ҷумҳурӣ ҳамагӣ 1430 адад техника ва мошинолоти кишоварзӣ ворид гардида, аз он: тракторҳо 495 адад, комбайни ғалладарав 76 адад, ядаки тракторӣ 3 адад, испори тракторӣ 80 адад, мошини алафдаравӣ 9 адад, кулухмайдакунак (фреза) 71 адад, дости трактории худгарди КСК-100 1 адад, гандумкӯбак 48 адад, култиватор 1 адад, тойбанду тагрезчин 79 адад, мотоблок 53 адад, алафдараваки тракторӣ 16 адад, дорупошак 50 адад, картошкашинонак 32 адад, картошкаканак 16 адад, култиватори картошка 16 адад, пармакунак 11 адад, тухмипошаки пахта 20 адад,  алафҷамъкунак 32 адад, тухмипошаки ҷуворимакка 17 адад, алафдараваки дискӣ 94 адад  ва алафдараваки КИР-1,5 4 адад.

         Инчунин, техникаи ёрирасони соҳаи кишоварзӣ аз ҷумла: экскаватор 96 адад, боркунак (погрузчик) 101 адад, булдозер 3 адад ва техникаҳои роҳсозӣ 3 адад ворид гардидааст.     

 

Шуъбаи матбуот ва иттилоот

Тел: 2-35-39-23

Илова кунед: