Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем, яъне масъалаи озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

ГУЗОРИШИ МАТБУОТӢ (ПРЕСС-РЕЛИЗ) 21.09.2020

20.09.2020
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун пешбарандаи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла растанипарварӣ, чорводорӣ ва дигар самтҳои истеҳсолоти кишоварзиро ба роҳ монда, ҷиҳати таъмини амнияти озуқавории мамлакат тамоми чораҳои заруриро амалӣ намуда, бо мақсади иттилоотнокии ҷомеа ахбороти тозаро оид ба рафти истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, дастовард ва нақшаҳо ба намояндагони ВАО ва алоқамандони соҳа маълумот мешниҳод менамояд.
 
 
Рафти ҷамъоварии ҳосили пахта
 
Рафти ҷамъоварии ҳосили пахта ба ҳолати 19.09.2020 дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати тухмипарварӣ ва дастовардҳои селексионӣ мувофиқи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар майдони 186155 га кишт гузаронида шуд, ки чинакчиён аз аввали мавсим 93159 тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд.
Дар вилояти Хатлон бошад рафти ҷамъоварии тиллои сафед бо маром идома дошта, чинакчиён аз майдони кишти 124175 га, аз аввали мавсим 84500 тонна яъне 30,4 фоиз ва вилояти Суғд аз майдони 58177 га 8659 тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд, ки фоизи иҷро дар як рӯз 1,0 ва аз аввали мавсим 6,7 фоизро ташкил медиҳад.
 
 
Ғалладонагиҳо
 
Соли ҷорӣ барои кишоварзони мамлакат соли мушкил вале бобарор буда, дар қатори дигар маҳсулотҳои кишоварзӣ ҷамъоварии ғалладонагиҳо хуб ба роҳ монда шудааст.
Дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ғалладонагӣ ва лӯбиёгиҳо дар майдони кишти 300304 га гузаронида шуда, то санаи 18.09.2020 майдони 277349 гектар даравида, шудааст, ки 92фоизи иҷроро ташкил медиҳад. Аз он майдони 275999 га куфта шуда, ҳосили умумӣ 804863 тонна аст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 38251 тонна зиёд мебошад.
Айни замон дар маъракаи ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо 1058 адад комбайнҳо мавҷуд буда, 4-тои он мавриди истифодабарӣ қарор дорад.
То имрӯз кишоварзони ВМКБ аз майдони 4146 га 2073 га, вилояти Суғд аз майдони 105915 га 90373,5 га, вилояти Хатлон аз майдони 135861 га 134678 га ва НТҶ аз майдони 54369 га 50224 гаро даравиданд.
 
Ҷамъоварии ҳосили картошка
 
 
Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ то 18.09.2020 дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз майдони 33026 га кишти картошка 13313 гектар ҷамъоварӣ карда шуд.
Ҳосили умумии он 227255 тоннаро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 77891 тонна кам мебошад.
Ҳосилнокӣ аз ҳар як сентнерӣ 170,7 гектарро ташкил медиҳад.
Заҳматкашони ВМКБ аз майдони 1304 га кишти картошка 156 тонна, вилояти Суғд аз майдони 15631 га 6200 тонна, Хатлон аз майдони 4443 га 3498 тонна ва НТҶ аз майдони 11648 га 3459 тонна ҳосили картошка ҷамъоварӣ намуданд.
 
Ҷамъоварии сабзавот
 
Тибқи маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ оид ба ҷамъоварии сабзавот дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ то санаи 18.09.2020 аз майдони кишти 39902 га 33940 га сабзавот ҷамъоварӣ карда шудааст, ки ҳосили умумии ҷамъоваришуда дар ҷумҳурӣ 947936 тоннаро ташкил медиҳад.
Ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 279,3 сентнерӣ буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз ҳар як сентнерӣ 262,2 га зиёд мебошад, ки аз он: 478675 тонна пиёз, 36569 тонна карам, 188133 тонна помидор, 79503 тонна бодиринг, 89403 тонна сабзӣ ва 75653 тонна дигар намуди сабзавотҳо ҷамъоварӣ карда шуданд.
 
Зироатҳои полизӣ
 
Рафти ҷамъоварии зироатҳои полизӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ то 18.09.2020 майдони кишт 19449 гектарро ташкил дода, аз он 18307,8 га ҷамъоварӣ карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1788,8 га зиёд мебошад
Ҳосили умумии полизиҳои ҷамъовардашуда 440721 тоннаро ташкил дода, ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 240,7 сентнерӣ мебошад.
 
Рафти ҷамъоварии меваю ангур
 
То 18.09.2020 тибқи маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ дар ҷумҳурӣ ба миқдори 177353 тонна мева ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 195 тонна кам буда, маъракаи ҳосилғундорӣ бо маром идома дорад.
Кишоварзони ҷумҳурӣ рӯзҳои охир маъракаи ҷамъоварии ангурро вусъат бахшида, то санаи 18.09.2020 дар ҷумҳурӣ 42739 тонна ангур ҷамъоварӣ намуданд, ки сокинони мамлакат аз он баҳра баранд.
 
Захираи хӯроки чорво
 
Ҷиҳати омодагӣ ба давраи зимистонгузаронӣ мутобиқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 20.09.2020 дар хоҷагиҳои кишоварзӣ ва деҳқонӣ (фермерӣ)-ҷумҳурӣ 1721831 тонна хӯроки чорво, аз ҷумла 1665595 тонна (93 фоиз) хӯроки дурушт ва 56236 тонна (46 фоиз) хӯроки ширадор, захира карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта хӯроки дурушт 118345 тонна ва ширадор 12462 тонна зиёд мебошад.
Рафти маъракаи захираи хӯроки чорво таҳти назорати доимӣ қарор дода шуда, кор дар ин самт идома дорад.
 
Шуъбаи матбуот ва иттилоот
Тамос 2353863

Илова кунед: