Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем, яъне масъалаи озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

ГУЗОРИШИ МАТБУОТӢ (ПРЕСС-РЕЛИЗ) 23.10.2020

22.10.2020

        Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид месозанд, ки мамлакати мо дорои имкониятҳои васеи истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ мебошад. Бо дарназардошти ин, дар сурати оқилона ва самаранок истифода бурдани захираҳои истеҳсолии соҳа мо метавонем худро бо маҳсулоти ғалладонагиҳо, меваю сабзавот, гӯшту шир ва дигар намудҳои озуқа таъмин намоем.
        Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун пешбарандаи сиёсати давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ барои расидан ба ҳадафҳои дар боло зикр гардида тамоми тадбирҳоро амалӣ намуда, ҷиҳати иттилоотнокии шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва намояндагони ВАО ба ҳолати 23.10.2020 чунин гузориши матбуотиро пешниҳод менамояд.

Рафти кишти тирамоҳӣ ва барвақтии зироатҳои кишоварзӣ

       Мувофиқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 23.10.2020 кишоварзони ҷумҳурӣ дар майдони 42079 гектар кишти тирамоҳӣ ва барвақтии зироатҳои кишоварзӣ гузаронидаанд, ки аз он 31308 гектар ғалладона, 10771 гектар сабзавоти барвақтӣ, аз он 8583 гектар (68,4%) пиёзи барвақтӣ, 1314 га (75,3%) сабзии барвақтӣ, 415 га (40,6%) карами барвақтӣ ва   459 га дигар сабзавоти барвақтиро ташкил медиҳад, ки рафти кишт бо маром идома дорад.

      Аз ҷумла дар вилояти Хатлон дар майдони 19886  гектар, аз он ғалладона 10850 га, сабзавоти барвақтӣ 9036 га аз он пиёзи барвақтӣ  6899 га, сабзӣ 1314 га, карам 822 га, 408 га дигар сабзавотҳои барвақтӣ,  дар вилояти Суғд дар майдони 20730 гектар аз он 19900 га ғалладона, 830 га сабзавоти барвақтӣ аз он пиёзи барвақтӣ 817 га ва 13 га дигар сабзавотҳои барвақтӣ, дар шаҳри Турсунзода 545 гектар аз он 40 га ғалладона, 505 га сабзавоти барвақтӣ аз он пиёзи барвақтӣ  495 га, дар шаҳри Ваҳдат 410 гектар аз он ғалладона 300 га, 110 пиёзи барвақтӣ, дар ноҳияи Шаҳринав 167 гектар сабзавоти барвақтӣ аз он пиёзи барвақтӣ 165 га, дар ноҳияи Рӯдакӣ 34 га сабзавоти барвақтӣ аз он пиёзи барвақтӣ25 га ва дар шаҳри Ҳисор 198 гектар, аз он ғалладона 109 га, сабзавоти барвақтӣ 89 га аз он пиёзи барвақтӣ 72 гектарро ташкил медиҳад.  

 Ҷамъоварии ҳосили пахта

         Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати тухмипарварӣ ва дастовардҳои селексионӣ оид ба рафти ҷамъоварии ҳосили пахта дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 24.10.2020 аз майдони кишти 185427 гектар, дар як рӯз 3712 ва аз аввали мавсим 329155 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки фоизи нақшаи он дар як рӯз 0,9 ва аз аввали мавсим 78,2 фоизро ташкил медиҳад.  

         Дар вилояти Хатлон аз майдони кишти 124175 гектар аз аввали мавсим 225517 тонна,  81,1 фоиз, вилояти Суғд аз 58177 гектар майдони кишт аз аввали мавсим 98994 тонна, 76,4 фоиз ва НТҶ аз 3075 гектар майдони кишт аз аввали мавсим 4644 тонна пахта, ки 72,0 фоизро ташкил медиҳад,  ҷамъоварӣ карда шуд.         

 Ғалладонагиҳо

         Мувофиқи маълумотҳои фаврӣ оид ба рафти ҷамъоварии ҳосили зироатҳои ғалладонагӣ мувофиқи  вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ то 23.10.2020 кишоварзон дар майдони 300304 га кишти ғалладонагиҳо гузаронида, аз он 287572 гектарро даравиданд, ки он 96 фоизи иҷроишро ташкил дода, майдони 286322  га куфта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10882  га зиёд мебошад.

         Ҳосили умумии ҷамъоваришудаи ғалладонагӣ ва лӯбиёгиҳо 886817 тоннаро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 63258 тонна зиёд буда, ҳосилнокӣ аз ҳар як га 31,0 сентнерро ташкил медиҳад.

Сабзавот  

        Тибқи маълумотҳои фаврии  Раёсати растанипарварӣ оид ба рафти ҷамъоварии сабзавот дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  то 23.10.2020 дар ҷумҳурӣ аз майдони кишти 39902 га майдони 38078 га сабзавот ҷамъоварӣ  карда шудааст, ки ҳосили умумии  он 1171547 тоннаро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 176856  тонна зиёд мебошад.

         Аз он пиёз 579238 тонна, карам 45990 тонна, помидор 249717 тонна, бодиринг 88800 тонна, сабзӣ 111069 тонна ва дигар намуди  сабзавотҳо 96734 тонна ҷамъоварӣ карда шуд.

Картошка  

         Дар асоси маълумотҳои фаврӣ оид ба рафти ҷамъоварии картошка то 23.10.2020 дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз майдони кишти 33026 га 25286 гектар картошка  ҷамъоварӣ  шудааст.

                  Дар ВМКБ аз майдони 1304 га кишти картошка 1006 га, вилояти Суғд аз майдони 15631 га 11202 тонна, вилояти Хатлон аз майдони  4443 га  3288 тонна ва НТҶ  аз майдони 11648 га 9790 тонна картошка ҷамъоварӣ карда шуд.

 Ҷамъоварии  полизиҳо

           Мувофиқи маълумотҳои фаврӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оид ба рафти ҷамъоварии зироатҳои полизӣ то 23.10.2020  майдони кишт дар ҷумҳурӣ 19449  гектарро ташкид дода, аз он 19200 гектар ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли  гузашта 724 га зиёд мебошад.

         Ҳосили умумии полизиҳои ҷамъоваришуда 497539 тоннаро  ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 41415 тонна зиёд мебошад.       Ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 259 сентнерро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи  соли  гузашта  12,3  сентнер зиёд аст.

 Истеҳсоли меваю ангур

          Ба ҳолати 23.10.2020 тибқи маълумотҳои фаврӣ дар ҷумҳурӣ ба миқдори 243241 тонна мева ҷамъоварӣ шуда, ҳосил нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, ки 217013 тоннаро ташкил медод,  93842 тонна  зиёд мебошад.

         То имрӯз кишоварзони мамлакат 98061 тонна ангур ҷамъоварӣ намуданд, ки аз он 31154 тонна ба вилояти Суғд, 26713 тонна ба вилояти Хатлон ва 35975 тонна   ба НТҶ рост меояд.

Содироти маҳсулотҳои кишоварзӣ

        Тибқи маълумоти гумрукӣ ба ҳолати 21.10.2020 аз қаламрави ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 120440 тонна меваю сабзавот ва дигар намуди маҳсулотҳо  аз он 90810 тонна сабзавот (аз он пиёз 90204 тонна), меваҷот 12156 тонна, меваи хушк ва чормағзмева 15474 тонна, полизӣ 95 тонна ва  1905 тонна дигар намуди маҳсулотҳои кишоварзӣ ба давлатҳои хориҷӣ ҳамагӣ аз рӯи арзиши гумрукӣ ба маблағи 17167534 доллари ИМА содирот карда шудааст.

        Содироти маҳсулот нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз рӯи ҳаҷм 35,4 хазор тонна ё  41,7 фоиз ва аз рӯи арзиш 5,5 млн доллари ИМА ё 47,4 фоиз афзоиш ёфтааст. Ҳамзамон бояд қайд кард, ки содироти маҳсулот нисбат ба ҷамъбасти соли 2019 (118446 тонна маҳсулот содирот гардида буд) 2 ҳазор тонна ё 1,6 фоиз зиёд гардидааст.

Техника ва мошинолоти кишоварзӣ

     Мувофиқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 01.10.2020 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории соҳаи кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ 27061 адад трактори гуногунтамға мавҷуд буда, аз он 1631 адад трактори шудгоркунанда мебошад. Инчунин, 1038 адад комбайни ғалладарав, 8871 адад ядакҳои тракторӣ, 10048 адад испорҳои тракторӣ, 3267 адад култиваторҳо, 2244 адад тухмипошакҳо, аз он:  1850 адад тухмипошаки пахта, 1413 адад достҳои такторӣ (косилка), 701 адад тойбанду-тагрезчин, 152 адад комбайни хӯроки чорвоғундор, 17 адад комбайни ҷуворимаккағундор, 401 адад картошкаканакҳо, 155 адад картошкашинонакҳо, 63 мошини пахтачин ва 305 адад алафҷамъкунакҳо мавҷуд мебошанд, ки дар корҳои саҳроӣ истифода гардида истодааст.

           Ҳамзамон қайд кардан зарур аст, ки тибқи маълумоти фаврӣ ҷиҳати расонидани кӯмакӣ амалӣ ба хоҷагиҳои кишоварзӣ дар рафти гузаронидани кишт ва ҷамъоварии ҳосили зироатҳои кишоварзӣ дар 9 моҳи соли 2020 ҳамагӣ 851 адад техника ва мошинолоти кишоварзӣ - 329 адад тракторҳо, 16 адад комбайни ғалладаравӣ, 3 адад ядаки тракторӣ, 4 адад мошини алафдаравӣ, 82 адад кулухмайдакунак (фреза), 133 адад испори тракторӣ, 51 адад тойбанду-тагрезчин, 34 адад алафдаравакҳо, 18 адад дорупошакҳо, 2 адад пармакунак, 19 адад гандумкӯбак, 6 адад култиватор, 3 адад дискмола, 3 адад ҷуяккашак, 22 адад мотоблок, 2 адад комбайни силосғундор корфармоӣ кара шуданд. Техникаҳои  ёрирасони соҳаи кишоварзӣ – Экскаватор 57 адад, боркунак (погрузчик) 55 адад, булдозер 3 адад ва техникаҳои роҳсозӣ 9 адад  ворид гардидаанд.

Шуъбаи матбуот ва иттилоот

Тамос: 235 38 63

 

 

Илова кунед: