Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем, яъне масъалаи озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

ГУЗОРИШИ МАТБУОТӢ (ПРЕСС-РЕЛИЗ) 24.07.2020

23.07.2020

Санаи 13.07.2020 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он оид ба масъалаҳои таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ, суръати ҷамъоварии маҳсулоти кишоварзӣ, кишти такрорӣ, андешидани чораҳои санитарӣ-гигиенӣ доир ба пешгирӣ ва табобати бемории сироятии коронавирус, омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 ва дигар мавзӯъҳои мубрами рӯз мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷиҳати иҷрои онҳо ба масъулини соҳа дастуру супоришҳо доданд.
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун пешбарандаи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла растанипарварӣ, чорводорӣ ва дигар самтҳои истеҳсолоти кишоварзиро ба роҳ монда, ҷиҳати таъмини амнияти озуқавории мамлакат тамоми чораҳои заруриро амалӣ намуда, бо мақсади иттилоотнокии ҷомеа ахбороти тозаро оид ба рафти истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, дастовард ва нақшаҳо ба намояндагони ВАО ва алоқамандони соҳа маълумот мешниҳод менамояд.

РЕЗААХБОРИ КИШОВАРЗӢ

На изображении может находиться: еда

• Рўзҳои 23 ва 24-уми соли 2020 дар ноҳияҳои А.Ҷомӣ ва М.С.А.Ҳамадонии вилояти Хатлон Семинари ҷумҳуриявӣ дар мавзўи «Роҳҳои зиёд намудани истеҳсоли картошка дар кишти такрорӣ бо истифода аз технологияи муосир дар шароити минтақаҳои вилояти Хатлон» баргузор мегардад.

• Ҳаштоду як фоизи кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ тибқи дурнамои соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ иҷро гардидааст.

• Дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии вилоят ва ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 143889 тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст.

• Кишти ғалладонагиҳо дар бахши хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ мувофиҷи ахбороти вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар майдони 300310 га ба қайд гирифта шудааст.

• Дурнамои кишти асосии шолї 10774 га ва дар кишти такрорӣ 13407 гектарро ташкил медиҳад.

• Истеҳсоли моҳӣ ба 832,2 тонна расонида шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 368 тонна зиёд мебошад.

• Истеҳсоли тухм ба 443554,5 ҳазор дона ва гўшти паранда ба 13334,9 тонна расонида шуд.

На изображении может находиться: один или несколько человек и люди сидят

23-юми июли соли 2020 дар хоҷагии деҳқонии «Саховат»-и ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлоли ноҳияи Кўшониёни вилояти Хатлон Семинари ҷумҳуриявӣ дар мавзўи «Роҳҳои зиёд намудани истеҳсоли картошка дар кишти такрорӣ бо истифода аз технологияи муосир дар шароити минтақаҳои вилояти Хатлон» баргузор гардид.
Дар кори семинар муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмаҳмадзода Д. Қ., Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода А. Ф., раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қ. иштирок намуданд.
Дар семинари ҷумҳуриявӣ, ки бо иштироки олимону мутахассисони соҳаи кишоварзӣ баргузор гардид, пешниҳоди рунамоҳо оид ба мавзeъҳои «Технология ва парвариши картошка бо усули тайёр намудани чашмакҳо аз ҳисоби картошкаи барвақтӣ рўёнидашудаи ҳосили соли ҷорӣ”, “Интихоб ва тайёр намудани тухмӣ ва замин барои картошкаи аз чашмакҳо шинонидашаванда”, «Муборизаи интегратсионӣ бар зидди касалиҳо ва зараррасонҳои картошка дар майдонҳои кишоварзӣ», “Нақши марказҳои логистикӣ ва анборхонаҳо барои нигоҳдории картошкаи тухмӣ ва истеъмолӣ дар таъмин намудани дастархони аҳолӣ дар давраи зимистон”, “Самаранокии иқтисодии рушди соҳаи картошкапарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Истифодаи агротехнологияи муосири механиккунонӣ дар кишти картошка” ва пешниҳоди амалии он дар шароити саҳрои ба иштирокчиёни семинар пешниҳод карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки санаи 14-уми июли соли 2020 бо иштироки намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур, мутахассисони раёсату шўъбаҳои кишоварзӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва хоҷагидорони ноҳияҳои минтақаи Ҳисор (Рӯдакӣ, Ваҳдат, Ҳисор, Турсунзода, Шаҳринав ва Варзоб) инчунин воситаҳои ахбори омма дар маҷмӯъ, зиёда аз 70 нафар хоҷагидорони минтақаи НТҶ, шаҳри Душанбе ва дар деҳаи Адолати Ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ семинари илмию амалии минтақавӣ дар мавзӯи “Технологияи парвариши картошка дар кишти такрорӣ” доир гардид, ки дар он масъалаи технологияи парвариши картошка дар кишти такрорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

На изображении может находиться: один или несколько человек, люди сидят, толпа, дерево и на улицеНа изображении может находиться: 4 человека, люди стоят, люди сидят и на улице

Содироти маҳсулоти кишоварзӣ

Тибқи маълумоти фаврии гумрукӣ ба ҳолати 01.07.2020 ба хориҷи кишвар 96447 тонна маҳсулоти растанипарварӣ ба маблаѓи 12 650 692 доллари ИМА содирот шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, аз рўи ҳаҷм 24247 тонна ё 33,6 фоиз ва аз рўи арзиши гумрукӣ 3 749 572 доллари ИМА зиёд мебошад. Бахусус, содироти пиёз 77621 тонна ё 43,2 фоиз, меваи ситрусӣ 229 тонна ё 5 баробар, меваи хушк, чормағзмева 9429 тонна ё 9,4 фоиз ва гелос 418 тонна ё 8,3 фоиз зиёд гардидааст.

Кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ

Бо мақсади гирифтани се ё чор ҳосил аз заминҳои корам кишоварзони ҷумҳурӣ пас аз ҷамъоварии ҳосил ба кишти такрорӣ пардохтанд.
Тибқи дурнамо соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ 185948 гектарро ташкил дода, то санаи 20.07.2020 дар майдони 151505 га кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шудааст, ки 81 фоизи иҷроиши дурнаморо ташкил медиҳад.
Аз он ҷумла, ғалладонагиҳо ҳамагӣ 86763 га мебошад, ки аз он 48822 га ҷуворимакка барои дон, 13949 га шолӣ ва 23993 га дигар зироатҳои ғалладонагиҳоро дар бар мегирад.
Илова ба он дар майдони 17539 га сабзавот, 448,3 га картошка, 6198 га полизӣ, 3259,7 га зироатҳои техникӣ ва 37298 га кишти хўроки чорво кишт гардидааст, ки корҳо дар ин самт идома доранд.

Ҷамъоварии ҳосили картошка

На изображении может находиться: еда

Рафти ҷамъоварии картошка дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ҳолати 17.07.2020 дар майдони 33026 га кишт гардидааст, ки аз он 7780 га ҷамъоварӣ шудааст.
Аз он ҷумла, ҷамъоварии ҳосили картошка дар ВМКБ аз майдони 15 га кишти картошка 225 тонна ҳосил ҷамъоварӣ шуда, дар вилояти Суғд аз майдони 892 га 30272 тонна, дар вилояти Хатлон аз майдони 4128 га 82539 тонна ва дар НТҶ бошад аз майдони 11648 га 30853 тонна картошка ҷамъоварӣ карда шудааст, ки кор дар ин самт бо маром идома дорад.

Сабз мегардад зи оби сард ҷӯи пахтазор

На изображении может находиться: цветок, растение и природа

Тибқи маълумотҳои Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 17.07.2020 оид ба кишт, сабзиш, давраҳои афзоиш ва гузаронидани чорабиниҳои агротехникии пахта мувофиқи ахбороти вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, майдони зиёда 187460 га, ки пурра сабзидааст 53592 га дар ҳолати аз 1 то 2 куракӣ, майдони 59133 га дар ҳолати 3-4 куракӣ, майдони 41926 га дар ҳолати 5-6 куракӣ, майдони 1681 га дар ҳолати шонабандӣ ва майдони 310993 га дар ҳолати гулкунӣ қарор дорад.
Кишоварзон бо риояи корҳои агротехникӣ дар майдони 121496 га коркарди байни қаторҳо ва дар майдони 413723 га озуқадиҳӣ гузаронидаанд.

Ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо

Тибқи маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварии вазорат дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ майдони кишт 300310 га кишти ғалладонагиҳо ба қайд гирифта шудааст, ки ба ҳолати 17.07.2020 192452 га даравида шудааст.
Дар соли 2020 ҳосили умумии ғалладонаҳо 588521 тоннаро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23835 тонна зиёд мебошад.
Аз он чумла, дар ВМКБ майдони 4146 га кишт гардидааст, ки аз он 93 га (2 фоиз) даравида шуд, дар вилояти Суғ д майдони 105915 га кишт шудааст, ки аз он 48173 га (45 фоиз) даравида шуд, дар вилояти Хатлон майдони 135861 га кишт шудааст, ки аз он 113858 га (84 фоиз) даравида шуда ва дар НТҶ майдони 54369 га кишт шудааст, ки он 30328 га (56 фоиз) даравида шудааст.

Кишти шолӣ

Нет описания фото.

Шолӣ баъд аз ғалладонагиҳо дар ҷаҳон аз ҷиҳати майдони кишт ва ҳосил ҷойи дуюмро ишғол менамояд. Аз ҷиҳати ғизонокӣ бартариҳои зиёд дошта, талабот ба он коҳиш намеёбад. Мувофиқи ҳадди ақали маҳсулоти ғизоӣ барои гуруҳҳои асосии иҷтимоию демографии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як сол ба ҳар сари аҳолӣ 11,28 кг биринҷ рост меояд.
Тибқи маълумоти оморӣ дар соли ҷорӣ дурнамои кишти асосии шолӣ 10774 гектар ва дар кишти такрорӣ 13407 гектарро ташкил менамояд.
То санаи 20.07.2020 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳуриявӣ 13949 гектар шолӣ кишт гардидааст, ки иҷроиши 104 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад.

Моҳипарварӣ

Ба ҳолати 01.07.2020 шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ 352 адад ва масоҳати ҳавзҳои моҳипарварӣ 2643,4 гектарро ташкил медиҳад, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта шумораи хоҷагиҳо 52 адад ва масоҳати ҳавзҳо 165,3 гектар зиёд мебошад.
Аз миқдори умумии хоҷагиҳои моҳипарварӣ дар вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон 4 адад бо масоҳати ҳавзҳои моҳипарварӣ 13,0 гектар, вилоятҳои Суғд 29 адад, 356,8 гектар, Хатлон, 257 адад, 2169,1 гектар ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 62 адад, 104,5 гектарро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ истеҳсоли моҳӣ ба ҳолати 01.07.2020 ба 832,2 тонна расонида шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 368 тонна зиёд мебошад.
Аз рўи таҳлилҳо тайи солҳои охир миқдори моҳиҳои зотию такмилӣ низ афзоиш ёфта истодааст. Масалан, соли 2019 миқдори моҳиҳои зотию такмилӣ ба 16,0 ҳазор дона расонида шуд, ки нисбати соли 2018 3,5 ҳазор дона зиёд мебошад. Айни замон бошад дар хоҷагиҳои моҳипарварии ҷумҳурӣ 21600 дона моҳиҳои зотию такмилӣ парвариш гардида истодааст.

Парандапарварӣ

На изображении может находиться: птица

Ба ҳолати 01.07.2020 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ истеҳсоли тухм ба 443554,5 ҳазор дона ва гўшт ба 13334,9 тонна расонида шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 136120,4 ҳазор дона ва 7149,3 тонна зиёд мебошад.
Инчунин, амалишавии имтиёзҳои андозӣ ва гумрукӣ барои аз нав барқарор гардидани фаъолияти якчанд корхонаҳои паррандапарварӣ, аз ҷумла «Мурѓи Муъминобод» (собиқ «Якарча»)-и ноҳияҳои Муъминобод, «Мавзуна Т.»-и Шаҳритус, «Бўстон 2010»-и Вахш ва «Мурғи Хонаобод»-и шаҳри Кўлоб замина гузошта, айни замон ин корхонаҳо фаъолияти назаррас доранд.
Бо зиёд гардидани саршумори паранда талабот бо хўроки омехта низ афзун гардида истодааст. Аз ин рў, бо мақсади таъмини корхонаҳои паррандапарварӣ бо хўроки омехта дар ду соли охир якчанд корхонаҳо ба истеҳсоли хўроки омехтаи паранда, аз ҷумла «Истиқлол»-и ноҳияҳои Данғара, «Амина-К»-и Б.Ғафуров, «Ғизо агросаноат»-и шаҳри Гулистон ва «Афросиёб парандаи Тоҷикистон»-и Ҳисор ба фаъолият шурўъ намуданд. Дар ҳозира иқтидори истеҳсолии ҳар яке аз ин корхонаҳо ба ҳисоби миёна дар як шабонарўз аз 50 то 200 тоннаро ташкил медиҳад.

Захираи хӯроки чорво

На изображении может находиться: облако, небо, дерево, трава, на улице и природа

Ҷиҳати омодагӣ ба давраи зимистонгузаронӣ мутобиқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 20.07.2020 дар хоҷагиҳои кишоварзӣ ва деҳқонӣ (фермерӣ)-ҷумҳурӣ 1009804 тонна хўроки чорво, аз ҷумла 1006268 тонна хўроки дурушт ва 3536 тонна хўроки ширадор, захира карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта хўроки дурушт 59584 тонна ва ширадор 1618 тонна зиёд мебошад.
Рафти маъракаи захираи хўроки чорво таҳти назорати доимӣ қарор дода шуда, кор дар ин самт идома дорад.

Шуъбаи матбуот ва иттилооти
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Тамос: 235 39 23

Илова кунед: