Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем, яъне масъалаи озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

ГУЗОРИШИ МАТБУОТӢ (ПРЕСС-РЕЛИЗ) 28.09.2020

28.09.2020
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид месозанд, ки "Андешидани тадбирҳо доир ба рушди соҳаи кишоварзӣ барои бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ, фаровонии бозорҳо, таъмини корхонаҳои саноатӣ бо ашёи хом ва баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар хеле муҳим мебошад".
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба намояндагони ВАО -и ҷумҳурӣ ва аҳолии мамлакат ба ҳолати 28.09.2020 чунин гузориши матбуотиро пешниҳод менамояд.
 
Ҷамъоварии ҳосили пахта
 
Пахта - боигарии асосии Точикистон | tiroz.org
 
Ба ҳолати 26.09.2020 дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати тухмипарварӣ ва дастовардҳои селексионӣ оид ба рафти ҷамъоварии ҳосили пахта дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз майдони 186155 га, аз аввали мавсим 134724 тонна пахта ҷамъоварӣшудааст, ки 30,4 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Дар вилояти Хатлон аз майдони кишти 124175 га аз аввали мавсим 109674 тонна (39,4 фоиз) ва вилояти Суғд аз 58177 га майдони кишт аз аввали мавсим 25050 тонна (19,3 фоиз) пахта ҷамъоварӣкарда шудааст.
 
Ғалла
 
 
Гандум яке аз зироатҳои асосӣва муҳими озуқаворӣбуда, давомнокии давраи нашъунамои он вобаста ба навъ, мӯҳлати кишт ва агротехникаи парвариш 180-240 рӯзро дар бар мегирад.
Мувофиқи маълумотҳои фаврӣоид ба рафти ҷамъоварии ҳосили зироатҳои ғалладонагӣмувофиқи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣто санаи 25.09.2020 кишоварзон дар майдони 300304 га кишти ғалладонагиҳо гузаронида, аз он 278809 гектарро даравиданд, ки он 93 фоизи иҷроишро ташкил дода, майдони 277353 га куфта шудааст, ки ҳосили умумии он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 41373га зиёд мебошад.
Ҳосили умумии ҷамъоваришудаи ғалладонагӣва лӯбиёгиҳо 808749 тоннаро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 41373 тонна зиёд буда, ҳосилнокӣаз ҳар як га 29,2 сентнерро ташкил медиҳад.
 
Картошка
 
Картошка зироати ҳаматарафа истифодашаванда буда, лӯндаҳои он ба ғайр аз дигар витаминҳо 20-23 фоиз оҳарро дорост, ки он дар саноати озуқаворӣ, бофандагӣ, гӯгирдбарорӣ ва ғайра истифода бурда мешавад.
Дар кишвари мо кишти ин зироат хуб ба роҳ монда шуда, дар асоси маълумотҳои фаврӣ оид ба рафти ҷамъоварии картошка ба ҳолати 25.09.2020 дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз майдони кишти 33026 га 14459 гектар картошка ҷамъоварӣ шудааст, ки ҳосили умумии он 260167 тоннаро ташкил медиҳад.
Ҳосилнокӣ аз ҳар як га 170,6 сентнерӣ буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9, 3 сентнер зиёд аст.
Дар ВМКБ аз майдони 1304 га кишти картошка 419 га, вилояти Суғд аз майдони 15631 га 6200 тонна, вилояти Хатлон аз майдони 4443 га 3498 тонна ва НТҶ аз майдони 11648 га 4342 тонна картошка ҷамъоварӣ карда шуд.
 
Сабзавот
 
 
Тибқи маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ оид ба рафти ҷамъоварии сабзавот дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ то 25.09.2020 дар ҷумҳурӣ аз майдони кишти 39902 га майдони 34497 га сабзавот ҷамъоварӣ карда шудааст, ки ҳосили умумии он 976210 тоннаро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 89342 тонна зиёд мебошад.
Аз он ҷумла, пиёз 487873 тонна, карам 36752 тонна, помидор 202162 тонна, бодиринг 81026 тонна, сабзӣ 89935 тонна ва дигар намуди сабзавотҳо 78462 тоннаро ташкил медиҳанд.
 
Ҷамъоварии полизиҳо
 
Мувофиқи маълумотҳои фаврӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оид ба рафти ҷамъоварии зироатҳои полизӣ то 25.09.2020 майдони кишт дар ҷумҳурӣ 19449 гектарро ташкид дода, аз он 18461 гектар ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1133,8 га зиёд мебошад.
Ҳосили умумии полизиҳои ҷамъоваришуда 447350 тоннаро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 33522 тонна зиёд мебошад. Ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 242,3 сентнерро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,5 сентнер зиёд аст.
 
Истеҳсоли меваю ангур
 
 
То имрӯз ба ҳолати 25.09.2020 тибқи маълумотҳои Раёсати растанипарварӣ дар ҷумҳурӣ ба миқдори 179066 тонна мева ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1963 тонна зиёд мебошад.
Ҷамъоварии ангур бо маром идома дошта, кишоварзони мамлакат 45912 тонна ангурро саривақт ва беталаф ҷамъоварӣ намуданд, ки аз он 9923 тонна ба вилояти Суғд, 21411тонна ба вилояти Хатлон ва 14578 тонна ба НТҶ рост меояд.
 
Содироти маҳсулотҳои кишоварзӣ
 
 
Кишоварзӣ яке аз соҳаҳои муҳим ва афзалиятноки кишвар ба шумор рафта, содироти он метавонад барои беҳтар гардидани вазъи иқтисодии мамлакат мусоидат намояд.
Мувофиқи маълумотҳои гумрукӣ оид ба содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба ҳолати 24.09.2020 аз ҷумҳурӣ сабзавот ҳамагӣ 87090 тонна, меваҷот 11156 тонна, тарбузу харбуза 95 тонна, меваи хушк ва чормағзмева 14270 тонна ва дигар намуди маҳсулотҳо 118 тонна, ҷамъ 112729 тонна маҳсулот содирот шудааст.
Бахусус, содироти пиёз 84911 тонна ё 149,4 фоиз, дигар сабзавот 1914 тонна, ангур 3717 тонна, меваи ситрусӣ 229 тонна ё 322,5 фоиз зиёд гардидааст.
Аз маълумотҳои болоӣ бармеояд, ки талаботи бозори хориҷӣ бештар ба маҳсулотҳои кишоварзии ватании мо аз қабили - меваи хушк ва чормағзмева, ангур, меваҷот ва пиёз зиёд мебошад.
 
Шуъбаи матбуот ва иттилоот

Илова кунед: