Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

ГУЗОРИШИ МАТБУОТӢ (ПРЕСС-РЕЛИЗ) 29.07.2020

02.08.2020

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти хеш бо сокинони мамлакат ҳушдор намуданд, ки “Бори дигар таъкид менамоям, ки дар шароити паҳн шудани пандемияи коронавирус ва вазъи номуайяни иқтисодӣ дар ҷаҳон тақвият додани корҳо дар самти ҳифзи амнияти озуқавории кишвар, истифодаи самараноки ҳар як порчаи замин, гирифтани се-чор ҳосил ва ташкили захираи дусолаи озуқавории ҳар як оилаи кишвар ниҳоят муҳим мебошад”.
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин асно ба ВАО –и ҷумҳурӣ ва сокинони мамлакат оид ба рафти фаъолияти кишоварзии мамлакат ба ҳолати 29.07.2020 чунин маълумот пешниҳод менамояд.

На изображении может находиться: 1 человек, стоит, растение, дерево, на улице и природа

РЕЗААХБОРИ КИШОВАРЗӢ

• Содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба ҳолати 26.07.2020 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 117652 доллари ИМА зиёд мебошад.

• Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳуриявӣ кишти такрории шолӣ ба ҳолати 24.07.2020 106 фоиз иҷро гардидааст.

• Дар соли 2020 ҳосили умумии ғалладонагӣ ва лубиёгиҳо 635476 тоннаро ташкил дода,нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7604 тонна зиёд мебошад.

• Ба ҳолати 24.07.2020 дар майдони 33026 га кишти картошка гузаронида шудааст, ки аз он 7933 га (145821 тонна) ҷамъоварӣ гардидааст.

• Истеҳсоли моҳӣ ба ҳолати 01.07.2020 ба 832,2 тонна расонида шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 368 тонна зиёд мебошад.

• Истеҳсоли тухм ба 443554,5 ҳазор дона ва гўшти паранда ба 13334,9 тонна расонида шуд.

• Дар саҳни бинои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 29.07.2020 бахшида ба ҷашни Иди Қурбон ярмарка – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир гардид.

Содироти маҳсулоти кишоварзӣ

Нет описания фото.

Мувофиқи маълумотои гумрукӣ то санаи 26.07.2020 аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 13 551 227 доллари ИМА содирот шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 117652 доллар зиёд мебошад.
Аз ҷумла, маҳсулоти сабзавотӣ 83581 тонна, меваҷот 8504 тонна, тарбузу харбуза 85 тонна, меваи хушк ва чормағзмева 10348 тонна ва дигар намуди маҳсулотҳо 77 тонна, дар маҷмӯъ 102595 тонна содирот шудааст.
Аз маълумотҳои болоӣ бармеояд, ки талаботи бозори хориҷӣ бештар ба маҳсулотҳои кишоварзии ватании мо аз қабили - меваи хушк ва чормағзмева, ангур, меваҷот ва пиёз зиёд мебошад.
Дар ин давра 2277 тонна олу ва 418 тонна гелос содирот шудааст, ки нисбат ба њамин давраи соли гузашта содироти олу 312 тонна кам ва гелос 25 тонна зиёд мебошад.

Рафти ҷамъоварии картошка

Дар дастурамалҳои илмӣ оид ба ҷамъоварии картошка тавсия дода мешавад, ки он вобаста ба навъ ва маҳали кишт дар муҳлатҳои гуногун ғундошта шавад. Зард гаштани баргу поя ва ғавс шудани пӯсти лӯндаҳо нишонаи расидани картошка мебошад. Картошкаҳои баҳорӣ дар водии Вахш охирҳои май то миёнаҳои июн ва дар водии Ҳисор нимаи дуюми июн то ба аввалҳои моҳи июл мерасад. Дар мавзеъҳои кӯҳсор ғунучини картошкаро моҳи сентябр сар карда, то фарорасии сармо ба охир расондан лозим меояд. Баъди ғундоштан картошкаро дар ҷойҳои торик нигоҳ доштан тавсия дода мешавад
Тибқи маълумотҳои Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ ба ҳолати 24.07.2020с дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ майдони кишти картошка 33026 гектарро ташкил дода, майдони 7933 га ҷамъоваришудааст, ки он 145821 тоннаро ташкил медињад.
Аз ҷумла, дар ВМКБ 17га (256 тонна), вилояти Суғд 2002 га (32032 тонна), вилояти Хатлон 4128га (82539 тонна) ва дар НТҶ 1786 га (30994 тонна) ҷамъоварӣ гардидааст.

На изображении может находиться: еда

Рафти кишти такрории картошка

Вазорат кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкори бо олимону пажӯҳишгарони Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур миёни аҳолӣ семинарҳои амалӣ минтақавӣ оид ба роҳҳои зиёд намудани истеҳсоли картошка дар кишти такрорӣ бо истифода аз технологияи муосирро ба роҳ мондаанд, ки мувофиқи нақша чорабиниҳо гузаронида мешаванд. Аз семинарҳои баргузоргарди аён мегардад, ки олимону пажӯҳишгарон дар мавсими кишти такрории картошка навъҳои “Тоҷикистон”, “Дурахшон”, “Шукрона”, “Жуковскии барвақтӣ”-ро тавсия медишанд.
Тибқи маълумотҳои Раёсати растанипарварӣ ба ҳолати 24.07.2020 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 721,5 га кишти такрории картошка гузаронида шудааст, ки 9,5 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад.
Аз ҷумла, дар вилояти Суғд 403,5 га (23,1 фоиз), ва вилояти Хатлон 76 (1,6 фоиз) ва дар НТҶ 242 га (22 фоиз) кишти такрории картошка гузаронида шудааст.

Рафти ҷамъоварии меваю ангур

На изображении может находиться: еда

Тибқи маълумотҳои Раёсати растанипарварии вазорат рафти ҷамъоварии меваю ангур дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва љамоавии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ҳолати 24.07.2020 дар ҷумҳурӣ 114816 тонна мева ҷамъоварӣ гардидааст.
Аз ҷумла, дар вилояти Суғд 61500 тонна, вилояти Хатлон 47413 ва дар НТҶ 5903 тонна мева ҷамъоварӣ карда шудааст.
Инчунин ҷамъоварии ангур дар ҷумҳурӣ дар соли ҷорӣ ба 3143 тонна расидааст.

Рафти ҷамъоварии сабзавот

Рафти ҷамъоварии сабзавот дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ҳолати 24.07.2020. дар ҷумҳурӣ 25002 га сабзавот ҷамъоварӣ карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18096 га зиёд мебошад.
Ҳосили умумии ҷамъовардашуда дар ҷумҳурӣ 746592 тоннаро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 655087 тонна зиёд буда, ки ҳосилноки аз ҳар як га 282, 4 сентнерро ташкил медиҳад.
Имрўзҳо кишоварзон аз ҳисоби ҳосили умумии сабзавотҳо, ки 39902 тоннаро ташкил медиҳад: 447849 тонна пиёз, 31358 тонна карам, 97594 тонна помидор, 61744 тонна бодириг, 67931 тонна сабзӣ ва 40116 тонна дигар сабзавотҳо ҷамъоварӣ намуданд.

Нет описания фото.

Кишти шолӣ

Шолӣ баъд аз ғалладонагиҳо дар ҷаҳон аз ҷиҳати майдони кишт ва ҳосил ҷойи дуюмро ишғол менамояд. Аз ҷиҳати ғизонокӣ бартариҳои зиёд дошта, талабот ба он коҳиш намеёбад. Мувофиқи ҳадди ақали маҳсулоти ғизоӣ барои гурӯҳҳои асосии иҷтимоию демографии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як сол ба ҳар сари аҳолӣ 11,28 кг биринҷ рост меояд.
То санаи 27.07.2020 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳуриявӣ дурнамои кишти асосии шолӣ 10774 га мебошад, ки аз он 11500 га (106,7 фоиз) ва дар кишти такрорӣ дурнамо 13407 гектарро ташкил менамояд, ки аз он 14201 га (106 фоиз) иҷро гардидааст.

Ҷамъоварии ғалладонагиҳо

Тибқи маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварии вазорат рафти ҷамъоварии ҳосили ғалла мувофи ахброти вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои љумњурї ба њолати 24.07.2020с майдони кишт 300304 га ба ќайд гирифта шудааст, ки аз он 212900 га даравида шудааст.
Дар соли 2020 ҳосили умумии ғалладонагӣ ва лубиёгиҳо 635476 тонна зиёд мебошад.
Аз он чумла, дар ВМКБ майдони кишти 4146 га аз он 148 га ташкил медиҳад, дар вилояти Суғд 105915 га ба қайд гирифта шуда ва аз он 57144 га даравида шудааст, вилояти Хатлон 135861 га ба қайд гирифта шуд ва аз он 117736 га даравида шуд. НТҶ, 54369 га ба қайд гирифта шуд ва аз он 37872 га ба қайд гирифта шуд ва аз он ғалла ҷамъоварӣ карда шуд.

На изображении может находиться: цветок, растение и природа

Нашмунамоии пахта


Тибқи маълумотҳои Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 24.07.2020 оид ба кишт, сабзиш.давраҳои афзоиш ва гузаронидани чорабиниҳои агротехники пахта мувофиқи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ майдони зиёда 186155 га, ки пурра сабзидааст 23453 га дар ҳолати аз 1 то 2 куракӣ, майдони 60522 га дар ҳолати 3-4 куракӣ, майдони 89473га дар ҳолати 5-6 куракӣ, майдони 10371га дар ҳолати аз 7 то 8 курака ва майдони 320га дар ҳолати шонабандӣ, майдони 2018 га дар ҳолати ғукунӣ қарор дорад.
Кишоварзон бо риояи корҳои агротехникӣ дар майдони 795764 га коркарди байни қаторҳо ва дар майдони 436781га озуқадиҳӣ гузарониданд.

На изображении может находиться: 1 человек, стоит, толпа, дерево и на улице

Ярмарка – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бахшида ба
ҷашни Иди Қурбон

Бо ташабуси Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқҳои касабаи дастгоҳи марказӣ санаи 29.07.2020 бахшида ба ҷашни Иди Қурбон ярмарка – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир гардид.
Ярмаркаи мазкур дар назди бинои Вазорат аз ҷониби корхонаҳои зертобеъ – КВД «Саноати парандапарварии Тоҷикистон», КВД «Асали Тоҷикистон», МД «Комиссияи давлатии озмоиши навъҳо», КВД «Тоҷикниҳолпарвар» баргузор гардид, ки дар он маҳсулотҳои кишоварзии пиёз, помидор, бодиринг, тарбуз, гушти мурғ, тухми мурғ, асал ангур, шафтолу ва ғайраҳо бо нархҳои нисбатан арзон пешниҳод карда шуд.
Лозим ба ёдоварист, ки чунин ярмарка – фурўши маҳсулоти кишоварзӣ мутаносибан дар арафаи тамоми ҷашну маросимҳои миллӣ аз ҷониби Вазорати кишоварзӣ баргузор мегардад, ки қадами муҳим барои татбиқи ҳадафи стратегии мамлакат ба ҳисоб меравад.

 

Техникаи кишоварзӣ


Бо мақсади сари вақт ҷамъоварӣ намудани ҳосили зироатҳои кишоварзӣ ва дар мӯҳлати хуби агротехникӣ гузаронидани кишти такрорӣ тибқимаълумоти оморӣ ба ҳолати 01.07.2020 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории соҳаи кишоварзӣ 27540 адад трактори гуногунтамға мавҷуд буда, аз он 1746 адад трактори шудгоркунанда мебошад. Инчунин 1058 адад комбайни ғалладарав, 9021 адад ядаки тракторӣ, 10000 адад испори тракторӣ, 2343 адад тухмипошакҳо, аз он ҷумла 1997 адад тухмипошаки пахта, 3248 адад култиватор, 1342 адад достҳои такторӣ (косилка), 711 адад тойбанду-тагрезчин, 18 адад комбайни ҷуворимаккағундор, 155 адад комбайни хўроки чорвоғундор ва дигар мошинолоти кишоварзӣ мавҷуд мебошанд, дар корҳои саҳроӣ истифода гардида истодааст.
Ҳамзамон қайд кардан зарур аст, ки ҷиҳати расонидани кўмаки амалӣ ба хоҷагиҳои кишоварзӣ дар рафти гузаронидани кишт ва ҷамъоварии ҳосили зироатҳои кишоварзӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 85 адад Марказҳои хизматрасонии техникӣ таъсис дода шуда, фаъолият дорад. Аз миқдори марказҳои мавҷуда 60 адади онҳо аз тарафи Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг» таъсис дода шудааст.

 

Шуъбаи матбуот ва иттилоот 

Тамос: 235 39 23

 

 

 

Илова кунед: