Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Гузориши матбуотӣ 07.06.2022

07.06.2022

Рафти  кишти зироатҳои кишоварзӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ.

Дар асоси маълумоти Раёсати растанипарварии вазорат тибқи дурнамои сохтори кишти зироатҳои кишоварзӣ барои соли 2022 дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ дар майдони 158019 гектар кишти зироатҳои ғалладонаи тирамоҳӣ ба нақша гирифта шуда буд, ки тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 01.01.2022 дар майдони 170189 гектар кишт гузаронида шудааст, ки 108%-и иҷрои дурнаморо ташкил медиҳад.

Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварии вазорат тибқи дурнамо дар ҷумҳурӣ 114657 гектар кишти баҳории ғалладонагиҳо, 29087 гектар зироатҳои равғандеҳ, 40000 гектар картошка, 18579 гектар полезӣ, 41533 гектар сабзавот ва зироатҳои хӯроки чорво 23335 гектар мебошад.

Ба ҳолати 03.06.2022 дар ҷумҳурӣ 116016 гектар кишти баҳории ғалладонагиҳо, 23438 гектар зироатҳои равғандеҳ, 34498 гектар картошка, 17132 гектар полезӣ,  39019 гектар сабзавот ва зироатҳои хӯроки чорво 28573 гектар кишт карда шудааст.

Аз ҷумла, дар ВМКБ нақшаи кишти баҳории ғалладонагиҳо 3890 гектар, иҷро шуд 3549 гектар, картошка нақша 2000 гектар, иҷро  шуд  939  гектар, сабзавотҳо нақша 407 гектар, иҷро шуд 307 гектар, дар вилояти Суғд нақшаи кишти баҳории ғалладонагиҳо 67336 гектар, иҷро шуд 68636 гектар, зироатҳои равҳандеҳ нақша 8643 гектар, иҷро шуд 7195 гектар, картошка нақша 18500 гектар, иҷро шуд 17262 гектар, полезӣ нақша 6095 гектар, иҷро шуд 4225 гектар, сабзавотҳо нақша 9720 гектар, иҷро шуд 9328 гектар, зироатҳои хӯроки чорво нақша 8376 гектар, иҷро 15025 гектар, дар вилояти Хатлон нақшаи кишти баҳории ғалладонагиҳо 27364 гектар, иҷро шуд 22763 гектар, зироатҳои равҳандеҳ нақша 9040 гектар, иҷро шуд 8656 гектар, картошка нақша 7800 гектар, иҷро шуд 6593 гектар, полезӣ нақша 11900 гектар, иҷро шуд 12424 гектар, сабзавотҳо нақша 20520 гектар, иҷро шуд 20064 гектар, зироатҳои хӯроки чорво нақша 10999 гектар, иҷро 10589 гектар ва дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ нақшаи кишти баҳории ғалладонагиҳо 16067 гектар, иҷро шуд 21068 гектар, зироатҳои равҳандеҳ нақша 11375 гектар, иҷро шуд 7587 гектар, картошка нақша 11700 гектар, иҷро шуд 9704 гектар, полезӣ нақша 549 гектар, иҷро шуд 483 гектар, сабзавотҳо нақша 10886 гектар, иҷро шуд 9320 гектар, зироатҳои хӯроки чорво нақша 3897 гектар, иҷро 2410 гектар.

Рафти кишти пахта ва чорабиниҳои агротехникӣ дар ҷумҳурӣ

Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварии вазорат тибқи дурнамо дар ҷумҳурӣ имсол 186000 гектар кишти пахта гузаронида шавад, ба ҳолати 03.06.2022 дар  шаҳру ноҳияҳои пахтакори ҷумҳурӣ 184161 гектар кишт гузаронида шуд. Аз ҷумла, вилояти Суғд нақшаи кишти пахта 59000 гектар, иҷро шуд 59179 гектар, дар вилояти Хатлон нақшаи кишти пахта 123000 гектар, иҷро шуд 121749 гектар ва дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ нақшаи кишти пахта 4000 гектар, иҷро шуд 3233 гектар.

Рафти  кишти зироатҳои такрории кишоварзӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ.

Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварии вазорат тибқи дурнамо дар ҷумҳурӣ имсол 95961 гектар кишти такрорӣ гузаронида шавад, ба ҳолати 03.06.2022 дар  шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 7820 гектар кишт гузаронида шуд. Аз ҷумла, дар ВМКБ нақшаи кишти зироатҳои такрорӣ 73 гектар, дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироатҳои такрорӣ 19362 гектар, дар вилояти Хатлон нақшаи кишти зироатҳои такрорӣ 60600 гектар, иҷро шуд 7820 гектар ва дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ нақшаи кишти зироатҳои такрорӣ 15926 гектар.

Воридот ва вазъи техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ

Мувофиқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1 майи соли 2022 воридоти техника ва мошинолоти кишоварзӣ ба ҷумҳурӣ ҳамагӣ 647 адад техника ва мошинолоти кишоварзӣ ворид гардида, аз он: тракторҳо 237 адад, комбайни ғалладарав 8 адад, испори тракторӣ 134 адад, мошини алафдаравӣ 6 адад, кулухмайдакунак (фреза) 12 адад, култиватор 4 адад, тойбанду тагрезчин 41 адад, дорупошак адад, нурипошак 5 адад, картошкаканак 3 адад ва картошкашинонак 12, алафдаравак 15 адад.

Тибқи маълумотҳои оморӣ оид ба вазъи техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ ба ҳолати 01.05.2022 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 27405 адад тракторҳои  гуногунтамға мавҷуд буда, 75%-и он омодаи кор мебошад. Аз он 1593 адад тракторҳои шудгоркунанда, 1090 адад комбайни ғалладарав, 8848 адад ядакҳои тракторӣ, 10275 адад испорҳои тракторӣ, 3385 адад култиваторҳо, 2302 адад тухмипошакҳо аз он: 1887 адад тухмипошакҳои пахта, 1464 адад достҳои тракторӣ, 804 адад тойбанду тагрезчин, 141 адад комбайнҳои хӯроки чорвоғундор, 21 адад комбайнҳои ҷуворимаккағундор, 467 адад картошкаканакҳо, 191 адад картошкашинонакҳо, 36 адад мошини пахтачинӣ ва 289 адад алафҷамъкунакҳо дар кишту кор иштирок намуда истодаанд.

Шуъбаи матбуот ва иттилоот

Тел: 2-35-39-23

 

 

Илова кунед: