Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем, яъне масъалаи озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Гузориши матбуотӣ 11.02.2022

14.02.2022

        Рафти шудгор, кишти  тирамоҳӣ ва зироатҳои барвақтӣ

      Дар асоси малумотҳои Раёсати растанипарварии вазорат барои истеҳсоли соли 2022 тибқи дурнамои сохтори кишти зироатҳои кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ бояд дар майдони 611797 гектар шудгор ва дар майдони 158019 гектар кишти тирамоҳӣ ва барвақтии зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шавад.

      Ба санаи 11.02.2022 кишоварзони ҷумҳурӣ дар майдони 571348 га шудгор ва дар майдони  170189 га кишти тирамоҳӣ гузаронидаанд, ки  рафти корҳои саҳроӣ бо маром идома дорад.

              Коркарди тирамоҳу зимистон ва аввали баҳор бар зидди 

                     зараррасону касалиҳои боғу токзор

      Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ ба санаи 11.02.2022 коркарди тирамоҳу зимистон ва аввали баҳор бар зидди зараррасону касалиҳои боғ токзор дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ оғоз ёфта, дар майдони умумии боғҳо, ки 136159,2 гектарро ташкил медиҳад, коркарди байни қаторҳо 31738 га, буридани навдаҳо 35283 га ва коркарди кимиёӣ  12151 га гузаронида шуда, аз майдони умумии токзор, ки 30169,2 га мебошад коркарди байни қаторҳо 6551 га, буриши навдаҳо 7304 га ва коркарди кимиёвӣ дар 3335 га гузаронида шудааст.

                           Яхобмонии боғу токзорҳо ва заминҳои кушод

      Ба санаи 11.02.2022 оид ба майдони яхобмонии боғу токзорҳо ва заминҳои кушод дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ тибқи маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварии вазорат дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ майдони 65477 га-ро ташкил дода, аз он майдони 48190 га боғ ва майдони  10271 га токзор буда, шўршавии заминҳо майдони 7016 гаро дар бар мегирад.

Вилояти Хатлон майдони яхобмонӣ 23276 га, аз он майдони боғҳо 15228 га, токзор 2310 га ва шўршўии заминҳо 5738 аст. Вилояти Суғд майдони яхобмонӣ 21101 га, аз он майдони боғҳо 15228 га, токзор 3785 га ва шўршўии заминҳо 2224 га мебошад. Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ майдони яхобмонӣ 17451 га, аз он майдони боғҳо 12407 га, токзор 5044 га аст. ВМКБ майдони яхобмонӣ 350 га буда майдони боғҳо 350 гаро ташкил медиҳад.

Шуъбаи матбуот ва иттилоот

Тел: 2-35-39-23

Илова кунед: