Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Гузориши матбуотӣ ба санаи 29.07.2022

30.07.2022

Рафти чорабиниҳои агротехникии пахта дар ҷумҳурӣ

Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварии вазорат тибқи дурнамои сохтори кишт дар ҷумҳурӣ имсол 186000 гектар кишти пахта бояд гузаронида мешуд. 

Дар  шаҳру ноҳияҳои пахтакори ҷумҳурӣ тибқи маълумоти омории 4-кишоварз 181822 гектар кишти пахта гузаронида шуд. Аз ҷумла, вилояти Суғд нақшаи кишти пахта 59000 гектар, иҷро шуд 57199 гектар, дар вилояти Хатлон нақшаи кишти пахта 123000 гектар, иҷро шуд 121733 гектар ва дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ нақшаи кишти пахта 4000 гектар, иҷро шуд 2890 гектар мебошад

Ҳамзамон гузаронидани чорабиниҳои агротехникии пахта аз ҷумла коркарди байни қаторҳо, озуқадиҳӣ ва оби сабзиш мувофиқи талаботи зарурӣ дар ҳамаи майдонҳои пахтазори ҷумҳурӣ ба роҳ монда шудааст.

Рафти ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо дар ҷумҳурӣ.

Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварии вазорат майдони кишти ғалладонагиҳо тибқи маълумоти омории 4-кишоварз дар ҷумҳурӣ 276159 гектар буда, ба ВМКБ 4083 гектар, вилояти Суғд 85547 гектар, вилояти Хатлон 136481 гектар, Душанбе 525 гектар ва ба НТҶ 49523 гектар рост меояд.

Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 29.07.2022 майдони даравидашуда дар ҷумҳурӣ 237093 гектар буда, ба ВМКБ 299 гектар, ба вилояти Суғд 70261 гектар, вилояти Хатлон 126414 гектар, Душанбе 479 гектар ва ба НТҶ 39642 гектар ташкил медиҳад. Ҳосилнокӣ мувофиқи ҷумҳурӣ ба ҳар як  гектар 32,8 сентнер буда, ба ВМКБ 13,5 сентнер, ба вилояти Суғд 30,2 сентнер, вилояти Хатлон 35,8 сентнер, Душанбе 32,3 сентнер ва ба НТҶ 27,9 сентнер рост меояд.

Ҳосили умумии ғалладонагиҳои ҷамъоваришуда дар ҷумҳурӣ 770256 тоннаро ташкил медиҳад. 

Аз ҷумла, майдони кишти гандум 208196 гектар буда, ба ВМКБ 1583 гектар, вилояти Суғд 46153 гектар, вилояти Хатлон 122581 гектар, Душанбе 317 гектар ва ба НТҶ 37562 гектар рост меояд.

Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 29.07.2022 майдони даравидашуда дар ҷумҳурӣ 174643 гектар буда, ба ВМКБ 299 гектар, ба вилояти Суғд 25325 гектар, вилояти Хатлон 115729 гектар, Душанбе 317 гектар ва ба НТҶ 32973 гектар ташкил медиҳад. Ҳосилнокӣ мувофиқи ҷумҳурӣ ба ҳар як  гектар 34,9 сентнер буда, ба ВМКБ 13,5 сентнер, ба вилояти Суғд 36,8 сентнер, вилояти Хатлон 36,1 сентнер, Душанбе 28,1 ва ба НТҶ 29,1 сентнер рост меояд.

Ҳосили умумии гандуми ҷамъоваришуда дар ҷумҳурӣ 601266 тоннаро ташкил медиҳад.

Рафти  ҷамъоварии картошка дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ.

Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварии вазорат майдони кишт тибқи маълумоти омории 4-кишоварз дар ҷумҳурӣ 34659 гектар буда, ба ВМКБ 1270 гектар, вилояти Суғд 16215 гектар, вилояти Хатлон 6573 гектар ва ба НТҶ 10601 гектар рост меояд.

Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 29.07.2022 майдони ҷамъовари кардашуда дар ҷумҳурӣ 11110 гектар буда, ба ВМКБ 15 гектар, ба вилояти Суғд 2701 гектар, вилояти Хатлон 5901 гектар ва ба НТҶ 2493 гектар ташкил медиҳад.  Ҳосилнокӣ мувофиқи ҷумҳурӣ ба ҳар як гектар 183 сентнер буда, ба ВМКБ 186 сентнер, ба вилояти Суғд 176 сентнер, вилояти Хатлон 176 сентнер ва ба НТҶ 207 сентнер рост меояд.

Ҳосили умумии картошкаи ҷамъоваришуда дар ҷумҳурӣ 203501 тоннаро ташкил медиҳад.

Рафти  ҷамъоварии сабзавот дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ.

 Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварии вазорат майдони кишт тибқи маълумоти омории 4-кишоварз дар ҷумҳурӣ 38422 гектар буда, ба ВМКБ 410 гектар, вилояти Суғд 9108 гектар, вилояти Хатлон 20687 гектар ва ба НТҶ 8218 гектар рост меояд.

Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 29.07.2022 майдони ҷамъоваришуда, дар ҷумҳурӣ 28077 гектар буда, дар ВМКБ 6 гектар, дар вилояти Суғд 3014 гектар, дар вилояти Хатлон 18756 гектар ва НТҶ 6301 гектар ташкил медиҳад. Ҳосилнокӣ мувофиқи ҷумҳурӣ ба ҳар як гектар 310 сентнер буда, ба ВМКБ 208 сентнер, ба вилояти Суғд 261 сентнер, вилояти Хатлон 324 сентнер ва ба НТҶ 290 сентнер рост меояд.

Имрӯзҳо кишоварзони мамлакат аз ҳисоби умумии ҳосили сабзавот, ки 869561 тоннаро ташкил медиҳад: 408669 тонна пиёз, 41559 тонна карам, 147414 тонна помидор, 99826 тонна бодаринг, 79609 тонна сабзӣ ва 92484 тонна дигар намуди сабзавот рост меояд.  

Рафти  ҷамъоварии полезӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ.

Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварии вазорат майдони кишт тибқи маълумоти омории 4-кишоварз дар ҷумҳурӣ 17430 гектар буда, ба вилояти Суғд 3793 гектар, вилояти Хатлон 12982 гектар ва ба НТҶ 654 гектар рост меояд.

Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 29.07.2022 майдони ҷамъоваришуда дар ҷумҳурӣ 12273 гектар буда, Суғд 1812 гектар, дар вилояти Хатлон 10324 гектар, дар НТҶ 137 гектар ва  ташкил медиҳад. Ҳосилнокӣ мувофиқи ҷумҳурӣ 284 сентнер буда, ба вилояти Суғд 134 сентнер, вилояти Хатлон 307 сентнер ва ба НТҶ 172 сентнер рост меояд.

Ҳосили умумии полезиҳои ҷамъоваришуда дар ҷумҳурӣ 348285 тоннаро ташкил медиҳад.

Рафти  ҷамъоварии меваю ангур дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ.

Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 29.07.2022 дар ҷумҳурӣ ба миқдори109271 тонна мева ҷамъоварӣ карда шудааст. То имрӯз ҷамъоварии мева ба ВМКБ 391 тонна, ба вилояти Суғд 39585 тонна, ба вилояти Хатлон 55566 тонна, ба НТҶ 13729 тонна  рост меояд. 

Аз ҷумла, дар ҷумҳурӣ ба миқдори 11752 тонна ангур ҷамъоварӣ карда шудааст. То имрӯз ҷамъоварии ангур ба вилояти Суғд 100 тонна, ба вилояти Хатлон 3665 тонна, ба НТҶ 7987 тонна  рост меояд. 

Рафти  кишти такрории зироатҳо дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ.

Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварии вазорат тибқи дурнамо дар ҷумҳурӣ имсол 95961 гектар кишти такрорӣ гузаронида шавад, тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 29.07.2022 дар  шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 99332 гектар кишт гузаронида шуд.

Аз ҷумла, дар ВМКБ нақшаи кишти зироатҳои такрорӣ 73 гектар, иҷро шуд 53 гектар, дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироатҳои такрорӣ 19362 гектар буда, иҷро шуд 20575 гектар, дар вилояти Хатлон нақшаи кишти зироатҳои такрорӣ 60600 гектар буда, иҷро шуд 61844 гектар ва дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ нақшаи кишти зироатҳои такрорӣ 15926 гектар буда, иҷро шуд 16913 гектар мебошад.

Рафти  ҷамъоварии хӯроки чорво дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ.

Дар асоси маълумотҳои Раёсати чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва замбуриасалпарварии вазорат тибқи дурнамо дар ҷумҳурӣ имсол 1997990 тонна хӯроки дурушт ва 100280 тонна хӯроки ширадор ҷамъоварӣ карда шавад. Аз ҷумла, тибқи дурнамо дар ВМКБ 55200 тонна хӯроки дурушт, вилояти Суғд 580150 тонна хӯроки дурушт ва 24300 тонна хӯроки ширадор, дар вилояти Хатлон 940430 тонна хӯроки дурушт ва 47600 тонна хӯроки ширадор ва дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ 422210 тонна хӯроки дурушт ва 28380 тонна хӯроки ширадор ҷамъоварӣ карда шавад.

Дар асоси маълумотҳои Раёсати чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва замбуриасалпарварии вазорат ба санаи 29.07.2022 дар ҷумҳурӣ 1389848 тонна хӯроки дурушт ва 100280 тонна хӯроки ширадор ҷамъоварӣ карда шуд. Аз ҷумла, дар ВМКБ 10300 тонна хӯроки дурушт, вилояти Суғд 311049 тонна хӯроки дурушт, дар вилояти Хатлон 812580 тонна хӯроки дурушт ва 5853 тонна хӯроки ширадор ва дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ 255919 тонна хӯроки дурушт ва 1612 тонна хӯроки ширадор ҷамъоварӣ карда шавад.

Воридот ва вазъи техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ.

Мувофиқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1 июли соли 2022 воридоти техника ва мошинолоти кишоварзӣ ба ҷумҳурӣ ҳамагӣ 932 адад техника ва мошинолоти кишоварзӣ ворид гардида, аз он: тракторҳо 411 адад, комбайни ғалладарав 24 адад, испори тракторӣ 134 адад, мошини алафдаравӣ 9 адад, кулухмайдакунак (фреза) 12 адад, култиватор 4 адад, тойбанду тагрезчин 73 адад, дорупошак 22 адад, нурипошак 7 адад, картошкаканак 3 адад ва картошкашинонак 12, алафдаравак 15 адад. Тибқи маълумотҳои оморӣ оид ба вазъи техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ ба ҳолати 01.07.2022 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 27479 адад тракторҳои  гуногунтамға мавҷуд буда, 75%-и он омодаи кор мебошад. Аз он 1590 адад тракторҳои шудгоркунанда, 1101 адад комбайни ғалладарав, 8824 адад ядакҳои тракторӣ, 10290 адад испорҳои тракторӣ, 3389 адад култиваторҳо, 2302 адад тухмипошакҳо аз он: 1885 адад тухмипошакҳои пахта, 1478 адад достҳои тракторӣ, 823 адад тойбанду тагрезчин, 140 адад комбайнҳои хӯроки чорвоғундор, 19 адад комбайнҳои ҷуворимаккағундор, 468 адад картошкаканакҳо, 192 адад картошкашинонакҳо, 36 адад мошини пахтачинӣ ва 292 адад алафҷамъкунакҳо дар кишту кор иштирок намуда истодаанд.

Шуъбаи матбуот ва иттилоот

Тел: 2-35-39-23

Илова кунед: