Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем, яъне масъалаи озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Гузориши матбуоти

19.07.2021

             Давраи афзоиш ва корҳои агротехникии пахта

            Дар асоси маълумоти фаврии Раёсати растанипарварӣ оид ба чорабиниҳои агротехникии пахта  то санаи 19.06.2021 дар ҷумҳурӣ  майдони 177084 гектар кишти пахта гузаронида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2891 гектар зиёд мебошад

         Айни замон майдони пахтазор дар ҳолати куракбандӣ буда, чорабиниҳои агротехникӣ дар он мувофиқи талабот ба роҳ монда шудааст.

         Имрўзҳо майдони 17019 гектари он дар ҳолати гулкунӣ, майдони 57065 гектар дар ҳолати 1-2 куракбандӣ, майдони 61026 гектар дар ҳолати 3-4,  майдони 41536 гектар дар ҳолати 5-6 ва зиёда аз он куракбандӣ қарор дорад, ки он аз фаровонҳосилӣ дарак медиҳад.

Инчунин,  майдони 655894 гектар аз 1-5 маротиба  коркарди байни қаторҳо ва  майдони 393251 гектар озуқадиҳӣ 1-3 таъмин карда шудааст.    

         Аз майдони умумии кишт  дар вилояти Суғд 52782 га , вилояти Хатлон 121236 га ва НТҶ дар майдони 3006 га  кишт гузаронида шудааст.

        Ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо

       Тибқи маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ имрўзҳо дар қумҳурӣ маъракаи ҷамъоварии ҳосили зироатҳои ғалладонагиҳо бо суръат идома дорад. Кишоварзон тавонистанд то санаи 16.07.2021 майдони 195959 гектарро ҷамъоварӣ намуда,  майдони 191697 гектарро сари вақт ва беталаф куфта шудааст, ки ҳосили умумии он 600159 тоннаро ташкил медиҳад.

Имсол кишоварзони вилояти Хатлон дар майдони  ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо пешсаф буда, 113893 гектарро ҷамъоварӣ намуданд, ки ҳосили умумии ҷамъоварикардашуда 407756 тоннаро ташкил дода,  92 % -и  иҷроиши дурнаморо ташкил  медиҳад.

Барои сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили ғалладонагиҳо, дар ҷумҳурӣ 1086  адад комбайнҳои ғалладарав мавҷуд буда,  177 адади он дар ҷамъоварии ғалладонагиҳо  мавриди истифодабарӣ қарор дорад.   

     Ҷамъоварии ҳосили картошка

        Тибқи маълумоти фаврӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии ҷумҳурӣ дар майдони 35247 гектар кишти картошка гузаронида шуда буд.  То санаи 16.07.2021 дар ҷумҳурӣ майдони 9815 гектар картошказор ҷамъоварӣ карда шуд, ки ҳосили умумии ҷамъоварикардашуда 169198 тоннаро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 60249 тонна зиёд мебошад. Вилояти Суғд аз майдони 2231 гектар 35071 тонна картошка ҷамъоврӣ карда шудааст, ВМКБ аз майдони 1271 гектар 41 тонна картошка ва НТҶ бошад аз майдони 10241 гектар 37709 тонна картошка ҷамъоварӣ карда шудааст.

      Ҷамъоварии ҳосили  сабзавотҳо

        Мувофиқи маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ соли ҷорӣ дар майдони 38577 гектар кишти сабзавот  гузаронида шуд, ки то санаи 16.07.2021 майдони 25580 он ҷамъоварӣ карда шудааст. Айни замон дар ҷумҳурӣ ба миқдори 758895 тонна сабзавот  ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1971 тонна зиёд мебошад. Ҳоло зироатҳои сабзавотӣ  дар саҳро хуб нашъунамо дошта, ҳосилнокии ҳама намуди сабзавот  фаровон аст.

Аз он ҷумла 436231 тонна пиёз, 30660 тонна карам, 104927 тонна помидор, 73472 тонна бодиринг ва 71246 тонна дигар сабзавот ҷамъоварӣ карда шуд.    

         Ҳосилнокии полизиҳо меафзояд

          Мувофиқи маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарваӣї соли ҷорӣ дар майдони 18007 гектар кишти полизиҳо    гузаронида шуд, ки то санаи 16.07.2021 майдони 10512 гектари он ҷамъоварӣ карда шудааст.      Айни замон дар ҷумҳурӣ ба миқдори 289606 тонна полизӣ  ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1092 тонна зиёд мебошад. Ҳоло зироатҳои полизӣ   дар саҳро хуб нашъунамо дошта, ҳосилнокии ҳама намуди полизӣ   фаровон аст.

       Истеҳсоли меваю ангур

        Тибқи маълумотҳои фаврӣ дар ҷумҳурӣ то санаи 16.07.2021 ба миқдори 96832 тонна мева ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16559 тонна зиёд мебошад. То имрўз ҷамъоварии мева дар ҷумҳурӣ бомаром идома дошта, кишоварзони вилояти Суғд 35914 тонна, вилояти Хатлон 52528 тонна ва НТҶ 8390 тонна саривақт ва беталаф мева ҷамъоварӣ намуданд.

           Имсол кишоварзони ҷумҳурӣ маъракаи ҷамъоварии меваҳоро вусъат бахшида, ҳосили хуб ба даст оварданд. Ҷамъоварии ҳосили ангур низ муташаккилона идома дошта, то санаи 16.07.2021 дар ҷумҳурӣ 1899 тонна ангур ҷамъоварӣ карда шуд.

 

Шуъбаи матбуот ва иттилоот

 

 

Илова кунед: