Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Харитаи технологии зироатҳои кишоварзӣ таҳия шуд

13.04.2021
Бо мақсади расонидани кӯмаки машваратӣ ба хоҷагиҳои кишоварзӣ ҷиҳати ба нақшагирии кишти зироатҳои кишоварзӣ, рӯёнидани ҳосили баланд, аз як қитъаи замин гирифтани на як-ду балки се-чор ҳосил ва гирифтани даромади дилхоҳ Харитаи технологии зироатҳои кишоварзӣ аз ҷониби Муассисаи давлатии «Стансияи ҷумҳуриявии меъёрию таҳқиқотии меҳнат»-и Вазорати кишоварзӣ бо супориши Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардид.
Тасдиқи ин масъала зимни баргузории ҷаласаи якуми Шӯрои илмӣ-техникии Вазорати кишоварзӣ амалӣ гардида, аз ҷониби Раиси Шӯрои илмӣ-техникӣ, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода С.Р. пешниҳод шуд, ки лоиҳаи "Харитаи технологии зироатҳои кишоварзӣ"-и  Муассисаи давлатии «Стансияи ҷумҳуриявии меъёрию таҳқиқотии меҳнат»-и Вазорати кишоварзӣ чоп ва ба хоҷагидорон пешниҳод карда шавад.
Бояд тазаккур дод, ки дар раванди гузаронидани ислоҳот дар соҳаи кишоварзӣ шумораи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1 январи соли 2020 зиёда аз 172 ҳазор ададро ташкил медиҳад.
Харитаи технологии зироатҳои кишоварзӣ дар мисоли парвариши зироатҳои кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ парваришшаванда оварда шудааст, ки оид ба баланд бардоштани сатҳи дониши банақшагирӣ ва малакаи корбарии хоҷагиҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.
Аз ин лиҳоз, батанзимдарорӣ ва тафриқабандии қисмати асосии тарифии музди меҳнати кормандони хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) (минбаъд хоҷагиҳо) дар асоси Тавсияҳо оид ба ташкили низоми пардохти музди меҳнат дар асоси Тавсияҳо оид ба ташкили низоми пардохти музди меҳнат дар асоси Ҷадвали ягонаи тарифӣ (ҶЯТ), аз ҷониби Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 сентябри соли 2003 тасдиқ карда шуда, бо Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон аз 23 сентябри соли 2003, №03/288 мувофиқа карда шудааст, амалӣ мешавад. Тарифабандии кор ва кормандон мувофиқи Таснифгари умумиҷумҳуриявии ихтисоси кормандон, вазифаҳои хизматчиён ва дараҷаҳои тарифӣ, ки аз 30 марти соли 2004, №24 бо қарори Ҳайати мушовараи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва ба нашр тавсия гардида, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷкистон 27 майи соли 2004, №116 ба қайд гирфта шудааст, муқаррар карда мешавад.
 
Шуъбаи матбуот ва иттилооти 
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Илова кунед: