Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем, яъне масъалаи озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

ХОҶАГИҲО БО ТУХМИИ ХУШСИФАТИ КАРТОШКА ТАЪМИНАНД

14.05.2020

Бо мақсади таъмини хоҷагиҳо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли чорӣ ба воситаи Фонди Оғохон ба ҷумҳурӣ 509, 28 тонна тухми репрудуксионии навъи "Бигроза" ворид намуда, ба хоҷагиҳои вилоятҳои Суғд 118,780 тонна, Хатлон 75,50 тонна, ВМКБ 208 тонна ва водии Рашт 107 тонна дастрас намудааст.

Илова ба он аз тарафи Ташкилоти озуқа ва кишоварзии Созмони Миллали Муттаҳид (ФАО ООН) 80 тонна картошкаи тухмии навъи "Ред скарлет" ворид гардида, 30 тонна ба ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд ва 50 тонна ба ноҳияҳои водии Рашт таъмин карда шуд.

Ин тадбирҳои сари вақтӣ имконият фароҳам овард, ки ба ҳолати 13.05.2020с. дар ҷумҳурӣ 25088 га кишти картошка амалӣ шудааст, ки тибқи нақшаи дурнамо 63,9 % -ро ташкил медиҳад.

Ҳамаи ин омилҳоро ба инобат гирифта Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хоҷагидорони кишвар таъкид месозад, ки ҷиҳати самаранок истифода бурдани ҳар порча замин саҳми арзандаи худро гузоранд. Зеро ҳеҷ кас монанди деҳқон забони замин, набзи замин ва талаби заминро дарк карда наметавонад.

 

Шуъбаи матбуот ва иттилооти

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Илова кунед: