Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем, яъне масъалаи озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Идҳои "Каду, харбузаву тарбуз ва ангур"

05.09.2021
           Бо мақсади таъмини иҷрои босамари Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2020 оид ба баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 05.09.2021 дар Муассисаи давлатии илмии "Боғи ботаникии Тоҷикистон"-и шаҳри Душанбе Идҳои “Каду, харбузаву тарбуз ва ангур"-ро бо мақсади тарғиби рушди маҳсулоти кишоварзӣ, муаррифии дастранҷи деҳқон, эҳё намудани анъанаҳои парвариши каду, харбузаву тарбуз, ангур ва дигар анвои меваҷот, инчунин баҳрабардорӣ аз таҷрибаи хуби деҳқонони мамлакат баргузор намуд.
          Дар ид ва намоиш – фурӯш, Сардори раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабурзода Мирзодавлат Абдолӣ, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ, муовини раиси шаҳри Душанбе Умед Гуреззода , Вазорати кишоварзӣ ва дигар роҳбарону сардорони корхонаҳои марбута, Академияи илмҳои кишоварзӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур, Сардорони Сарраёсат ва раёсатҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо кишоварзон ва сокинону меҳмонони пойтахт иштирок намуданд.
        Маросими Идҳои “Каду, харбузаву тарбуз ва ангур"-ро Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ, ифтитоҳ намуда, сипас сухани табрикотиро ба Сардори раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабурзода Мирзодавлат Абдолӣ дар ихтиёр гузоштанд. Сардори раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кишоварзонро ба муносибати ҷашн табрик намуда, аз дастовардҳои соҳа ибрози назар намуданд.
        Дар идомаи ҷашн барои иштироки фаъолона дар Идҳои “Каду, харбузаву тарбуз ва ангур" ба як қатор кишоварзони ҷумҳурӣ, ки дар ҷашни инрӯза ғолиб омаданд, аз рӯи номинатсияҳои - «Хоҷагии кадупарвари беҳтарин», «Намоиши беҳтарини каду», «Кадуи калонтарин», «Хоҷагии беҳтарини полизипарвар», «Намоиши беҳтарини полизиҳо», «Харбузаи калонтарин», «Тарбузи калонтарин», «Хоҷагии беҳтарини ангурпарвар», «Гушаи намоиши беҳтарин бо муаррифии навъҳои гуногуни ангур» ва «Хушаи калонтарини ангур» диплом ва тӯҳфаҳо тақдим карда шуд.
       Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ҳисор, Шаҳринав, Рӯдакӣ, Варзоб, Файзобод, Ваҳдат, Нуробод, Роғун, Сангвор, Рашт, Тоҷикобод ва Лахш бо “Сипоснома” сарфароз гардонида шуданд.
       Дар фестивал – намоиши мазкур беш аз 15 намуди каду, харбузаву тарбуз ва ангур, бо рангу мазза ва шаклҳои гуногун ба намоиш гузошта шуд, ки як дона каду то 45-50, тарбуз то 40-50, харбуза то 35-40 киллограм вазн ва 1 хӯшаи баъзе ангурҳо то 6 киллограмро ташкил медиҳад.
        Инчунин, хӯрок ва шириниҳои гуногун аз каду, харбузаву тарбуз ва ангур омодашуда, гӯшаи тавсиядиҳии олимону мутахассисон ба намоиш гузошта шуд.
         Дар фарҷоми чорабинӣ сарояндагони мумтоз бо савту навои дилнишини худ хотири ҳозирин ва меҳмононро болида намуданд.
 
 
Шуъбаи матбуот ва иттилоот
Тамос: 235 38 63

Илова кунед: