Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем, яъне масъалаи озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Иштирок дар Ҳамоиши Авруосиё

02.12.2021

     Санаи 2 декабри соли равон дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия бо ташаббуси Бонки авруосиёи рушд  дуюмин Ҳамоиши Авруосиё баргузор гардид, ки дар он Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон ба таври маҷозӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

     Дар ҳамоиши мазкур Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Қирғизистон, Вазири рушди иқтисоди Ҷумҳурии Арманистон, муовинони вазири кишоварзии ҷумҳуриҳои Белорусия, Қазоқистон ва Федератсияи Россия, муовини директори генералии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ ва коршиносони бахши хусусӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

     Дар чаҳорчӯбаи Ҳамоиш тарафҳо оид ба масъалаҳои  таъмини амнияти озуқаворӣ, механизми ягонаи транзитии молу хизматрасонӣ дар қаламрави Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, фаъолияти системаи нақлиётию логистикии маҳсулоти озуқаворӣ, дурнамои таъсис ва нақши Шабакаи ягонаи муосири таҳвили маҳсулоти кишоварзиро баррасӣ намуданд.

     Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон ҷонибдории хешро доир ба масъалаҳои рӯзнома иброз намуда,  оид ба таъсиси як ҳавзаи истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, содиркунандагон, воридкунандагон, харидорон ва ширкатҳои логистикӣ,  афзоиши ҳаҷми муомилоти молу маҳсулот байни кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва дар сатҳи бо ҳам баланд ба роҳ мондани ҳамкориҳо пешниҳод карда шуд.

   Шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Илова кунед: