Дар ҷумҳурӣ тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 01.11.2020 нишондиҳандаҳои асосии соҳаи чорводорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 9891855 сар паранда парвариш меёбад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта саршумор 1304508 сар афзоиш ёфтааст.
Мувофиқи ахборот дар ҷумҳурӣ 785401,1 ҳазор дона тухм истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 223337,3 ҳазор дона (139,7 %) зиёд мебошад.
Дар Ярмака-фурӯши маҳсулоти кишоварзи, ки дар назди дар «Бозори Саховат», Боғи «Куруши Кабир», бозори «Меҳргон», маҳаллаи «Қарияи боло», «Бозори Ховарон» - и шаҳри доир мегарданд, нархи тухм тибқи мониторинги гузаронидаи Раёсати сиёсати аграрӣ ва мониторинги амнияти озуқавории Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 14.12.2020 маҳсулоти ниёзи аввалия, аз ҷумла, тухм 1,00 сомонӣ ва гӯшти мурғ 23 сомонӣ ба фурӯш гузошта шудааст.
Шуъбаи матбуот ва иттилооти
Вазорати кишоварзӣ